Далелҳои пойдор мондани ислом дар Эронзамин

Фарҳанг

Далелҳои пойдор мондани ислом дар Эронзамин

Андешкадаи Қалам

Ҷараёнҳои фикрии гуногуне бо ангезаҳои мухталиф ва хостгоҳҳои мутафовите кӯшидаанд, то ин гуна илқо кунанд, ки исломи эрониён натиҷаи қудрати шамшер ва хушунати аъроб аст. Назарияе, ки чизе ҷуз таҳқир ва тавҳин ба шуур ва шахсияти эрониён нест…

Вуруди ислом ба сарзамини паҳновари Эронзамин (Эрони фарҳангӣ, на ҷуғрофиёӣ) таҳаввули амиқ ва густардае бар ҷанбаҳои гуногуни фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мардумони Эронзамин доштааст. Суоли матраҳ ин аст, ки оё нуфузи дини ислом дар Эронзамин, чунон ки гуфта мешавад натиҷаи пирӯзии аъроб ва ҳосили хунрезиҳо ва хушунатҳое будааст, ки ба онҳо нисбат медиҳанд ва ё натиҷаи ин будааст, ки ин дини осмонӣ бар бистари омодаи ҷомеаи эронӣ ҷорӣ шуд ва ба аъмоқи лояҳои зеҳнӣ ва шахсиятии эрониён нуфуз кард?

Ҷараёнҳои фикрии гуногуне бо ангезаҳои мухталиф ва хостгоҳҳои мутафовите кӯшидаанд, то ин гуна илқо кунанд, ки исломи эрониён натиҷаи қудрати шамшер ва хушунати аъроб аст. Назарияе, ки чизе ҷуз таҳқир ва тавҳин ба шуур ва шахсияти эрониён нест. Дар навиштори ҳозир бо тарҳи яке аз ин шубаҳот, ба баррасӣ ва нақди он хоҳем пардохт.

* * *

Дар яке аз шубаҳоти матраҳшуда, ба ин мазмун иддаъо мешавад, ки: бо баррасии китобҳои торихӣ (монанди китоби “Ду қарн сукут”-и Зарринкӯб), ки ба моҷарои ҳамлаи аъроб ба Эрон пардохтаанд, ба равшанӣ маълум аст, ки ислом бо зӯри шамшери аъроби мусалмон ба Эрон ва эронӣ таҳмил шуд ва дар ҷараёни ҳамлаи аъроб ба Эрон, илова бар хунрезиҳои фаровон ва қатли оммҳои густардае, ки аз сӯи лашкариёни араб дар ҳаққи эрониҳо рафт, бисёре аз китобҳо ва осори илмӣ ва фарҳангии эрониён нобуд шуд ва фарҳанг ва дини эрониён, бо зӯр ва иҷбор тағйир ёфт.

Посухи ин шубҳа он аст, ки аввалан, ислом ва мусалмонӣ (ё ҳар ақидае дигар) чизе шабеҳи ҷуръаи об нест, ки тавассути як фард ва дар як лаҳза ба ҳулқуми одам рехта бишавад. Ба илова, ҳеҷ кас наметавонад иддаъо кунад, ки фалон шахс исломро ба Эрон ворид кард, балки мусалмонии эрониён амре фарҳангӣ ва маҳсули қарнҳо талош ва муҷоҳидати илмӣ ва таблиғӣ аст. Иттифоқан, ҳамлаи аъроб — ба хусус сипоҳиёни Қутайба дар даврони умавиён ба Фарорӯд — фароянди гароиш ба исломро миқдоре кунд кард ва сабаб шуд, ки эрониён қадре дар баробари фарҳанги исломӣ муқовимат кунанд. Аммо ҳангоме, ки бо омӯзаҳои ислом ошно шуданд, на танҳо даста-даста ба ислом рӯй оварданд, балки худ мубаллиғ ва тарвиҷгари он шуданд.

 

Густариши ислом ба барномаи фарҳангӣ буда, то ба зӯри шамшер

Мутолиаи сираи ҳазрати Паёмбар (с) нишон медиҳад, ки тамоми иқдомоти эшон барои густариши ислом, чӣ дар худи Ҳиҷоз ва чӣ нисбат ба кишварҳои дигар, фарҳангӣ будааст. (1) Паёмбари ислом (с) бар асоси рисолати ҷаҳониаш, ба подшоҳони Эрон, Рум, Миср, Ҳабаша ва ғайра нома навишт ва онҳоро ба ислом даъват кард. Ин рафтори Паёмбар (с) ба хубӣ ҳокӣ аз эътиқоди эшон ба барномаи фарҳангӣ барои густариши ислом аст. Ин гуна буд, ки Паёмбари Акрам (с) дар муддате кӯтоҳ тавонист бо инқилоби фарҳангӣ, дар як ҷомеаи ҷоҳилӣ афродеро тарбият кунад, ки дар роҳи густариши ислом ҷонфишонӣ кунанд ва ба дараҷаҳои олии маънавӣ ноил шаванд.

Пас аз реҳлати ҳазрати Паёмбар (с) мусалмонон барои нашри фарҳанги исломӣ ба фаросӯи ҷаҳон, марзҳои ҷуғрофиёиро дарнавардиданд ва заминаҳои густариши ислом дар Эрон ва дигар кишварҳоро фароҳам карданд.

 

Омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии густариши ислом дар Эрон

Омилҳои густариши ислом дар Эронзамин мухтасаран ба шарҳи зер аст:

  1. Шароити иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии номуносиби Эрон дар давраи Соcониён сабаб шуд, ки мардуми Эрон ба истиқболи дини ислом бираванд ва бо ихтиёри худ мусалмон шаванд; чунон ки дар бисёре аз шаҳрҳо ҳокимон бидуни ҷанг ва даргирӣ, ба сабаби адами муқовимати мардум дар муқобили сипоҳи ислом, бо сипоҳи ислом сулҳ мекарданд. (2)
  2. Мусалмон шудани бисёре аз эрониён қабл аз фатҳи Эрон, ки дар Яман ва Баҳрайн ба сар мебурданд. Дар китобҳои торихӣ омадааст, ки пас аз ҷанги Қодисия чаҳор ҳазор дайламӣ бо ихтиёри худ ба дини ислом гаравиданд. (3)

Асосан, касе ки бо торихи ин сарзамин ва руҳияи мардумонаш огоҳ аст, медонад, ки имкон надорад бо зӯр битавон фарҳанг ва ё дин ва ё ақидаеро бар мардумони ин марзу бум таҳмил кард. Далелаш ҳам яке ин аст, ки дар поёни давраи Ҳахоманишиён Искандари Мақдунӣ саросари Эронзаминро ба зӯри шамшер фатҳ кард ва ҳукумати Сулукиён таъсис шуд ва солҳо бар саросари Эрон ҳукумат карданд, аммо ҳаргиз натавонистанд фарҳанги юнониро бар эрониён таҳмил кунанд, балки аз фарҳанг ва меъмории эрониён таъсир пазируфтанд ва эрониён ҳаргиз дучори худбохтагии фарҳангӣ ва беҳувиятӣ нашуданд ва ба тарвиҷи ин фарҳангҳо низ напардохтанд.

Пас аз ислом низ мардуми Эрон шоҳиди таҳоҷуми ақвоми мухталиф бо фарҳангҳои мухталиф мисли таҳоҷуми муғул буданд, вале ҳаргиз дини муғулро напазируфтанд, балки муҳоҷимонро мағлуби фарҳанги исломии хеш сохтанд; дар ҳоле, ки яқинан шамшери муғулон аз шамшери аъроб бурандатар ва тезтар ва қатлу ҷинояти онҳо дар тӯли торихи Эрон беназир будааст ва аъроби мусалмон ҳаргиз чунин ҷиноятҳоеро дар Эрон муртакиб нашуданд.

Бинобар ин, ҳаргиз наметавон густариши дини ислом дар Эронзаминро ба зӯри шамшер донист, балки бояд онро дар иллатҳои зер бояд ҷустуҷӯ кард:

  1. Ғанӣ будани муҳтавои дини ислом ва фарҳанги инсондӯстона ва зидди табъиз ва адолатмеҳвари он, ки бо фитрати инсон созгор аст.
  2. Пас аз гушуда шудани марзҳо, иртиботи мардуми Эрон бо мусалмонон танготанг шуд. Ин пайванд худ дар тарвиҷи дини ислом муассир буд ва эрониён аз наздик шоҳиди ҷомеаи мусалмонон буданд, ки бо ҳукумати ашрофӣ ва ҷомеаи табақотии соcонӣ мутафовит буд. (4)
  3. Асирони эронӣ, ки ба ҳамроҳи хонавода ва фарзандон ба Мадина ва шаҳрҳои дигар мунтақил шуда ва дар канори мусалмонон зиндагӣ мекарданд, таҳти таъсири ҷомеаи муслимин, маҷзуби ислом мешуданд. (5)
  4. Эрониёне, ки қарнҳо шоҳиди ашрофигарии шоҳони соcонӣ ва маҳрумияти табақоти дигари ҷомеа аз имконоти аввалияи зиндагӣ буданд, бо мушоҳидаи соддазистии хулафои исломӣ ва волиҳои онҳо дар шаҳрҳои Эрон, ки мисли поинтарин табақоти мардум зиндагӣ мекарданд, ба пазириши ойини ислом тарғиб шуданд. (6)
  5. Ҳузури саҳобаи бузурги Паёмбари Акрам (с) дар ҷангҳо ва футуҳоти Эрон ва қабули масъулияти фармондорӣ дар ноҳияҳои мухталифи Эрон низ яке дигар аз авомиле буд, ки дар тарвиҷи ислом дар Эрон таъсири басазое дошт. Салмони Форсӣ (р) вақте аз тарафи халифаи дуввум барои фармондории Мадоин (аз марокизи Эронзамин дар он даврон) эъзом шуд, мардум мунтазир буданд, ки бо ташрифоти хоссе вориди шаҳр шавад, аммо Салмон савор бар харе бараҳна барои идораи умури мардум вориди шаҳр шуд ва хидматҳои арзандае ба мардум ироа дод. Ин худ аз муҳимтарин авомили тарвиҷи ислом дар Эрон буд. (7)

Дар поён лозим аст ба ин нукта таваҷҷӯҳ бишавад, ки пас аз вуруди ислом ба ин сарзамин, дар воқеъ ин эрониён буданд, ки камар ба тарвиҷи маорифи исломӣ бастанд; ба тавре ки бузургтарин соҳибназарон дар улуми мухталифи ислом аз миёни эрониён бархостаанд ва эрониён бо андак фосила пас аз расидани ислом ба Эрон, дар заминаи улуми исломӣ — аз сира, торих, фиқҳ, ҳадис, риҷол, улуми қуръонӣ, улуми ақлӣ ва фаннӣ ва таҷрибӣ — бо навовариҳои шигифт, ба тавлиди илм пардохтанд ва ин улумро ба кишварҳои ғарбӣ интиқол доданд ва муассиртарин қадамҳоро дар такомули улум бардоштанд. (8) Ва ин мисдоқи башорати ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар бораи эрониён буд, ки фармуда: “Агар илм ба ситораи сурайё овехта бошад, гурӯҳе аз фарзандони Эрон ба он даст меёбанд.” (9)

Пас чакидаи баҳс он аст, ки далоили бисёре бар ин ҳақиқат таъкид дорад, ки на танҳо аъроби мусалмон дар ҷараёни фатҳи Эрон, даст ба куштор ва ҷиноят назаданд ва осори фарҳангӣ, динӣ ва миллии эрониёнро аз байн набурданд ва асосан ҷуз бо сипоҳи соcонӣ вориди ҷанг нашуданд, балки мардуми Эрон, худ ба сабаби ошноӣ бо ислом ва безорӣ ва нафрат аз ҳукумати Соcониён, ба истиқболи лашкари ислом рафтанд ва дастикам ҳукумати соcониро дар баробари лашкари ислом ёрӣ накарданд. Хидматҳои беназири мусалмонон дар омӯхтан, таълиф ва таснифи улум ва маорифи исломӣ ва низ басту густариш ва таблиғи арзишҳои ислом нишон медиҳад, ки эрониён бо ихтиёр ва аз сари шавқ ва ангезаҳои ақлонӣ ва инсонӣ исломро пазиро шуданд ва ба он хидмат карданд. Ислом мӯҷиб шуд, ки эрониён аз зери бори ситамҳо ва табъизҳои золимонаи подшоҳони сосонӣ раҳо шуда ва истеъдодҳои нуҳуфтаи илмӣ ва маънавии онон шукуфо шавад. Он чӣ дар бархе китобҳо дар бораи ҳамлаи аъроби мусалмон ва ҷиноятҳои онон ба тасвир кашида шудааст, дар аксари маворид, дурӯғҳои бешармонае аст, ки душманони ислом ва Эрон онро сохта ва таблиғ кардаанд.

* * *

(1) Ибни Ҳишом, Сира, ҷ. 1, с.442.

(2) Абдулҳусайни Зарринкӯб, Торихи мардуми Эрон пас аз ислом, с.12 ва 14.

(3) Табарӣ, Торих, ҷ. 4, с. 1436.

(4) Абдулҳусайни Зарринкӯб, Бомдоди Ислом, с.87; Вил Дуронт, ҳамон манбаъ, с.169- 181.

(5) Иброҳим Ҳасан, Торихи сиёсии Ислом, с.244-25 ва 268.

(6) Наҳҷул-фасоҳа, с.269.

(7) Нурӣ, Нафсурраҳмон фи…, с.551.

(8) Вил Дуронт, Торихи тамаддун, ҷ.4, с.188 ва 428-417.

(9) Наҳҷул-фасоҳа, с.649.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қазо ва қадари илоҳӣ ба баёне содда
Некӣ ва бадӣ дар нигоҳи фалсафии Ибни Сино

Матолиби пурбоздид