Дар ҳаво бӯи баҳор аст…

Адаб

Дар ҳаво бӯи баҳор аст…

Гулрухсор

Дар ҳаво бўи баҳор аст, баҳори ману ту,

Бўи дил, бўи ҳавас, бўи хумори ману ту.

Умр бигзашту набигзашт хумори ману ту,

Зи баҳори ману ту, баъди баҳори ману ту.

Рақси мавзуни парасту таги долони куҳан,

Ҳаваси ҷилванисор аст зи пори ману ту.

Раъдро шўри дафу соиқаро рақси самоъ,

Ларзаро сур диҳад ҷўри ситори ману ту.

Дидаҳо домгаҳу ромгаҳи ҷону диланд,

Фасли бехуни шикор аст, шикори ману ту.

Дами зебои ба ҳам омадани нуру булўр,

Гуҳари қатра бувад оинадори ману ту.

Фасли сармо бигузашт, сардии дилҳо бигузашт,

Дар ҳаво бўи баҳор аст, баҳори ману ту.

Гулрухсор

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Султон агар туӣ…
Илм чист ва илмӣ кадом аст?

Матолиби пурбоздид