Ҳамалоти Сипоҳ ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Баҳрайн ва Кувайт
Ахбори байналмилал
Баёнияи Сипоҳи Посдорон дар мавриди ҳамалоти бомдоди имрӯзи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои Омрико дар Баҳрайн ва Кувайт
Ба гузориши Тобнок, Сипоҳи Посдорони Ҷ.И.Эрон баёнияе бад-ин шарҳ мунтаир кард:
“Соати 1:30 бомдоди имрӯз чаҳор фарванд нафткаши мутахаллиф, бо таҳрик ва ҳидояти артиши мутаҷовизи Омрико бидуни ҳамоҳангӣ ва бидуни тавваҷӯҳ ба ҳушдорҳои мукаррари нерӯи дарёии Сипоҳ, қасди хуруҷи ғайриқонунӣ аз тангаи Ҳурмузро доштанд, ки пас аз ҳушдор, яке аз нафткашҳо мавриди ҳадаф воқеъ шуда ва мутаваққиф шуд ва дигар шиноварҳои мутахаллиф ба ақиб баргаштанд.
Ба дунболи ин воқеа, соати 2:30 бомдод, паҳподҳои омрикоӣ як дакали мухобиротӣ дар Қишм ва як дакалро дар Сирик мавриди исобат қарор доданд. Дар посух ба таҷовузи артиши кӯдаккуши Омрико, билофосила ду пойгоҳи ҳавоии Омрико дар Кувайт ба номҳои Алӣ Ас-солим ва таъсисоти муҳимми боқимонда дар новгони панҷуми нерӯи дарёии Омрико дар Баҳрайн ҳадафи оташи мушакҳои болистики нерӯи ҳавофазои Сипоҳ воқеъ шуданд.
Ба душмани мутаҷовиз ва кӯдаккуш ҳушдор медиҳем, ки дар сурати такрори ин шароратҳо, ба посухи маҳдуд иктифо нахоҳад шуд. Масъули авоқиби баста шудани комили тангаи Ҳурмуз ба рӯйи хуруҷи нафту гози шумо хоҳед буд.”
Қаламонлайн













