Мӯъҷиза будани Қуръон ба чист?

Мӯъҷиза будани Қуръон ба чист?
Қуръони Карим эъҷозаш дар ин аст, ки барномаи чӣ гуна ИНСОН шуданро барои башарият омӯхта; коре, ки аз дасти худи башар сохта нест. На ин ки бароямон назарияҳо ва фарзияҳои илмӣ ва ин ки замин гирди хуршед чарх мезанад ва ё қувваи ҷозиба ва ғайраро бароямон баён бидорад. Ин чизҳоро худи башар ҳам метавонад кашф кунад, ки албатта карда ва дар оянда низ башар маҷҳулоти бисёреро кашф хоҳад кард. Асосан, агар як китоб кораш кашфи ин масоил ва баёни чизҳое бошад, ки инсон худаш қодир ба кашфи онҳост, ин китоб дигар илоҳӣ нест. Китоби Худо паёмеро ба инсон мерасонад, ки инсон аз кашфи он оҷиз ва нотавон аст.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Як достони омӯзанда
Илмро иллат кажу золим кунад…

Матолиби пурбоздид