Нигоҳе мухтасар ба зиндагонии Паёмбар(с)

Таърих

Нигоҳе мухтасар ба зиндагонии Паёмбар(с)

Торихи ислом

Бахши аввал

“Ҳамоно расуле аз ҷинси шумо барои (ҳидояти) шумо омад, ки фақру парешонӣ ва ҷаҳлу фалокати шумо бар ӯ сахт меояд ва бар (осоиш ва наҷоти) шумо бисёр ҳарис ва ба мӯъминон рауфу меҳрубон аст.” (Сураи Тавба, ояти 128)

***

Вилодат ва даврони кӯдакӣ

Вилодати Пайғамбари Акрам ба иттифоқи шиа ва суннӣ дар моҳи Рабиъулаввал аст, гӯ ин ки аҳли тасаннун бештар рӯзи 12-умро гуфтаанд ва шиа бештар рӯзи 17-умро, ба истиснои Шайх Кулайнӣ, соҳиби китоби “Кофӣ”, ки эшон ҳам рӯзи 12-умро рӯзи вилодат медонанд.

Расули Худо дар чӣ фасле аз сол мутаваллид шудааст? Дар фасли баҳор. Дар “Ассиратул-ҳалабийя” менависад:

وُلِدَ فی فَصْلِ الرَّبیعِ

Дар фасли рабиъ (баҳор) ба дунё омад. Баъзе аз донишмандони имрӯз ҳисоб кардаанд, то бибинанд, рӯзи вилодати Расули Акрам бо чӣ рӯзе аз айёми моҳҳои шамсӣ мунтабиқ мешавад, ба ин натиҷа расидаанд, ки 12-ум рабиъи он сол мутобиқ мешавад бо 20-уми апрел. Ва 20-уми апрел мутобиқ аст бо 31-уми фарвардин. Ва қаҳран 17-уми рабиъ мутобиқ мешавад бо 5-уми урдибиҳишт. Пас қадри мусаллам ин аст, ки Расули Акрам дар фасли баҳор ба дунё омадааст, ҳол ё 31-уми фарвардин ё 5-уми урдибиҳишт.

Дар чӣ рӯзе аз айёми ҳафта ба дунё омадааст? Шиа мӯътақид аст, ки дар рӯзи ҷумъа ба дунё омадаанд, аҳли тасаннун бештар гуфтаанд, дар рӯзи душанбе. Дар чӣ соате аз шабонарӯз ба дунё омадаанд? Шояд иттифоқи назар бошад, ки баъд аз тулӯи фаҷр ба дунё омадаанд, дар байнаттулӯайн.

Таърихчаи Расули Акрам таърихчаи аҷибе аст. Падари бузургворашон Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб аст. Ӯ писари бисёр рашид ва барозандае аст, ки ҳоло достони он масъалаи назри зибҳаш ва ин ҳарфҳо бимонад. Абдуллоҳи ҷавон ҷавоне буд, ки дар ҳамаи Макка медурахшид. Ҷавоне буд бисёр зебо, бисёр рашид, бисёр муаддаб, бисёр маъқул, ки духтарони Макка орзуи ҳамсарии ӯро доштанд. Ӯ бо мухаддара (зани боҳиҷоб) Омина духтари Ваҳб, ки аз фомили наздики онҳо ба шумор меояд, издивоҷ мекунад. Дар ҳудуди чиҳил рӯз бештар аз зифофаш намегузарад, ки ба азми мусофират ба Шом ва Сурия аз Макка хориҷ мешавад ва зоҳиран сафар сафари бозаргонӣ будааст. Дар баргаштан ба Мадина, меояд, ки хешовандони модари ӯ дар онҷо буданд ва дар Мадина вафот мекунад. Абдуллоҳ дар вақте вафот мекунад, ки Пайғамбари Акрам ҳанӯз дар раҳими (баччадони) модар аст.

Муҳаммад Саллаллоҳу алайҳӣ ва олиҳӣ ятим ба дунё меояд яъне падар аз сараш рафтааст. Ба расми он вақт, араб барои тарбияти кӯдак лозим медонистанд, ки баччаро ба мурзиъа (зани ширдиҳанда) бидиҳанд, то ба бодия бибарад ва дар онҷо ба ӯ шир бидиҳад. Ҳалимаи Саъдия (Ҳалима зане аз қабилаи Банӣ Саъд) аз бодия ба Мадина меояд, ки он ҳам достони муфассале дорад. Ин тифл насиби ӯ мешавад, ки худи Ҳалима ва шавҳараш достонҳо нақл мекунанд, ки аз рӯзе, ки ин кӯдак по ба хонаи мо гузошт, гӯӣ баракат аз замину осмон бар хонаи мо меборид. Ин кӯдак то синни чаҳорсолагӣ дур аз модар ва дур аз ҷадд ва хешовандон ва дур аз шаҳри Макка, дар бодия дар миёни бодиянишинон пеши доя зиндагӣ мекунад. Дар синни чаҳорсолагӣ ӯро аз доя мегиранд. Модари меҳрубон ин баччаро дар домани худ мегирад.

Ҳол шумо Оминаро дар назар бигиред: зане, ки шавҳари маҳбуб ва ба истилоҳ шавҳари идеале доштааст ба номи Абдуллоҳ, ки он шабе, ки бо ӯ издивоҷ мекунад, ба ҳамаи духтарони Макка ифтихор мекунад, ки ин ифтихори бузург насиби ман шудааст, ҳанӯз бачча дар раҳимаш аст, ки ин шавҳарро аз даст медиҳад. Барои зане, ки алоқаи вофир ба шавҳари худ дорад, бадеҳӣ аст, ки бачча барои ӯ як ёдгори бисёр бузург аз шавҳари азиз ва маҳбубаш аст, хусусан агар ин бачча писар бошад. Омина тамоми орзуҳои худ дар Абдуллоҳро дар ин кӯдаки хурдсол мебинад. Ӯ ҳам, ки дигар шавҳар намекунад.

Ҷаноби Абдулмутталиб, падарбузурги Расули Худо, илова бар Омина, мутакаффили ин кӯдаки кучак ҳам ҳаст. Қавму хешҳои Омина дар Мадина буданд. Омина аз Абдулмутталиб иҷоза мегирад, ки сафаре барои дидори хешовандонаш ба Мадина биравад ва ин кӯдакро ҳам бо худаш бибарад. Ҳамроҳи канизе, ки дошт ба номи Умми Айман бо қофила ҳаракат мекунад. Ба Мадина меравад ва дидори дӯстонро анҷом медиҳад. (Сафаре, ки Пайғамбари Акрам дар кӯдакӣ карда, ҳамин сафар аст, ки дар синни панҷсолагӣ аз Макка ба Мадина рафтааст.) Муҳаммад Саллаллоҳу алайҳӣ ва олиҳӣ бо модар ва канизи модар бармегардад. Дар байни роҳи Макка ва Мадина, дар манзиле ба номи “Абвоъ”, ки алъон ҳам ҳаст, модари ӯ мариз мешавад, ба тадриҷ нотавон мегардад ва қудрати ҳаракатро аз даст медиҳад. Дар ҳамон ҷо вафот мекунад. Ин кӯдаки хурдсол марги модарро дар хилоли мусофират, ба чашм мебинад. Модарро дар ҳамон ҷо дафн мекунанд ва ҳамроҳи Умми Айман, ин канизи бисёр-бисёр бовафо — ки баъдҳо зани озодшудае буд ва то охири умр хидмати Расули Худо ва Алӣ ва Фотима ва Ҳасан ва Ҳусайнро аз даст надод ва он ривояти маъруфро ҳазрати Зайнаб аз ҳамин Умми Айман ривоят мекунад ва дар хонаи аҳли байти паёмбар пиразани муҷаллалае буд — ба Макка бармегардад.

Тақрибан панҷоҳ сол баъд аз ин қазия, ҳудуди соли севвуми ҳиҷрат буд, ки Пайғамбари Акрам дар яке аз сафарҳо омад аз ҳамин манзили Абвоъ убур кунад, поин омад. Асҳоб диданд пайғамбар бидуни ин ки бо касе ҳарф бизанад, ба тарафе равона шуд.

Баъзе дар хидматаш рафтанд, то бибинанд куҷо меравад. Диданд рафт ва рафт, дар нуқтае нишаст ва шурӯъ кард ба хондани дуо ва “Ҳамд” ва “Қул ҳуваллоҳ”… Вале диданд дар тааммули амиқе фурӯ рафт ва ба ҳамон нуқтаи замин таваҷҷӯҳи хоссе дорад ва дар ҳоле, ки бо худаш мехонд, кам-кам ашкҳои нозанинаш аз гӯшаи чашмонаш ҷорӣ шуд. Пурсиданд: ё Расулаллоҳ! Чаро мегирйед? Фармуд: инҷо қабри модар ман аст, панҷоҳ сол пеш ман модарамро дар инҷо дафн кардам.

Абдулмутталиб дигар баъд аз марги ин модар, тамоми зиндагиаш Расули Акрам шуда буд ва баъд аз марги Абдуллоҳ ва арӯсаш Омина, ин кӯдакро фавқулъода азиз медошт ва ба фарзандонаш мегуфт, ки ӯ бо дигарон хеле фарқ дорад, ӯ аз тарафи Худо ояндае дорад ва шумо намедонед. Вақте, ки мехост аз дунё биравад, Абӯтолиб — ки писари аршад ва бузургтар ва шарифтар аз ҳамаи фарзандони боқимондааш буд — дид падараш як ҳолати изтиробе дорад.

Абдулмутталиб хитоб ба Абӯтолиб гуфт: ман ҳеч нигаронӣ аз мурдан надорам, ҷуз як чиз ва он сарнавишти ин кӯдак аст. Ин кӯдакро ба чӣ касе бисупорам? Оё ту мепазирӣ? Аз ноҳияи ман тааҳҳуд мекунӣ, ки кафолати ӯро ба ӯҳда бигирӣ? Арз кард: бале, падар! Ман қавл медиҳам ва кард. Баъд аз он, ҷаноби Абӯтолиб, падари бузургвори амирулмӯъминин Алӣ алайҳис салом мутакаффили бузург кардани Пайғамбари Акрам буд.

***

Мусофиратҳо

Расули Акрам ба хориҷи Арабистон фақат ду мусофират кардааст, ки ҳар ду қабл аз давраи рисолат ва ба Сурия будааст. Як сафар дар дувоздаҳсолагӣ ҳамроҳи амуяш Абӯтолиб ва сафари дигар дар бисту панҷсолагӣ ба унвони омили тиҷорат барои зане бева ба номи Хадиҷа, ки аз худаш понздаҳ сол бузургтар буд ва баъдҳо бо ӯ издивоҷ кард. Албатта баъд аз рисолат, дар дохили Арабистон мусофиратҳое кардаанд. Масалан, ба Тоиф рафтаанд, ба Хайбар, ки шаст фарсах то Макка фосила дорад ва дар шимоли Макка аст рафтаанд, ба Табук, ки тақрибан марзи Сурия аст ва сад фарсах то Мадина фосила дорад рафтаанд, вале дар айёми рисолат аз ҷазиратулараб ҳеч хориҷ нашудаанд.

Идома дорад…
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амонатдорӣ дар суханони гуҳарбори Паёмбари Акрам(с)
Эрон аз оташбас байни Русия ва Украина ҳимоят мекунад

Матолиби пурбоздид