Гулистон
“Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъйи бефоида карданд: яке он ки андӯхту нахӯрд ва дигаре он ки омӯхту накард.
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое, бар ӯ китобе чанд.
Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?”
(Саъдӣ, Гулистон)
Қаламонлайн