Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

Адаб

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

Ҳикояте аз «Гулистон»-и Саъдӣ

Корвонеро дар замини Юнон бизаданд ва неъмати беқиёс бибурданд. Бозаргонон гиряву зорӣ карданд ва Худою Пайғамбар шафеъ оварданд, фоида набуд.

Чу пирӯз шуд дузди тираравон,

Чӣ ғам дорад аз гиряи корвон.

Луқмони Ҳаким андар он корвон буд, яке гуфташ аз корвониён:

— Магар инонро насиҳате кунӣ ва мавъизае гӯӣ, то тарфе аз моли мо даст бидоранд, ки дареғ бошад чандин неъмат, ки зойеъ шавад?

Гуфт:

— Дареғи калимаи ҳикмат бошад бо эшон гуфтан:

Оҳанеро, ки мӯриёна бихӯрд,

Натавон бурд аз ӯ ба сайқал занг.

Бо сияҳдил чӣ суд гуфтани ваъз?

Наравад мехи оҳанин дар санг.

— Ҳамоно, ки ҷурм аз тарафи мост.

Байт:

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб,

Ки ҷабри хотири мискин бало бигардонад.

Чу соил аз ту ба зорӣ талаб кунад чизе,

Бидеҳ, вагарна ситамгар ба зӯр бистонад.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хохоми аршади яҳудӣ: “Исроилро тарк хоҳем кард!”
Кистӣ ва чистии инсон

Матолиби пурбоздид