Дар дӯстӣ миёна бош

Дар дӯстӣ миёна бош

Сабки зиндагӣ

Дар дӯстӣ ва душманӣ зиёдаравӣ макун

Имом Ғаззолӣ (р) ривояти ҷолиберо аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар китоби “Эҳёи улуми дин” нақл мекунад. Ин ривоятро Имом Тирмизӣ (р) низ дар Сунани худ овардааст. Ҳазраташ мефармояд:

“Дӯсте, ки мавриди алоқаи туст, ба як андозаи муайян дӯсташ бидор ва зиёдаравӣ макун, зеро чи басо рӯзе душманат гардад. Ва ҳамчунин, бо душманат низ дар душманӣ зиёдаравӣ макун, ки чи басо рӯзе дӯстат гардад”.

Ба баёни дигар, агар бо як нафар дӯсту рафиқ ҳастӣ, саъй кун ҳамаи асрори худро барои вай ифшо макунӣ, бояд як ҳадди муайянеро дар ин дӯстӣ нигаҳ бидорӣ, зеро ки аз куҷо маълум аст, ки рӯзе ин одам душманат гардад?!

Ҳамчунин, агар бо касе миёнаи хубе надорӣ ва масалан душманат аст: ё дар сиёсат бо ту мухолиф аст ё дар андешаву ақида бо ҳам ихтилофи назар доред, дар душманӣ бо вай зиёдаравӣ макун ва миёнаравиро ҳамеша риоят кун ва пардадарӣ макун, ки рӯзе шояд бо ту дӯст гардад, ки он вақт пеши ӯ хиҷолатзада хоҳӣ шуд.

Инсон бояд ҳамеша эътидол ва миёнаравиро дар ҳама чиз риоят кунад, ба хусус дар дӯстиҳо ва душманиҳо.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Идрок
Тақвои ҳокимон

Матолиби пурбоздид