Даври сеюми музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико имрӯз дар Женева
Ахбори байналмилал
Даври сеюми музокироти ҳастаии ғайримустақими миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз (панҷшанбе, 7-уми исфандмоҳи 1404) бо миёнҷигарии Уммон дар шаҳри Женева баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Гурӯҳи сиёсати хориҷии Хабаргузории Форс, ин давр аз музокирот дар яке аз биноҳои вобаста ба сафорати Уммон дар Женева ва бо ҳузури ҳайатҳои ду тараф анҷом мегирад.
Раёсати ҳайати Эронро Сайид Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷӣ, бар уҳда дорад ва аз ҷониби Амрико Стив Виткофф, намояндаи вижаи Доналд Тромп, раҳбарии музокиротро анҷом медиҳад. Миёниҷигарии ин даврро Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Уммон, бар дӯш дорад.
Ин музокирот дар идомаи талошҳои дипломатӣ барои коҳиши танишҳо ва баррасии масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эрон баргузор мешавад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













