Диктотур кист?

Диктотур кист?

Доктор Луқмон Бойматов

(Дарсе аз фалсафаи Таърих)

Диктотур дасти Бедоду Ситам дар рўйи Замин аст.

Диктотур золимест, ки худро одил мепиндорад, дар ҳоле, ки ў ашаддитарин душмани адолат аст.

Диктотур ҳамон худкомаи мағрурест, ки адолат ниқоби ўст.

Диктотур қотили адл аст.

Диктотур беморест, ки ҷаҳолаташро беҳтар аз фазилати дигарон медонад.

Диктотур мутакаббирест, ки хостаҳои худро волотар аз ҳамаи ниёзҳои ҷомеъа медонад.

Диктотур қонунишиканест, ки раъйи худро ба амд муҳиммтар аз ҳамаи қавонини ҷомеъа медонад.

Диктотур худпарастест, ки қудрати худро мутлақ мепиндорад ва мардумро мутеъони худ месозад.

Диктотур ҷаббори зўрмандест, ки ҳаққу ҳақиқатро поймол мекунад.

Диктотур риёкорест, ки аз чоплусонaш ҳимоят мекунад.

Диктотур хоинест, ки хешро меҳанарасти аслӣ мепиндорад.

Диктотур беҳаёест, ки тамомии муқаддасотро хор ва шириниву покиҳоро талху нопок менамояд.

Диктотур омили аслии адами ваҳдату ҳамбастагӣ дар ҷомеъа аст.

Диктотур бешарафест, ки номуси миллиро фидои хостаҳои хеш ва қурбонии васвасаҳои бастагонаш мекунад.

Диктотур бузургтарин дурўғгўест, ки ҳақиқатро мутаҳҳам мекунад.

Диктотур бозичаест дар дасти абарқудратҳо барои сохтани гурге аз як инсон.

Диктотур бераҳмтарин душмани озодист.

Диктотур меъмори ҷаҳаннами худ аст.

Манбаъ: китоби  “Худкомагон дар ойинаи таърих” – “GlobeEdit”, Beau Bassin (Mauritius), 2020, – 156 с.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ду оқилро набошад кину пайкор
Иҷлоси амниятии Санкт-Петербург

Матолиби пурбоздид