Агар ҳадаф шикасти Эрон буд, пас чаро имрӯз сухан аз бозсозии Эрон меравад?

Таҳлили хабарӣ

Агар ҳадаф шикасти Эрон буд, пас чаро имрӯз сухан аз бозсозии Эрон меравад?

Ёддошти Муҳаммадиқболи Садриддин

Аз Обама то Трамп: кӣ бештар ба Эрон дод? Трамп ҷанг кард, арабҳо 300 миллиард мепардозанд!

Соли 2015 вақте ки Барак Обама созиши ҳастаиро бо Эрон имзо кард ва сухан аз 1,7 миллиард доллар мерафт, Доналд Трамп онро яке аз бадтарин созишҳои таърихи Амрико номид. Ӯ Обамаро муттаҳам мекард, ки ба Эрон имтиёз додааст ва пули амрикоиҳоро ба дасти рақиб супурдааст.

Имрӯз бошад, пас аз солҳои таҳрим, таҳдид, фишори ҳадди аксар ва ҳатто ҷанг, ногаҳон рақамҳои тамоман дигар садо медиҳанд.

Муовини президенти Амрико Ҷ.Д Ванс аз эҳтимоли ҷудо шудани то 300 миллиард доллар барои бозсозии Эрон сухан мегӯяд. На аз буҷаи Амрико, балки аз ҳисоби кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс. Хуб диққат кунед нуқтаи ҷолибаш ҳам ҳамин аст.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки шояд миллионҳо нафар имрӯз мепурсанд:

Агар ҳадаф шикасти Эрон буд, пас чаро имрӯз сухан аз бозсозии Эрон меравад?

Як моҳ қабл ҳушдор аз нобудии тамаддуни эронӣ мерафт.

Агар ҳадаф аз байн бурдани нуфузи минтақавии Теҳрон буд, пас чаро масъалаи Ҳурмуз, амнияти баҳрӣ ва нақши Эрон дар минтақа ҳамоно рӯи миз қарор дорад? Чун ҳарфи аввалро зур мезанад.

Агар ҳадаф маҳви барномаи ҳастаӣ буд, пас чаро баъди ин ҳама таҳдид ва ҷанг, масъала боз ба даври нави музокирот гузошта мешавад?

Ва муҳимтар аз ҳама:

Чӣ тавр шуд, ки аз 1,7 миллиард доллари замони Обама, ки Трамп онро фоҷиа медонист, имрӯз сухан аз садҳо миллиард доллар меравад?

Дар сиёсат аксар вақт ғолиб ҳамон касе нест, ки бештар бомб меандозад. Баъзан ғолиб касест, ки баъди ҳама фишорҳо, таҳримҳо ва ҷангҳо ҳамоно дар сари мизи музокира менишинад ва аз мавқеъҳои асосии худ даст намекашад.

Биёед натиҷаҳои аввалияи ин рӯйдодҳоро якҷо баррасӣ кунем ва бубинем, ки воқеан кӣ бештар ба ҳадафҳои худ расид.

Аввал Ҷ.Д Ванс гуфт, ки агар Эрон ба ӯҳдадориҳои худ амал кунад, метавонад ба садҳо миллиард доллар маблағҳои бозсозӣ дастрасӣ пайдо намояд, маблағҳое, ки аз ҷониби кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс таъмин хоҳанд шуд. Ӯ ҳатто аз рақами тақрибан 300 миллиард доллар ёд кард. Гови ҷӯшо дақиқан ҳаминро мегуянд дигар.

Пеш аз ин ҳам Тромп борҳо таъкид карда буд, ки намехоҳад ҷанги тӯлонӣ дошта бошад ва роҳи ҳалли масъала бояд тавассути созиш таъмин гардад.

Акнун биёед натиҷаҳои аввалияро бубинем.

Агар ёдатон бошад, соли 2015 Барак Обама созиши ҳастаиро бо Эрон имзо кард. Дар он замон баҳсҳо атрофи озод шудани тақрибан 1,7 миллиард доллар маблағҳои Эрон идома доштанд ва Доналд Трамп ҳамеша ин иқдоми Обамаро танқид мекард. Ӯ мегуфт, ки Вашингтон ба Теҳрон имтиёз додааст.

Аммо имрӯз сухан аз чӣ меравад?

Имрӯз сухан аз даҳҳо ва садҳо миллиард доллар меравад. Агар хабарҳои ахир дуруст бошанд, на танҳо миллиардҳо доллар дороиҳои худи Эрон озод мешаванд, балки то 300 миллиард доллари дигарро ҳам кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс бояд барои бозсозии пас аз ҷанг пардохт намоянд.

Саволи ман ин аст:

Ҷангро Амрико мекунад, аммо хароҷоти бозсозиро кӣ медиҳад?

Боз ҳам давлатҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс.

То ҳамин лаҳза аз натиҷаҳои аввалия чунин бармеояд:

* Ҳурмуз ҳамоно дар доираи нуфуз ва таъсири Эрон боқӣ мондааст;

* Амнияти баҳрии минтақа бе нақши Эрон тасаввур намешавад;

* Нуфузи кишварҳо ва гурӯҳҳои ҳампаймони Эрон аз байн нарафтааст;

* Мавзӯи ҳастаӣ ҳал нашуда, балки ба музокироти баъдӣ ва 60 рӯзи оянда гузошта шудааст;

* Эрон имкони бештар барои фурӯши нафти худро дар очнда дигар роҳат пайдо мекунад;

* Ҳадафи тағйири низом амалӣ нашуд;

* Ҳузури низомии Амрико ва ҳампаймононаш дар минтақа метавонад маҳдудтар гардад;

* Дар масъалаи Лубнон низ аломатҳое дида мешаванд, ки шояд сатҳи даргириҳо коҳиш ёбад. Агарчи тарафи Исроилӣ чандон мувофиқ нест…

Пас агар ба натиҷаҳои эълоншудаи имрӯз нигоҳ кунем, савол ба миён меояд:

Кӣ бештар ба ҳадафҳои худ расид?

Онҳое, ки аз тағйири низом, маҳви нуфузи минтақавии Эрон ва аз байн бурдани пурраи барномаи ҳастаӣ сухан мегуфтанд, ё онҳое, ки таҳти фишор ва ҷанг ҳамоно дар сари мизи музокира боқӣ мондаанд?

Албатта, ҳукми ниҳоиро имрӯз додан барвақт аст. Бисёр ҷузъиёт ҳанӯз маълум нестанд ва воқеиятро вақт нишон хоҳад дод.

Аммо аз рӯи натиҷаҳои аввалия, бисёриҳо чунин меҳисобанд, ки тарафи муқовиматкунанда, яъне Эрон тавонист пас аз таҳрим, фишор ва ҷанг ҳамчунон мавқеи худро нигоҳ дорад ва рақибро ба ҷустуҷӯи роҳи сиёсӣ водор созад.

Қазовати ниҳоӣ бо таърих аст.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Қаламонлайн 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

BВC: Ҳамалоти Эрон аз садди пешрафтатарин родорҳои Омрико убур кард

Матолиби пурбоздид