Раҳбари Ансоруллоҳ: “Мардуми Яман Ғаззаро танҳо раҳо нахоҳад кард”

Раҳбари Ансоруллоҳ: “Мардуми Яман Ғаззаро танҳо раҳо нахоҳад кард”

Ахбори байналмилал

Almayadeen

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман, бо ишора ин ки артиши Яман дар ҳимоят аз мардуми Фаластин, бо беш аз 200 паҳпод ва 50 мушаки болистик ва круз, ба душман ҳамла кардааст, гуфт: “Мардуми мусалмони Яман бо таҳаррукоти фарогири худ дар тамомии сутуҳ, худро ба унвони як улгу ироа кард. Тазоҳуроти ҳафтагии миллати мо ва ба хиёбон омадани онҳо дар ҳафтаи гузашта дар майдони “Сабъин”, як улгу буд. Аз мардумамон мехоҳам ба тазоҳуроти ҳафтагии худ идома диҳанд. Аз онҳо мехоҳам фардо ҷумъа, дар майдони “Сабъин” дар Санъо ва дигар устонҳо ба хиёбонҳо биёянд. Миллати мо фардо иншоаллоҳ таъкид хоҳад кард, ки Ғазза танҳо нест ва то замони пирӯзӣ ҳамроҳи мардум Фаластин аст.”

Ба гузориши Алмаёдин, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, асри дирӯз (панҷшанбе, 25 январ), дар борат рӯйдодҳои Фаластин ба суханронӣ пардохт.

Раҳбари Ансоруллоҳ гуфт: “Дар таърихи ҷанги кишварҳои арабӣ ва Исроил ҳеч таҷовузе ба ин андоза тӯл накашида буд ва дар минтақае маҳдуде монанди Ғазза то ин ҳадд ҷиноят рух надода буд.”

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ дар идома бо ишора ба шумори болои маҷрӯҳон дар навори Ғазза, мизони талафотро дар ин минтақа бесобиқа хонд ва изҳор дошт: “Таҷовузи ваҳшиёнаи душмани саҳюнистӣ, бо пойдорӣ ва шуҷоати бемонанди муҷоҳидон дар Ғазза ҳамроҳ будааст.”

Исроил дар таҳаққуқи аҳдофаш шикаст хӯрдааст

Раҳбари Ансоруллоҳ ҳамчунин ба шумори талафот дар миёни низомиёни исроилӣ ишора кард ва гуфт: “Талафоти душмани исроилӣ ба ҳазорон кушта ва захмӣ расида ва ин режим ба таври бесобиқае ба ларза даромада ва дар он чи умеди таҳаққуқашро дошт, комилан шикаст хӯрдааст. Алорағми ҳимоятҳои молӣ ва низомии Омрико ва ғарб аз Исроил, хасороти иқтисодии ворида ба Исроил болост.”

Сайид Абдулмалик дар идома баён кард: “Душман дар дарҳам шикастани ирода ва азми муҷоҳидон ва мардуми Ғазза номувафақ буда ва натавониста руҳияи маънавии онро аз байн бибарад. Мусалмонон дар қиболи ҳимоят аз мардуми Фаластин, масъулияти бузурге доранд. Агар мусалмонон ҳимоятҳои лозимро аз мардуми Фаластин ва муҷоҳидон анҷом медоданд, муъодила комилан тағйир мекард. Маслаки ҷинояткоронаи душмани исроилӣ ҳар рӯз идома дорад, ки ин аз хӯйи мутаҷовизона, кина, таваҳҳуш ва варшикастагии ахлоқии онҳо ҳикоят дорад.”

Раҳбари Ансоруллоҳ дар айни ҳол ишора кард: “Ҳар чи дар таҳаққуқи аҳдофашон шикаст хӯрданд, бештар ба анҷоми ҷиноятҳои ҳавлнок мутамойил шуданд. Ниҳодҳои байналмилалӣ танҳо наззорагари рӯйдодҳои Фаластин ҳастанд. Аммо мавзеъи амалии онҳо куҷост?! Омрико ва ғарб дар хусуси кушторҳои ҷамъии Исроил ҳеч тасмиме намегиранд. Ҷумалоте, ки ниҳодҳои байналмилалӣ дар бораи Ғазза баён мекунанд, ба ҳеч унвон нишондиҳандаи рӯйдодҳои ҳақиқии Ғазза нест.”

Мавозеъи Омрико, иллати аслии тадовуми ҷиноёти саҳюнистҳост

Сайид Абдулмалик идома дод: “Иллати аслии тадовуми ҷиноятҳои саҳюнистҳо, мавзеъи Омрикост. Омрико исрор дорад, ки Ғазза таҳти муҳосираи комил бошад ва гузаргоҳи Рафаҳ баста бимонад. Омрико пофишорӣ дорад кӯмакҳо ва малзумоти мавриди ниёзи мардуми Фаластин вориди Ғазза нашавад. Омрико дар ҳоле, ки дорад барои ирсоли кӯмакҳо барои исроилиҳо талош мекунад, ҷилави вуруди ғизо ва дору ба Ғаззаро мегирад. Ин Омрикост, ки дар пушти пардаи ҷиноятҳои саҳюнистҳо ва мавозеъи байналмилалӣ қарор дорад. Омрико афсарони худро барои мудирияти ҷиноятҳои саҳюнистҳо ба минтақа мефиристад. Омрико мустақиман дар ба гуруснагӣ кашондани мардум Фаластин нақш дорад. На танҳо фақат аз гуруснагӣ бимиранд, балки барои куштори онҳо бомб ба Исроил медиҳад.”

Раҳбари Ансоруллоҳ изофа кард: “Омрико на танҳо иҷозаи вуруди ғизо ва дору ба Ғаззаро намедиҳад, балки бо кишвари мо низ ба таниш бархоста, бо он ки ин таниш барои онҳо ҳазина доштааст. Танишзоии Омрико алайҳи кишвар мо аз назари иқтисодӣ барои онҳо баҳои сангине дорад ва ҳамчунин дар тавсиаи доманаи ҷанг натоиҷи манфӣ ба дунбол хоҳад дошт. Омрико ба ба хатар андохтани киштиронӣ ва табдили баҳри Сурх ба як майдони ҷанг ҳеч аҳаммияте надодааст. Омрико мушкиле бо густариши доманаи ҷанг ва ташдиди авзоъи минтақа надорад. Дар баробари саркашӣ ва таҷовузгарии Омрико, уммати исломӣ дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин, масъулияти бузурге бар ӯҳда дорад.”

Сайид Абдулмалик хотирнишон кард: “Мавзеъи мардуми мо дар қиболи Фаластин ношӣ аз эҳсоси масъулияти инсонӣ, ахлоқӣ ва динӣ ва бархоста аз ҳувияти имонӣ аст. Ҷанги мардуми мо барои ҳимоят аз мардуми Фаластин, як ҷанги ҷудо ва ҳошияӣ нест, он тавр, ки Омрико саъй дорад онро ҷилва диҳад. Дар баҳри Сурх барои ҳимоят аз мардуми Фаластин дар баробари таҷовузоти Омрико ҷанг ҷараён дорад.”

Яман бо беш аз 200 паҳпод ва 50 мушак душманро ҳадаф қарор додааст

Раҳбари Ансоруллоҳ эълом кард: “Натиҷаи амалиётҳои мо то кунун ҳамла бо беш аз 200 паҳпод ва беш аз 50 мушаки болистики ва круз (ба душман) будааст. Амалиётҳои мо то замони расидани ғизо ва дору ба тамоми мардуми Ғазза ва таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо идома хоҳад дошт. Виҷдони мо ва таъаллуқи имониамон ва пайвандамон бо мардуми Фаластин иҷоза намедиҳад, ки сокит биншинем ва наззорагар бошем. Пофишории Омрико барои ҳимоят аз ҷиноёти саҳюнистҳо ва радди муъодилоти инсонии мунсифона, таъсире бар мавозеъи мо нахоҳад дошт ва боис нахоҳад шуд мо ақибнишинӣ кунем.”

Сайид Абдулмалик дар айни ҳол гуфт: “Омрико саъй дорад таҷовузоташ ба Яман ва иқдомоташ дар ростои муҳофизат аз Исроилро муҳофизат аз киштиронӣ ҷилва диҳад. Вошингтун бо фиребкориҳои нахнамояш мехоҳад дигаронро низ дар муҳофизат аз ҷиноятҳои саҳюнистӣ шарик гардонад. Аз замони оғози амалиётҳои мо дар баҳри Сурх 4874 киштии тиҷорӣ аз баҳри Сурх убур карда, ки ин теъдоди болое аст. Таҷовузи Омрико ба кишвари мо низ ба ҳеч созмони милале ва шӯрои амнияте низ ирҷоъ дода намешавад. Ин иқдомоти Омрико ва Ангилис аст, ки хатаре барои дарёнавардӣ ва нақзи ҳокимияти кишварҳои ҳавзаи баҳри Сурх аст.”

Раҳбари Ансоруллоҳ изҳор дошт: “Мо танҳо киштиҳои исроилиро ҳадаф қарор медиҳем, то ғизо ба мардуми Фаластин бирасад. Ҳадафи мо эъмоли фишор барои расондани ғизо ва дору ба мардуми Фаластин ва ҷилавгирӣ аз ҷиноёт саҳюнистҳост. Танишзоии Омрико ва Ангилис ҳар чӣ қадр ҳам, ки бештар шавад, натоиҷи маъкус хоҳад дошт ва таъсире бар тасмимот ва мавозеъи мо нахоҳад дошт. Мо дар ҳоли анҷоми як амали муқаддас ҳастем, ки онро бахше аз ҷиҳоди фӣ сабилиллоҳ медонем.”

Сайид Абдулмалик ишора кард: “Аз замони оғози таҷовузоти ба кишвари Яман, Омрико натавониста ҳамла ба киштиҳо (-и исроилӣ)-ро мутаваққиф кунад, балки фақат худаш ва Ангилисро ба мушкил андохтааст. Танҳо роҳи ҳал ирсоли ғизо ва дору барои мардуми Ғазза ва таваққуфи куштори ҷамъии мардуми Фаластин аст. Тазоҳуротҳо ҳатто дар кишварҳои ғарбӣ ва Урупо ва Омрико ва дигар кишварҳо бояд идома пайдо кунад. Фарёди миллати мо ба миллати Фаластин “Танҳо нестед!” ва “То пирӯзӣ ҳамроҳи шумо ҳастем!” аст. Мардуми Яман Ғаззаро танҳо раҳо нахоҳад кард ва мардум дар хонаҳояшон рӯйдодҳои Ғаззаро нодида нахоҳанд гирифт.”

Раҳбари Ансоруллоҳ дар поён гуфт: “Миллатҳое, ки режимҳояшон онҳоро ба шиддат саркӯб мекунанд, метавонанд колоҳои омрикоӣ ва исроилиро таҳрим кунанд. Мардуми мусалмони Яман бо таҳаррукоти фарогири худ дар тамомии сутуҳ, худро ба унвони як улгу ироа кард. Тазоҳуроти ҳафтагии миллат мо ва ба хиёбон омадани онҳо дар ҳафтаи гузашта дар майдони “Сабъин”, як улгу буд. Аз мардумамон мехоҳам ба тазоҳуроти ҳафтагии худ идома диҳанд. Аз онҳо мехоҳам фардо ҷумъа, дар майдони “Сабъин” дар Санъо ва дигар устонҳо ба хиёбонҳо биёянд. Миллати мо фардо иншоаллоҳ таъкид хоҳад кард, ки Ғазза танҳо нест ва то замони пирӯзӣ ҳамроҳи мардум Фаластин аст.”

Almayadeen

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи амрикоӣ: Яҳё Синвор, ҳамеша як қадам пештар аз дастгоҳҳои ҷосусии Исроил
Додгоҳи Лоҳа Исроилро муртакиби наслкушӣ дар Ғазза донист

Матолиби пурбоздид