Дабири кулли НАТО:
Амрико бояд ба ҳимоят аз Украина идома диҳад!
Ахбори минтақа
Дабири кулли НАТО, Йенс Столтенберг таъкид кард, Амрико бояд ба ҳимоят аз Украина, дар ҷанг бо Русия идома бидиҳад.
Ӯ дар мусоҳиба бо нашрияи Политика, муддаӣ шудааст: Пирӯзии Русия дар ҷанг, барои ҳамаи мо дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ва НАТО бад хоҳад шуд, чун паёмеро барои раҳбарони худкома хоҳад фиристод, ки онҳо метавонанд бо истифода аз неруи бераҳми низомӣ, ба ҳадафҳояшон даст ёбанд.
Ӯ дар идомаи мусоҳибааш гуфтааст: Барои муттаҳидони НАТО муҳим аст, ки дар канори ҳам биистанд ва ба табаоти зуҳури Чин расидагӣ кунанд ва мо рӯи ин мавзӯъ тавофуқ дорем ва ин дақиқан ҳамон корест, ки мо анҷом медиҳем.
Ӯ таъкид намудааст, кӯмакҳои Амрико ба Украина бояд ҳифз шавад, то ҳадде ки Агар Путин дар Украина пирӯз шавад, ин як фоҷиа барои украиниҳо хоҳад буд.
Бар асоси гузоришоти Рошотудей – Russia Today, Амрико аз замони шурӯи ҷанги Русия ва Украина дар авохири моҳи феврал, қавитарин пуштибони Украина буда ва ҳама гуна ҳимоятҳои молӣ ва таслиҳотиро аз Киев ба амал овардааст.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн