Гузоришҳо аз тирандозӣ дар Каракас ва эҳтимоли кудато
Ахбори байналмилал
Шоми имрӯз дар чанд нуқтаи шаҳри Каракас, пойтахти Венесуэла, садои тирпарронӣ шунида шуд ва бархе манобеи маҳаллӣ аз рух додани нооромӣ дар пойтахт хабар медиҳанд.
Бар асоси гузоришҳои аввалия, неруҳои амниятӣ дар баъзе минтақаҳо ба ҳолати омодабош даромадаанд ва ҳаракати низомиён дар кӯчаҳои асосии шаҳр афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое дар бораи эҳтимоли кудато ва талош барои тағйири қудрат дар Венесуэла нашр мешаванд.
Мақомҳои расмии ин кишвар то ҳол ба таври расмӣ ҷузъиёти ҳодисаро тасдиқ ё рад накардаанд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки вазъ ҳамчунон норавшан аст ва барои қазовати дақиқ бояд мунтазири иттилооти расмӣ монд.
Вазъияти амниятӣ дар Каракас аз наздик пайгирӣ мешавад ва интизор меравад мақомоти давлатӣ дар соатҳои наздик дар ин бора мавзеъгирӣ кунанд.
Қаламонлайн
qalamonline.net













