Дафтари шабакаи Алҷазира дар Исроил баста шуд

Дафтари шабакаи Алҷазира дар Исроил баста шуд

Ахбори байналмилал

Ниҳоди расонаии давлати Фаластин дар Ғазза дар баёнияе бо эъломи ин ки дафтари шабакаи Алҷазира дар Исроил баста шуд, навишт:

“Таътилии фаъолияти шабакаи Алҷазираи Қатар дар Фаластини ишғолӣ нақзи ошкори озодии ақида ва баён аст”.

Ба гузориши Ирно, дар ин баёния омадааст:

“Ин иқдом ба Исроил латма хоҳад зад, зеро ба дурӯғ аз демукросӣ ва ҳуқуқи башар тамҷид мекунад, аммо нишон додааст, ки муртакиби нақзи фоҳише дар ин замина шудааст.”

Ин ниҳоди расонаии фаластинӣ афзуд:

“Мо сукути шармовари бисёре аз кишварҳоро маҳкум мекунем, ки худро ҳофизи ҳуқуқи башар медонанд, дар ҳоле, ки даргири ҷанги наслкушӣ ҳастанд ва дар ҷанги сокит кардани асҳоби расона мушорикат доранд.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳи ҳавоии Исроил
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ин ваҳшонияте, ки дар Ғазза иттифоқ меафтад, аз тарафи маъмӯае бархоста аз тамаддуни ғарбӣ аст”

Матолиби пурбоздид