Гуле дар панҷаи бод…

Адаб
Гулрухсор
ГУЛЕ ДАР ПАНҶАИ БОДЕ…
Азизам!
Шеъри ман фарзанди ишқи туст,
Бимирам аз азоби дарди тавлидаш.
Умеди ноумеди ман падар дорад,
Вале гирён бувад аз рӯи нодидаш.
Ба ҷои ту хаёлатро ҳамебӯсам!
Азизам!
Умри ман чун лахчаи сард аст,
Худ оташзода асту куштаи оташ.
Нигоҳам мерамад,
набзам намерақсад,
Намехандад гули пажмурдаи оташ.
Ба ҷои ту хаёлатро ҳамебӯсам!
Азизам!
Боди наврӯз наоварда,
Барои гул паёми гулнисоратро.
Ба китфи пуштаҳо бодом афшонад
Гулоби ғунчаи ҳузну хуморатро.
Ба ҷои ту хаёлатро ҳамебӯсам!
Азизам!
Дар шаби ғамзои танҳоӣ,
Ба ҷои ту хаёлатро ҳамебӯсам.
Бубинам дар фазо рақси парастуе,
Парастуи висолатро ҳамебӯсам.
Ба ҷои ту хаёлатро ҳамебӯсам!
Азизам!
Оламе шеъри маро хонад,
Чу пайғоми ҳазини яккафарёде.
Гуле бинӣ агар дар панҷаи боде,
Зи Гулрухсори пазмонат бикун ёде!
Ба ҷои ту хаёлатро ҳамебӯсам!
Ба ҷои ту хаёлатро ҳамебӯсам,
Парастуи висолатро ҳамебӯсам…
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нахустин ҳамоиши тиҷории корофаринони Тоҷикистон ва Словакия
Исроил сафорати худро дар Туркманистон таъсис намуд

Матолиби пурбоздид