Даҳ гуфтор – IX
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши нуҳум
Интизори беш аз ҳадд аз забон ва гӯш
Ин худ як ғафлати азим ва иштибоҳи бузурге аст имрӯз дар иҷтимоъ мо, ки барои гуфтан ва навиштан ва хитоба ва мақола ва хулоса, барои забон ва мазоҳири забон беш аз андоза арзиш қоилем ва беш аз андоза интизор дорем. Дар ҳақиқат аз забон эъҷоз мехоҳем. Биззарура, гуфтан ва навиштан хусусан агар ҳамон тавре бошад, ки Қуръон фармуда, ҳикмат ва мавъизаи ҳасана бошад, ҳақоиқро равшан кунад, танҳо ба сурати пандҳои таҳаккумомез ва омирона набошад, шарти лозиме аст, вале ба истилоҳ, шарти кофӣ ва ё иллати томма нест. Ва чун аз забон беш аз андоза интизор дорем ва аз гӯши мардум ҳам беш аз андоза интизор дорем ва мехоҳем танҳо бо забон ва гӯш ҳамаи корҳоро анҷом диҳем ва анҷом намешавад, нороҳат мешавем ва нола ва фиғон мекунем ва мегӯем:
Гӯш агар гӯши туву нола агар нолаи ман,
Он чи албатта ба ҷойе нарасад, фарёд аст.
(Яғмоии Ҷандақӣ)
Ин шеър барои мо дар ҳамаи замонҳо содиқ буда ва ҳаст. Фикр намекунам, ки мо иштибоҳ мекунем, мо беш аз андоза аз ин гӯш ва забони бечора интизор дорем, гоҳе ҳам — балки бештари авқот — бояд аз роҳи амал ва чашм истифода кунем, мо бо дасти худ ва амали худ хуб рафтор кунем, то онҳо бо чашми худашон бибинанд. Як миқдоре ҳам ба ин гӯш ва забони бечора истироҳат бидиҳем.
Амали ҷамъӣ ва гурӯҳӣ
Матлаби дигар ин ки гузашта аз ин ки мо дар иҷрои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бояд амалро дахолат диҳем, ба ин нукта таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки амал ҳам агар фардӣ бошад, чандон муфиди фоидае нест, хусусан дар дунёи имрӯз. Ин ҳам худ як мушкиле аст дар зиндагии иҷтимоии мо, ки онҳое ҳам, ки аҳли амал мебошанд, таваҷҷӯҳе ба амали иҷтимоӣ надоранд ва ба истилоҳ, якрав мебошанд. Аз амали фардӣ коре сохта нест, аз фикри фард коре сохта нест, аз тасмими фард кори сохта нест, ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ ва мушорикат лозим аст.
Дар тафсири “Алмизон” дар зайли ояти каримаи Қуръон:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اصْبِرُوا وَصَابِرُوا وَرَابِطُوا
(Сураи Оли Имрон, ояти 200) баҳсе дорад роҷеъ ба ин ки дастури ислом ин аст, ки тафаккур, тафаккури иҷтимоӣ бошад.
Мантиқ ё тааббуд?
Матлаби дигар, ки он хеле муҳим аст ин аст, ки мо дар иҷрои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, мантиқро дахолат намедиҳем, дар сурате, ки ҳар коре мантиқи махсус ба худ дорад, ки калиди он кор аст.
Арз кардам, чизеро, ки мо хуб шинохтаем ва беш аз андоза барояш асар қоил шудем, забон буд, на амал, дар амал ҳам таваҷҷӯҳ ба амали фардӣ буд, на иҷтимоӣ.
Акнун мегӯям, чизе, ки беш аз ҳар чизи дигар мавриди ғафлат аст, дахолати мантиқ аст дар ин кор. Мақсуд ин аст, ки дар кори маъруф ва мункар бояд тадобири амалӣ андешид ва бояд дид чӣ тарз амале мардумро нисбат ба фалон кори нек ташвиқ мекунад ва мардумро аз фалон амали зишт бозмедорад.
Чанде пеш дар яке аз рӯзномаҳои аср мақолае хондам таҳти унвони “Харворҳо панду насиҳат”. Дар он мақола баъд аз он ки навишта буд, ки дар кишвари мо харворҳо панду насиҳат ба суратҳои мухталиф, вале беасар аст, ин мислро зикр карда буд: “Як ҷав дармон беҳтар аз сад харвор нусха аст.” Баъд навишта буд:
“Чандин сол пеш дар яке аз шаҳрҳои кӯчак воқеъ дар аёлати Филоделфиё (Омрико) занҳо мубтало ба қиморбозӣ шуда буданд. Ибтидо кашишҳо ва рӯзноманависҳо ва хутабо ва фусаҳо то метавонистанд роҷеъ ба бадии қимор хусусан барои занҳо гуфтанд ва навиштанд, вале мисли ҳамин ҳарфҳои худамонӣ монанди гирду рӯйи гунбад сур хӯрд ва пойин афтод ва ба ҷойе нарасид, то он ки шаҳрдори маҳал ба фикр афтод яке дуто бошгоҳ ва намоишгоҳи ҳунарии занона доир кунад ва саргармиҳои муносиб дар он ҷо фароҳам намояд, аз қабили намоиши баччаҳои чоқу тандуруст ва ҷоиза додан ба модарони кордон ва аз қабили корҳои дастӣ ва ғайра, ки ҳар кадом барнома ва тартиботи хоссе дошт ва мардумро сари завқ меовард. Ду се сол аз ин ҷараён гузашт, ки занҳои он шаҳр ба куллӣ қиморро фаромӯш карданд.”
Инро мегӯянд чораи амалӣ ва тадбири амалӣ. Ин, маънои дахолат додани мантиқ ва тадбир аст дар мубориза бо мункарот. Агар онҳо мехостанд ба мавъизаҳо ва хитобаҳои кашишон ва мақолаҳо ва рӯзномаҳо қаноат кунанд, мебоист барои ҳамеша биншинанд ва мисли мо бигӯянд:
Гӯш агар гӯши туву нола агар нолаи ман,
Он чи албатта ба ҷойе нарасад, фарёд аст.
Аз қадим дар миёни мо маъруф аст, ки занҳо зиёд ғайбат мекунанд. Алъон ҳам занҳои қадимӣ ва муҳаҷҷаба дар айни ин ки аҳли намозу рӯза ва масҷиду ибодат ҳастанд, зиёд ғайбат мекунанд. Чаро? Зеро муҳити хонаводагии қадимии мо бо он сабке, ки буд, тавре аст, ки зани бечора агар ғайбат накунад, ҳарфи дигар ва кори дигар надорад. Аҳли илму маърифат ва китоб, ки нест. Аҳли ҳунар ва кордастӣ ва санъат, ки нест. Дар ҳоли фароғат аз заҳамоти хона, саргармии дигаре надорад ҷуз ин ки даври ҳам ҷамъ шаванд ва ғайбат кунанд. Руҳ билохира ғизо мехоҳад. Вақте ғизои саҳеҳ нарасид, аз гӯшти мурда тағзия мекунад.
أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَنْ يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا
(Сураи Ҳуҷурот, ояти 12) Дар ҳадис роҷеъ ба ғайбат ворид шуда, ки:
الغیبة إدام کلاب النار
(“Биҳорул-анвор”, ҷ.75 с.246) Ғайбат, хӯриши сагҳои ҷаҳаннам аст.
Мо то кунун ҳар чи хостаем ҷилави ин амалро бигирем, аз роҳи мавъиза ва забон буда, дар фикри чораи амалӣ ва тадбири мантиқӣ набудаем, қаҳран билоасар монда, баъд ба ҷойи он ки худамон ва тарзи амали худамонро муттаҳам намоем, занҳои бечораро муттаҳам кардаем, ки ҷинси онҳо чунину чунон аст.
Ҳамчунин имрӯз дар муҳити занҳои мутаҷаддид ва фарангимаоби мо бемории дигаре вуҷуд дорад ва он беморӣ ҳавасбозӣ ва ҳарчанд будан дар ҳошияи хиёбонҳо ва пайравии муфрит аз мӯдпарастӣ ва исроф ва таҷаммул аст, ба тавре, ки дар ахбори рӯзномаҳо мехонем, ки урупоиён эътироф доранд, ки дар ин умур занҳои эронӣ дар ҷаҳон дараҷаи авваланд. Инро ҳам мехоҳем бо забон ва мавъиза ва ё маломат ва таъна илоҷ кунем ва албатта бо ин васоил чорапазир нест. Агар рӯзе тавфиқ пайдо кунем, ки амалан дар фикри чораҷӯӣ биафтем ва мантиқро дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дахолат диҳем, ҳамаи ин мушкилот ба хубӣ ва осонӣ ҳал мешавад.
Агар мехоҳед бидонед, ки дар матни дастуроти исломӣ ба дахолат додани мантиқ дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар таваҷҷӯҳ шуда, ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунед: фуқаҳо умуман ба истиноди ахбор ва аҳодис гуфтаанд, ки яке аз шароити амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, эҳтимоли таъсир аст.
Эҳтимоли асар яъне эҳтимоли натиҷа додан. Ҳар ҳукме маслиҳате дорад: намоз маслиҳате дорад, рӯза маслиҳате дорад, вузӯ маслиҳате, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ҳам маслиҳате дорад. Маслиҳати ин кор ин аст, ки тараф ба сухан ё амали мо тартиби асар бидиҳад. Пас маънои эҳтимоли таъсир ин аст, ки эҳтимол бидиҳӣ маслиҳати ташреъи ин ҳукм, бар сухан ё амали ту мутараттиб бишавад.
Ҳол, аз шумо суол мекунам, ки чаро дар мавриди намоз нагуфтаанд, агар эҳтимол медиҳӣ ин намоз дар ту асар дошта бошад ва он маслиҳате, ки дар намоз ҳаст мутараттиб мешавад, бихон ва агар эҳтимол намедиҳӣ, нахон? Ва ҳамчунин дар бораи вузӯ ва рӯза ва ҳаҷ ва ғайра.
Барои ин ки онҳо таъаббудии маҳз мебошанд. Мо наметавонем ақли худамонро дар кайфияти онҳо ва дар ин ки бояд бикунем ё набояд бикунем ва чӣ ҷур бикунем, дахолат бидиҳем. Вале амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз корҳое аст, ки сохтмон ва кайфият тартиби он ва ин ки дар куҷо муфид аст ва ба чӣ шакл муфид аст ва муассир аст ва беҳтар самар медиҳад ва бор медиҳад ва натиҷа медиҳад, ҳамаро шореъ дар ихтиёри ақли мо ва фикри мо ва мантиқи мо гузоштааст. Арз кардам, соҳиби “Ҷавоҳир” ҳам мегӯяд: дар ҳамаи маворид, ягона чизеро, ки бояд дар назар гирифт ин аст, ки ба чӣ наҳв ва ба чӣ шакл ва бо чӣ кайфият ва чӣ васила, ба ҳадаф ва мақсуд наздик мешавем.
Агар ин матлабро хуб бифаҳмем, тарзи фикри мо дар фаҳми ахбор ва аҳодиси амр ба маъруф ва наҳй аз мункар иваз мешавад ва бисёре аз таъорузҳое, ки хаёл мекунем байни далелҳои ин асл дар баъзе хусусиёт вуҷуд дорад, муртафеъ мешавад. Феълан наметавонам беш аз ин дар атрофи ин матлаб сӯҳбат бикунам, зеро вақт гузаштааст.
Хулоса ин ки агар мо ростӣ мехоҳем ин асли фаромӯшшударо зинда кунем, бояд мактабе ва равише ба вуҷуд оварем амалӣ (на забонӣ фақат) ва дар айни ҳол иҷтимоӣ (на инфиродӣ) ва дар айни ҳол мантиқӣ ва мубтанӣ бар усули илмии илмуннафсӣ ва иҷтимоӣ. Дар ин вақт аст, ки сад дар сад умеди муваффақият ҳаст.
Ин нуктаро ҳам бигӯям дар хотимаи ароизам: ғолибан вақте, ки исми амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бурда мешавад, гуфта мешавад: эй оқо! Магар мегузоранд?! Магар мешавад амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кард?! Мавонеъи зиёде ҳаст.
Ман баръакс мӯътақидам, ки ягона чизе, ки дар ҳеч замоне мумкин нест ба таври куллӣ ҷилави онро гирифт ва ҳеч қудрате наметавонад ба куллӣ аз ӯ ҷилавгирӣ кунад, ҳамин амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Албатта агар мақсуд аз амр ба маъруф ва наҳй аз мункар танҳо гуфтан ва ҷанҷол кардан ва баъд ҳам эъмоли зӯру фишор бошад, мумкин аст мавонеъе пеш биёяд, вале арз кардам, асоси амр ба маъруф ва наҳй аз мункар некӯкорӣ аст. Магар мумкин аст касе бихоҳад аз худ гузаштагӣ кунад ва худро дар хидмати халқи Худо қарор диҳад, бихоҳад худаш хуб бошад ва ба мардум хубӣ кунад ва он гоҳ қудрате битавонад ҷилави хубии худи ӯ ё хубӣ кардани ӯро бигирад?! Магар мешавад ба мардум гуфт, хуб набошед ва ба мардум хубӣ накунед?!
Ба ҳар ҳол ин аст асли муқаддаси амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва он буд ва ҳаст тарзи мувоҷеҳаи мо бо ин асли муқаддас, ки кор ба ин ҷо кашида, ки на танҳо дар ҷомеаи мо матрук шуда, дар афкори мо низ масх шуда ва тағйири шакл додааст.
Ростӣ, ҳеч то кунун дар атрофи ин масъала фикр кардаед, ки чаро мо дар таърихи ислом аз ҳар табақае шахсиятҳои мубарриз доштаем; удабои бузург доштаем, ҳукамои бузург доштаем, фуқаҳои бузург доштаем, шуарои бузург доштаем, воизон ва хатибони бузург доштаем ва куттоб ва нависандагони бузург доштаем, мунаҷҷимин ва риёзидонҳои бузург доштаем, сиёсатмадорони бузург доштаем, санъатгарон ва ҳунармандони бузург доштаем, вале муслеҳин надоштаем ва аз ин ҷиҳат мо хеле фақирем. Албатта каму беш муслеҳ дар миёни мо зуҳур карда, аммо на он андоза, ки интизор меравад, бо ин ки мо асле дар ислом дорем ба номи асли амр ба маъруф ва наҳй аз мункар. Ин асл мебоист муслеҳини зиёде ба вуҷуд оварда бошад. Албатта набояд интизор дошт, ки ба ҳамон андоза, ки масалан адиб ё ҳаким ё фақеҳ ё мунаҷҷим ва риёзидон доштаем, мебоист муслеҳи иҷтимоӣ ва динӣ дошта бошем. Муслеҳ як нубуғ ва шахсият ва умқи назар ва дурандешӣ ва гузашти дигаре лозим дорад ва қаҳран азизулвуҷудтар ва қалилулвуҷудтар аст, вале фикр мекунам ба ҳамон нисбат ҳам, ки бисанҷем, боз надоштаем. Чаро? Ин суоле аст, ки феълан барои ман мақдур нест, ки битавонам ҷавобе ба он бидиҳам.
Ин қадр муслеҳ надоштаем ва сухан аз ислоҳ камтар шунидаем, ки фикр намекунем ин ҳам як шаъни бузурге аст ва шоистаи мардони бузург аст. Агар ба мо бигӯянд, Амирулмӯъминин ё Сайидушшуҳадо (Саломуллоҳи алайҳимо!) марде буд ҳаким, ҳама маънои ин калимаро мефаҳмем ва инро мадҳе барои он ҳазрат мешуморем. Ва ҳамчунин аст агар бигӯянд, марде буд фақеҳ ва ориф ба аҳкоми илоҳӣ, ё бигӯянд, марде буд хатиб ва фасеҳ ва балиғ. Вале агар бигӯянд, муслеҳ буд, чизе аз ин калима намефаҳмем ва чандон ба назари мо муҳим намеояд, дар сурате, ки аз ҳама шуъуне болотар ҳамин аст ва худашон ҳам ҳамин исм ва ҳамин шаънро барои худ писандидаанд.
Алӣ алайҳис-салом мефармояд:
اللهم إنک تعلم أنه لم یکن الذي کان منا منافسة في سلطان، ولا التماس شيء من فضول الحطام، ولکن لنرد المعالم من دینک، ونظهر الإصلاح في بلادک، فیأمن المظلومون من عبادک، وتقام المعطلة من حدودک
(“Наҳҷулбалоға”, хутбаи 129) Худоё! Ту медонӣ, ман на дар пайи риёсат ва зиъомат ва ҳукуматам ва на толиби молу сарвати дунё, ман фақат марде муслеҳ мебошам, мехоҳам нишонаҳои аз байн рафтаи динро баргардонам ва дар билоди ту ислоҳе ба амал оварам, то ситамдидагон дар амон қарор гиранд ва ҳудуди ту ҷорӣ шавад.
Сайидушшуҳадо (саломуллоҳи алайҳ) дар васияте, ки ҳангоми ҳаракат навишт ва ба бародарш Муҳаммад ибни Ҳанафия дод, менависад:
إني ما خرجت أشرا ولا بطرا ولا مفسدا ولا ظالما، إنما خرجت لطلب الإصلاح في أمة جدي
(“Мақтал”-и Хоразмӣ, ҷ.1 с.188) Ман барои ҳавову ҳавас қиём накардам. Ман марде ихлолгар ва ситамгар нестам. Фалсафаи қиёми ман ва наҳзати ман ислоҳталабӣ аст. Ман марде муслеҳ мебошам.
Идома дорад…
Қаламонлайн