Рӯзе, ки бозмерасад…

Адаб

Рӯзе, ки бозмерасад

Лоиқ Шералӣ

Рӯзе, ки бозмерасад вақти заволи ман,
Ёде кунед аз ману нуқсу камоли ман!
Нӯшед май ба хотири ҷоми шикастаам,
Хонед шеъри Ҳофизу Соиб мисоли ман.
Холӣ кунед бо дили пур шишаҳои май
Бе ман чунон, ки холӣ шуд ҷоҳу ҷалоли ман.
Гӯши фалак зи наъраи мастона кар кунед,
Бар ҳаққи он, ки дод басе гӯшмоли ман.
Бар гӯри ман дарахт макоред зинҳор,
Ояд агар ба турбатам он навниҳоли ман!
Рӯзи видоъ мурдаам хун гиря мекунад,
Гар чашмҳои шӯхи ӯ гиряд ба ҳоли ман…
Устод Лоиқ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон ва Эрон; заминаи ҳамкориҳои муштарак
Мақоми дуюми мусобиқоти Қуръони Карим: Муҳаммадёр

Матолиби пурбоздид