Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахши Ҳофиз таъсис гардид
Ахбори фарҳангӣ
Дар рӯзи миллии забони форсии тоҷикӣ, бахши Ҳофизи Шерозӣ дар Осорхонаи миллии кишвар ифтитоҳ шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин бахш, меҳмони эронӣ – шоир Мустафо Муҳаддисии Хуросонӣ, Муҳаммадалии Рукнӣ ва Маҷиди Оқоӣ аз нависандагони эронӣ ҳузур доштанд.
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, Рӯзи миллии забони форсӣ – тоҷикӣ ҳамзамон бо сеюмин рӯзи баргузории ёздаҳумин давраи намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистон бо ҳузури Мустафо Муҳаддисии Хуросонии шоир, Муҳаммадалии Рукнӣ ва Маҷиди Оқоӣ аз нависандагони эронӣ баргузор шуд.
Бахши Ҳофиз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон умуман шомили нусхаҳои хаттии муртабит бо Ҳофиз ва нусхаҳое аз Девони Ҳофиз аст.
Лозим ба ёдоварист, ки барои нахустин бор аст, ки дар музейҳои кишварҳои форсизабон як бахши мустақил барои Ҳофиз дар назар гирифта шудааст.
Сомонаи Қаламонлайн