Шайхурраис Буалӣ Сино – ҳакими раҳнамо

Фарҳанг

Шайхурраис Буалӣ Сино – ҳакими раҳнамо

Пруфесур Питер Одомсун, устоди фалсафа дар Донишгоҳи Лудвиг Моксимилёни Муних (Ludwig Maximilian University of Munich) мӯътақид аст, таъсири шигарфе, ки Ибни Сино бар тамаддуни Ғарб гузоштааст, бузургтарин таъсиргузории як файласуф бар тамаддуне бегона дар тӯли таърих аст; ва бар хилофи тасаввури роиҷ дар миёни файласуфони ғарбӣ, ин таъсиргузорӣ сирфан ба воситаи тарҷума ва гузориши дидгоҳҳои Арасту нест. Чаро ки Ибни Сино ба шакле халлоқона ҳар ҷо, ки лозим дониста, аз фалсафаи арастуӣ убур карда ва масири худро гушудааст. Дар воқеъ, суолҳои тоза ва роҳи ҳаллҳо ва равишҳои ибдоъии ӯст, ки ӯро шоистаи лақаби “Шайхурраис” кардааст.

Ба қалами пруфесур Питер Одомсун (Peter Adamson)

Ин рӯзҳо файласуфон, дигар он қадр барҷаста нестанд, ки лақаб дошта бошанд. Лақабҳо дар қуруни миёна роиҷтар буд. Ҳар мадрасие (scholastic), ки саре дар миёни сарҳо бароварда буд, лақабе дошт: Буновентуре (Bonaventure) “дуктури малакутӣ”, Оквинос (Aquinas) “дуктури фариштахӯ” ва Дунс Эскутус (Duns Scotus) бо лақаби “дуктури борикбин” шинохта мешуд. Дар ҷаҳони ислом ҳам файласуфони барҷаста чунин ифтихореро касб мекарданд.

Аз байни инҳо, ҳеч кадом муносибтар аз унвони “Шайхурраис” набуд. Ин лақаби Абӯалӣ ибни Сино (вафот, 1037 мелодӣ) буд; касе, ки тамоми он мадрасиҳои қуруни миёна ӯро ба номи “Овисино” (Avicenna) мешинохтанд ва бад-ин унвон на фақат шинохта мешуд, ки номвар буд. Ибни Сино яке аз ангуштшумор фалосифае аст, ки табдил ба яке аз марҷаъҳои асосии таъсиргузорӣ дар густариши фалсафа дар фарҳанге комилан ғариба, яъне тамаддуни ғарбӣ, шудааст.

Ба маҳзи тарҷумаи корҳои ӯ ба лотин, Ибни Сино табдил ба марҷаи фикрии фалсафаи қарни 13-ум шуд ва дар фалсафа танҳо Арасту ва дар пизишкӣ, пас аз тарҷумаи китоби Қонун, танҳо Ҷолинус аз ӯ пешӣ гирифт.

Дар ҷаҳони ислом таъсири Ибни Сино ҳатто аз ин ҳам азимтар буд. Онҷо Ибни Сино амалан ба унвони марҷаи аслии фалсафа ҷойгузини Арасту шуд ва ҳатто вожаи “машшоӣ”, ки дар асл ба маънои “арастуӣ” буд, ба “синавӣ” тағйири маъно дод. Мунтақидон ва ситоишгарони ӯ мувофиқ буданд, ки андешаи ӯ тақрибан муодили худи фалсафа аст.

Нақди “фалосифа” — ҳамон коре, ки Ғаззолӣ дар “Таҳофут-ул-фалосифа” анҷом дод, ё Шаҳристонӣ дар китобе камтар машҳур, аммо бо номи зебо “Алмусораъот ва мусораатил-фалосифа” (Куштӣ гирифтан бо фалосфа) — ин буд, ки иштибоҳоти Ибни Сино ва на Афлотун ва Арастуро баршумуранд ва ин гуна Ибни Сино бо фалсафа муодил ангошта мешуд.

Гузашта аз ин нақдҳои шадид, ин ҳамон чизе аст, ки Ибни Сино дар зеҳн дошт. Ӯ огоҳона кӯшид, то бо назмдиҳии дубора ва бозандешии фалсафаи “машшоъ”, ҷойгузини Арасту шавад ва аз ӯ пешӣ гирад. Ба ҳамин далел, ӯ ба хилофи дигаре монанди Форобӣ ва Ибни Рушд, шарҳе бар Арасту нанавишт, балки рисолаҳои мустақил бо ҳаҷму печидагии мутафовит офарид.

Ҳатто дар арастуитарин хулосае, ки дар фалсафа навишт — ҳамоне, ки дар тарҷумаи лотинӣ аз ҳама машҳуртар буд — ҳар ҷо, ки муносиб медид, аз омӯзаҳои арастуӣ фосила мегирифт. Ин рисола ҳамон китоби “Шифо” аст; матне чандҷилдӣ, ки ба ҳамаи ҳавзаҳои фалсафа, аз ҷумла риёзиёт ва физик, пардохтааст.

Ибни Сино шарҳҳои дигаре аз андешаи худ навиштааст, монанди “Наҷот” (ки каму беш нусхаи кӯтоҳшудае аз “Шифо” аст) ва “Ишорот ва танбеҳот” — ки ҳанӯз тӯлонианд, аммо бисёр хулоса шуда — ки тарроҳӣ шудаанд, то хонандаро водоранд худ хатти андешаи пушти омӯзаҳоро бозсозӣ кунад.

Он омӯзаҳо чӣ буд ва чаро Ибни Сино гумон мекард, ки арзиши онро доранд, ки ба хотири онҳо аз Арасту фосила бигирад? Ҳеч посухи соддае вуҷуд надорад, зеро Ибни Сино идеяҳои халлоқона ва таъсиргузоре дар бисёре аз ҳавзаҳо дошт.

Масалан, низоми мантиқии ӯ, ҳарчанд ҳанӯз дар чорчӯби арастуӣ аст, пешниҳодҳои ҷадиде дар мавзӯъҳое назири “ваҷҳият” (мафоҳими имкону зарурат) ва шартҳои сидқи гузораҳо (масалан, ин пурсиш, ки оё ниҳоди гузора бояд ҳамин алъон вуҷуд дошта бошад, ки гузора содиқ бошад ё на) ироа кард. То асри мудерн, корҳое дар мантиқ, ки дар ҷаҳони ислом — аз ғарби Офриқо то Ҳинди исломӣ — нигошта мешуд, халлоқона, аммо дар чорчӯби синавӣ буданд, ҳамон тавр, ки мантиқи Ибни Сино ба шакле халлоқона дар чорчӯби арастуӣ буд.

Дар мавзӯе бисёр наздик ба мантиқ, яъне маърифатшиносӣ низ Ибни Сино ба ҳамин мизон инқилобӣ буд. Идеяи бисёр бад фаҳмидашудаи ӯ – яъне “ҳадс” — қарор буд тавзеҳ диҳад, ки чӣ гуна нобиғаҳое монанди худи ӯ қодир буданд истидлолҳои қиёсӣ бисозанд. Аммо ин мафҳумро нависандагони баъдӣ дар хидмати идеяҳои ирфонӣ қарор доданд.

Вежагии дигар, аммо камтар машҳури маърифатшиносии синавӣ, “зотгароӣ” (essentialism)-и сареҳи ӯст, ки бар мабнои он, дарки моҳияти як чиз дабардорандаи дидани ҳамаи вежагиҳои зотие аст, ки мутаъаллиқ ба зоти он чиз аст.

Яке аз корбурдҳои ин идея, дар истидлоли машҳури “инсони муъаллақ”-и ӯст (ё ҳадди ақал ман дар мақолае, ки ахиран ҳамроҳ бо Федур Бенувич (Fedor Benevich) нигоштаам, бар ин назарам). Ин истидлол озмоиши зеҳнӣ аст, ки дар он, аз мо хоста шудааст, ки инсони болиғеро дар назар оварем, ки Худо дафъатан муъаллақ дар ҳаво халқ кардааст.

Чашмони ин инсон баста аст ва ҳеч садо, бӯ ва чизи дигаре ҳам вуҷуд надорад; бинобар ин, ин инсони тозахалқшуда ҳеч чизро аз тариқи ҳавоссаш таҷриба намекунад ва дар воқеъ ҳеч вақт ҳеч таҷрибаи ҳиссие надоштааст (ӯ тоза ҳамин алъон халқ шудааст). Ӯ дар воқеъ ҳатто намедонад, ки бадане дорад.

Ибни Сино мӯътақид аст, ки ин инсон ба ҳар ҳол метавонад вуҷуди худро дарк кунад. Аз назари Ибни Сино, он чи ин истидлол нишон медиҳад ин аст, ки бадан зотии инсонҳо нест. Агар буд, барои инсони муъаллақ номумкин буд, ки худро дарк кунад, ҳамон тавр, ки номумкин аст, ки моҳияти инсониятро дарк кунем бидуни ин ки бидонем инсонҳо зотан дорои ҳаётанд.

Мутафаккирони баъдӣ ин идеяи Ибни Синоро пазируфтанд, ки ҳамаи мо дарки мустақим ва амиқ аз худ дорем. Қарнҳо баъд дар Эрони асри Сафавӣ яке аз ситоишгарони ӯ, файласуфи эронӣ, Мулло Садро, гуфт, ки ҳатто ҳайвоне ғайр аз инсон ҳам, агар монанди инсон муъаллақ халқ шавад, қодир ба дарки худ хоҳад буд. Дар воқеъ, вуҷуд дар маркази омӯзаҳои Садро буд, ва ин ҳам яке аз меросҳои Ибни Сино ба ҳисоб меояд.

Бозбинии мобаъдуттабиаи (метофизики) Арасту ба манзилаи мутолеаи вуҷуди ҳавзаи дигаре буд, ки дар он Ибни Сино таъсири азиме дошт. Ибни Сино байни ду навъ аз вуҷуд тамоюз қоил шуд: вуҷуд дар ҷаҳони воқеӣ як чиз аст, ва вуҷуд дар зеҳн чизе дигар; вуҷуди имконӣ як чиз аст, ва вуҷуди зарурӣ чизе дигар. Ҳар дуи ин тамоюзҳо дар навиштаҳои мобаъдуттабиаи пасосинавӣ бисёр фарогир шуд.

Ибни Сино “вуҷуд”-ро дар маркази истидлоли худ барои исботи вуҷуди Худо қарор дод ва на фақат худи Ибни Сино, ки ҳатто ин истидлол ҳам лақаби худро дорад: “Бурҳони Сиддиқин”. Ин истидлол бо ин идея оғоз мешавад, ки ҳар чизе метавонад ба сурати имконӣ ё зарурӣ вуҷуд дошта бошад. Вуҷуди “имконӣ” ба ин маъност, ки он шайъ метавонад вуҷуд дошта ё надошта бошад. Ба атрофи худ нигоҳ кунед. Ҳар чизе, ки мебинед монанди ҳамин аст; чизе, ки вуҷуд дорад, аммо метавонист вуҷуд надошта бошад.

Вуҷуди “зарурӣ” ба ин маъност, ки вуҷуд надоштани он матраҳ нест. Ба иборати дигар, шакке дар вуҷуд доштани он нест. (Дар муқобил, шакке дар вуҷуд надоштани мавҷуде номумкин монанди “мураббаъи доира” низ вуҷуд надорад).

Пурсиши марказии исботи Ибни Сино ин аст, ки оё чизе ба ин шеваи “зарурӣ” вуҷуд дорад ё надорад? Ӯ мехоҳад бигӯяд, ки дар воқеъ мавҷуде зарурӣ вуҷуд дорад, аммо танҳо яке, ва он Худост.

Ибни Сино гумон мекунад, ки метавонад бо дар назар гирифтани ашёи имконӣ, яъне ҳар чизе, ки метавонад вуҷуд дошта бошад — аз сагҳо то Бурҷи Эйфел — ба ин натиҷа бирасад. Ашёи имконӣ ононеанд, ки метавонанд вуҷуд дошта ё надошта бошанд. Онҳо ба худии худ “шоистаи” вуҷуд доштан нестанд, ва агар вуҷуд доранд, ба хотири ин аст, ки чизи дигаре онҳоро мавҷуд сохтааст. Дар воқеъ ин ҳам корбурди дигаре аз маърифатшиносии зотгароёнаи синавӣ аст: метавонем бибинем, ки вуҷуд зотии ашёи имконӣ нест.

Он тавр, ки ағлаб дар суннати синавӣ гуфта мешавад, шайъи имконӣ ниёз ба мураҷҷеҳе дорад, то вуҷуд дошта бошад, ҳамон тавр, ки дар тарозу ниёз ба чизе дорем, ки як тарафро сангинтар аз тарафи дигар кунад. Чизе, ки як тарафи тарозуро сангинтар аз тарафи дигар мекунад, иллати хориҷии он аст: Густов Эйфел иллати хориҷии Бурҷи Эйфел буд, дар канори коргарони бисёр, ва дар мавриди саг падару модару назоир он ин нақшро бозӣ мекунанд.

Ҳол, ҳамаи ашёи имкониро ба манзилаи як кулл дар назар бигиред, на фақат яке аз онҳо монанди Бурҷи Эйфел (дар воқеъ ин ҳамон ҷаҳони гузашта, ҳол ва оянда аст). Аз худ бипурсед, ки оё ин кулл имконӣ аст ё на? Ба вузуҳ ингуна аст. Ҳамон тавр, ки куллӣ аз об (яъне ҳар чи об тасаввур бишавад) тар хоҳад буд, куллӣ аз мавҷудоти имконӣ ҳам имконӣ аст. Бо ҳамон истидлол, ин кулл ҳам ниёз ба як иллати хориҷӣ дорад, то онро ба вуҷуд биёварад. Аз он ҷо, ки ин иллат нисбат ба куллияти ашёи имконӣ хориҷӣ аст, худ наметавонад имконӣ бошад. Ин иллат зарурӣ аст, ва ҳамон Худост.

Ин истидлол пайравони Ибни Синоро дучори сардаргумӣ кард. Аз тарафе онҳо ин истидлолро дӯст доштанд. Чӣ гуна метавон онро дӯст надошт? На танҳо нубуғомез аст, балки шуҳудеро ба шевае балиғ дар худ дорад, ки бисёре аз Худопарастонро ба самти бовар ба вуҷуди Худо мекашад: ин ки бояд холиқе бошад ва дар ғайри ин сурат, наметавонем вуҷуди ҷаҳонро табйин кунем.

Аз ин ҷиҳат “Бурҳони Сиддиқин” аз бархе аз бурҳонҳои машҳури дигар назири “истидлоли ҳастишинохтии Онселм” пешӣ мегирад. Истидлоли Онселм (Anselm) чунин шуҳуди фарогире дар худ надорад ва ҳатто мутадайинон ҳам гумон мекунанд, ки чизе бояд дар ин миёна ғалат бошад. Аз тарафи дигар, аммо мутафаккирони баъдӣ дағдағаи иртиботи наздикеро доштанд, ки Ибни Сино байни Худо ва зарурат барқарор мекунад. Ибни Сино гумон мекард, ки Худо бояд дар ҳар ҷанбае зарурӣ ва холӣ аз ҳар гуна имконе бошад. Дар ғайри ин сурат, бар мабнои мантиқи ҳамин истидлол, иллате мавриди ниёз хоҳад буд, то мураҷҷеҳи вазъияти феълии Худо бошад, чаро ки ӯ метавонист таври дигаре бошад.

Ба таври хосс, Ибни Сино мӯътақид буд, ки Худо бояд ба сурати азалӣ ва абадӣ иллати вуҷуди ҷаҳон бошад. Агар ӯ аз вазъияти халқ накардани ҷаҳон ба вазъияти халқ кардани он биравад, танҳо табйини мумкин ин хоҳад буд, ки иллате мураҷҷеҳи ин вазъияти Худо будааст. Аз назари Ғаззолӣ ва дигар мутакаллимони мунтақиди Ибни Сино, ин натиҷа ғайри қобили пазириш буд.

Онҳо дар иваз мӯътақид буданд, ки Худо метавонад ба роҳатӣ, баъд аз халқ накардан, ирода ба халқ кунад. Ӯ, ба иборате, монанди тарозуе аст, ки худ метавонад як тарафи худро сангинтар кунад. Аммо ин посухи содда мушкилоти дигар ба вуҷуд овард. Яке аз онҳо ин буд, ки ин посух истидлоли Ибни Сино барои вуҷуди Худоро беасар мекард. Ин истидлол мусталзими ин буд, ки ҳамаи мавҷудоти имконӣ ниёз ба иллате хориҷӣ дошта бошанд, ин ки ҳамаи тарозуҳо ниёз ба мураҷҷеҳи дигар доранд.

Илова бар ин, ин идея, ки Худо дар замоне ба соддагӣ тасмим ба халқ мегирад, баъд аз ин ки замоне номутаноҳӣ мунтазир монда буд, хилқатро мандаровардӣ ва чизе ғайриақлонӣ ҷилва медод.

Ин масоил дар саросари фалсафаи баъдӣ назди мусалмонон ва ҳатто пайравони бархе аз адёни дигар низ ривоҷ дошт. Файласуфони қуруни вустоии яҳудӣ даргири Ибни Сино буданд, ҳарчанд ба сурати ғайримустақим, ва ҳамон тавр, ки зикр шуд мадрасиҳои лотинӣ бо иштиёқи тамом ӯро мехонданд ва мудовиман ба ӯ ирҷоъ медоданд. Ин пурсиш, ки оё Худо иродае коҳишнопазир дорад — иродае, ки ба таври мандаровардӣ яке аз натоиҷи мумкинро аз миёни интихобҳои мумкин бармегузинад, яке аз пурсишҳои марказӣ дар олами масеҳият дар қуруни миёна шуд ва касоне монанди Дунс Эскутус ва Укҳом (Ockham) аз иродагароӣ дифоъ мекарданд.

Ин пешрафтҳо, ва пешрафтҳои баъдӣ монанди истифода аз “ваҷҳият” дар мобаъдуттабиаи Лойбнитс (Leibniz), бозсозии чизе, ки нақдан дар Ибни Сино вуҷуд дошт, набуд, аммо Ибни Сино ҳамеша дар пешзамина ҳузур дошт, ҳол чӣ ба унвони манбае мустақим ё ҳузури муҳим ҳарчанд пинҳон, ки дар паси пушти мубоҳисоти фалсафаи аввалияи мудерн ҳузур дошт.

Дар фалсафаи ҷаҳони ислом ҳам барои қарнҳо мутафаккирон даргири идеяҳои синавӣ, ки ба онҳо ишора шуд ва идеяҳои дигаре ҷуз онҳо буданд. Ин масъала ҳатто аз теъдоди шарҳҳое, ки бар рисолаҳои ӯ навишта шуда возеҳ аст, хусусан рисолаи печида ва душвори “Ишорот ва танбеҳот”. Яке аз ғулҳои қарни 12-ум, яъне Фахруддини Розӣ, амалан дар ҳар сафҳа аз рисолаҳои доиратулмаорифии худ бо Ибни Сино даргир буд ва бад-ин тартиб ӯ табдил ба нуқтаи сиқле барои ояндагон шуд.

Агар шумо дар бораи Ибни Сино ва Ибни Рушд шунидаед, аммо номи касе монанди Фахри Розӣ ҳам ба гӯшатон нахӯрда ва дилмашғули ин ҳастед, ки чаро? Посух содда аст. Ҷунбиши тарҷумаи ба лотин дар қуруни миёна, осори ӯро тарҷума накард. Ҳамаи он “дуктур”-ҳо монанди Буновентуре, Оквинос ва Эскутус, ки он ҳама аз Ибни Сино истифода карданд, комилан аз Фахри Розӣ бехабар буданд. То ҳамин охирҳо ҳам таҳқиқот дар забонҳои урупоӣ бар ҳамин минвол буд ва пажӯҳишҳо мутамаркиз бар шахсиятҳое аз ҷаҳони ислом буд, ки таъсире бар тафаккури қуруни миёнаи лотин ва ренусонс доштанд.

Ҳамин масъала боиси ба вуҷуд омадани ин афсона шуд, ки инҳитот ё ҳатто заволе дар фалсафа дар ҷаҳони ислом вуҷуд доштааст. Дар воқеъ аммо инфиҷоре аз фаъолият дар ҷаҳони ислом вуҷуд дошта шомили садҳо рисола, ки ҳар дидгоҳи мумкине дар тайфе аз мавозеъ — аз пазириши бе чуну чарои Ибни Сино то ислоҳи мӯҳтотона, то радди тамому камол — ро дарбар мегирад.

Ҳол, бо пажӯҳишҳое, ки бар афроде анҷом мегирад, ки корҳои онҳо ба Урупо нарасида буд, ҳатто возеҳтар мегардад, ки аз қарни 11-ум ба баъд, чӣ дар ҷаҳони масеҳият ва чӣ дар ҷаҳони ислом, фалсафа то ҳадди зиёде нигориши понавиштҳое ба Ибни Сино будааст.

((istaravshani.com))

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қоҳира; идомаи музокирот
Худшиносӣ – калиди маърифатҳост

Матолиби пурбоздид