Дафтари аъмоли инсон

Адаб

Дафтари аъмоли инсон

Шарҳи як ҳадис

“Инсон гоҳе – агар аҳли хайр бошад – коре мекунад, ки баъд аз мурданаш он кор ва амали ӯ дорад кор мекунад. Ҳамин ҳадиси ҳазрати расулро дар ин замина бихонам, беҳтар аз ҳама аст, фармуд:

إِذا مَاتَ ابْنُ آدَمَ انْقَطَعَ عَنْهُ عَمَلُهُ إِلّا عَنْ ثَلاثٍ

Одамизод, ки мемирад, дафтари амалаш баста мешавад магар аз ноҳияи се чиз, ки ҳанӯз дафтари амалаш боз аст, яъне баъд аз худаш ин сутунҳо ҳанӯз боз аст:

صَدَقَهٌ جارِیةٌ

Яке, кори хайре, ки баъд аз ӯ ҷараён дошта бошад. Садақа бештар дар мавриди умури молӣ гуфта мешавад; як хидмати молӣ, ки инсон ба мардум мекунад, ки баъд аз мурдани худаш ҳам вуҷуд дорад ва идома дорад ва мардум аз он истифода мекунанд. Масалан касе меояд як муассисаи беҳдоштӣ таъсис мекунад барои ризои Худо; як муассисаи фарҳангӣ-илмӣ барои Худо, баъд аз мурданаш ҳам, ки мардум он ҷо таълиму тарбияти хуб пайдо кунанд, боз ин як кори зинда аст, ки идома дорад. Касе масҷидеро таъсис мекунад ва амсоли инҳо. Инҳоро “садақаи ҷория” мегӯянд. Пайғамбари акрам фармуд: яке аз сутунҳое, ки дар амали инсон боз мемонад, садақоти ҷория аст. Ин шомили кори хуб ва кори бад, ҳар ду мешавад. Як вақт касе муассисае таъсис мекунад, ки мардум аз он файз мебаранд; то он муассиса боқӣ аст, ҳасана барои ӯ сабт мешавад. Касе ҳам муассисае таъсис мекунад, ки мардум ба он васила зиён мебинанд ва зарар мебаранд дунёӣ ё маънавӣ ва охиратӣ, сабаби гумроҳии мардум мешавад; то он муассиса боқӣ аст, саййиа барои ӯ сабт мешавад…

Баъд фармуд:

أَوْ وَرَقَةُ عِلْمٍ یُعْمَلُ بِهَا

Яке аз асарҳое, ки баъд аз инсон боқӣ мемонад, варақе аз илм аст. (“Варақа” яъне барг, ҳамин варақ, ки мо мегӯем. Китоб аз маҷмӯи варақҳо ташкил мешавад.) Ҳарчанд ба андозаи як варақ навиштае, ки мардум аз он мунтафаъ бишаванд. Инсон худаш мемирад, навиштааш боқӣ мемонад. Модоме, ки ин навишта ҳаст ва мардум файз мебаранд, боз барои ӯ ҳасана навишта мешавад.

Ва дигар фармуд: фарзанди солеҳе аз худ боқӣ бигузорад, ки баъд аз мурданаш барои ӯ талаби мағфират кунад, ҳол ё бо дуо ва ё коре кунад, ки ба истилоҳи маъруф мӯҷиботи падаромурзидагӣ барои худаш фароҳам кунад…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон (10))

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ибни Сино – ҳакими раҳнамо
Гароиши ғарбиҳо ба Мавлоно

Матолиби пурбоздид