Даҳ гуфтор – YI
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахшиш шашум
Тақво (6)
Оё ҳуш ғайр аз ақл аст?
Гоҳе афроде дида мешаванд, ки дар масоили илмӣ бисёр зирак ва боҳушанд ва аз дигарон хеле ҷилаванд, вале ҳамин ашхос дар масъалаи зиндагӣ ва роҳе, ки бояд интихоб кунанд мисли одамҳои гиҷу мутаҳайиранд, афроде, ки ҳушашон дар илмиёт аз инҳо хеле ақибтар аст, масолеҳи зиндагиро беҳтар ва равшантар мебинанд. Бинобар ин ин фикр пеш омада, ки дар инсон ду чиз аст: яке ҳуш ва яке ақл, баъзе боҳуштранд ва баъзе оқилтар.
Вале ҳақиқат ин аст, ки мо ду қувва надорем: яке ба номи ақл ва дигаре ба ном ҳуш. Афроди боҳуше, ки дар масоили амалӣ гиҷу мабҳуту мутаҳайиранд иллаташ ҳамон аст, ки арз шуд: дар асари туғёни душманони ақл, асари ақлашон хунсо шуда, порозитҳо намегузоранд, ки фармони ақли худро бишнаванд. Ин гуна ашхос порозити вуҷудашон зиёд аст, на ин ки дар ақли худ каму касре дошта бошанд.
Дар аввали сухан ишора кардам, ки тақво ва муҷоҳидаи ахлоқӣ ва таҳорати руҳ, дар он чи марбут ба ҳавзаи ақли назарӣ аст, ҳеч гуна таъсире надорад. Ҳатто фалсафаи илоҳӣ низ вобастагӣ ба ин маъонии ахлоқӣ надорад. Ва ишора кардам, ки дар айни ҳол ба наҳви дигаре тақво ва муҷоҳидаи ахлоқӣ дар таҳсили маорифи илоҳӣ муассир аст. Ин матлаб эҳтиёҷ ба баҳси мустақил дорад ва чун он чи феълан гуфтам хеле мухтасар буд, як ишораи кӯтоҳе мекунам.
Аз қадим бисёре аз доноён ба ин нукта расидаанд, ки дар инсон, илова бар ҳамаи қувваҳои ақлонӣ ва идрокӣ, як ҳисси мармузи дигар низ вуҷуд дорад, ки метавона номи онро ҳисси илҳомгирӣ гузошт. Илми имрӯз ҳам тадриҷан ин назарро таъйид мекунад; мегӯяд, як ҳисси асиле дар инсон вуҷуд дорад, ки аз ҳар қувваи ҳисси дигар мустақил аст. Ин ҳис низ ба навбаи худ каму беш дар ҳамаи афрод бо ихтилофу шиддату заъф мавҷуд аст ва монанди соири эҳсосҳои одамӣ қобили рушду нумӯву тарбият аст. Ҳоло бояд дид, чӣ чиз ин ҳисро дар инсон рушду нумӯву парвариш медиҳад?
Чизе, ки ин ҳиссро рушд медиҳад, тақво ва таҳорат ва муҷоҳидати ахлоқӣ ва мубориза бо ҳавоҳои нафсонӣ аст. Аз назари мантиқи дин, ин худ амрест ғайри қобили инкор. Дар ин ҷо фақат чанд ҷумла аз “Наҳҷул-балоға” дар ин замина нақл мекунам; мефармояд:
قد أحیی عقله، وأمات نفسه حتی دقّ جلیله، ولطف غلیظه، وبرق له لامع کثیر البرق، فأبان له الطریق، وسلک به السبیل، فتدافعته الأبواب الی باب السلامة
(“Наҳҷул-балоға”, хутбаи 218) Ақли хешро зинда карда ва нафси аммораро мирондааст, то он ҷо, ки асари ин муҷоҳидат дар бадани вай зоҳир шуда ва устухони вайро нозук ва ғилзати вуҷуди вайро табдил ба латофат карда. Дар ин мавқеъ барқи шадид барои вай меҷаҳад ва роҳро ба ӯ нишон медиҳад ва ӯро дар роҳ меандозад ва пайваста аз ин дар ба он дар ва аз ин марҳила ба он марҳила ӯро ҳаракат медиҳад, то мерасад ба он ҷо, ки боби саломати мутлақ аст.
يَهْدِي بِهِ اللَّهُ مَنِ اتَّبَعَ رِضْوَانَهُ سُبُلَ السَّلَامِ وَيُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِهِ وَيَهْدِيهِمْ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ
(Сураи Моида, ояти 16) (Худованд ба сабаб он, касонеро, ки хушунудии ӯро меҷӯянд, ба роҳҳои саломатӣ ҳидоят мекунад ва ба изни хеш эшонро аз торикиҳо ба сӯйи нур берун мебарад ва ба роҳи рост ҳидоят менамояд.)
Тақво ва талтифи эҳсосот
Тақво ва таҳорат дар як ноҳияи дигар ҳам таъсир дорад ва он ноҳияи авотиф ва эҳсосот аст, ки эҳсосотро рақиқтар ва латифтар мекунад. Ин тавр нест, ки одами ботақво, ки худро аз палидиҳо ва корҳои зишт ва касиф, аз риё ва тамаллуқ, аз бандагӣ ва косалесӣ дур нигаҳ дошта, соҳати замири худро пок нигаҳ дошта, иззат ва маноъат ва озодманишии худро ҳифз карда, таваҷҷӯҳаш ба маъно буда, на ба модда, як ҳамчу шахсе, навъи эҳсосоташ бо эҳсосоти як одами ғарқи дар фаҳшо ва палидӣ ва ғарқи дар моддиёт, яке бошад. Мусалламан эҳсосоти ӯ олитар ва рақиқтар ва латифтар аст, таассуроти ӯ дар муқобили зебоиҳои маънавӣ бештар аст, дунёро таври дигаре ва бо зебоии дигаре мебинад, он ҷамоли ақлӣ, ки дар олами вуҷуд аст, беҳтар ҳис мекунад.
Гоҳе ин масъала тарҳ мешавад, ки чаро дигар шоироне мисли собиқ пайдо намешавад? Чаро дигар он лутф ва риққат, ки масалан дар гуфтаҳои Саъдӣ ва Ҳофиз ҳаст, имрӯз пайдо намешавад? Ва ҳол он ки ҳама чиз пеш рафта ва тараққӣ карда, илм ҷилав рафта ва афкор тараққӣ намуда, дунё аз ҳар ҷиҳат пеш рафта.
Агар ба шоирони муосир барнахӯрад, ақидаи шахсии ман ин аст, ки иллати ин амр як чиз аст ва он ин ки илова бар завқи табиӣ ва қудрати халлоқаи фикрӣ, як риққат ва латофат ва ҳассосияти дигар дар замир лозим аст. Ин риққат ва латофат вақте пайдо мешавад, ки шахс таваҷҷӯҳи бештаре ба тақво ва маънавият дошта бошад, асири деви хашму шаҳват набошад, озодагӣ ва ворастагӣ дошта бошад. Агар иддае исрор доранд, ки шоирони равшанзамири гузаштаро ҳам мисли худашон олуда ва палид муаррифӣ кунанд ва ин муамморо ҳалнашуданӣ ҷилва диҳанд, матлаби дигаре аст. Ақидаи шахсии ман ин аст, ки одами палид ва олуда ҳар андоза қудрати ҳушу заковаташ зиёд бошад, аз дарки лутфҳои маънавӣ ва руҳӣ оҷиз аст ва наметавонад он тавр маъонии латифу рақиқ, ки дар суханони баъзе дида мешавад, ибдоъ кунад.
Тақво ва нерӯи пирӯзӣ бар шадоид
Аммо асари дигари тақво, ки Қуръони Карим мефармояд:
وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا
Ҳар кас, ки тақвои Худо дошта бошад, Худованд барои ӯ роҳи берун шудан аз сахтиҳо ва шадоидро қарор медиҳад.
Ҳамчунин мефармояд:
وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مِنْ أَمْرِهِ يُسْرًا
Ҳар кас, ки тақвои илоҳӣ дошта бошад, Худованд як навъ суҳулат ва осонӣ дар кори ӯ қарор медиҳад.
Амирулмӯъминин (Саломуллоҳи алайҳ!) мефармояд:
فمن أخذ بالتقوى عزبت عنه الشدائد بعد دنوها، واحلولت له الأمور بعد مرارتها، وانفرجت عنه الأمواج بعد تراكمها، وأسهلت له الصعاب بعد إنصابها
Яъне ҳар кас, ки чанг ба домани тақво бизанад, сахтиҳо ва шадоид баъд аз он ки ба ӯ наздик шудаанд, аз ӯ дур мешаванд ва корҳо, ки бар зоиқаи ӯ талх омадаанд, барояш ширин мешаванд, мавҷҳо, ки рӯйи ҳам ҷамъ шудаанд ва мехоҳанд ӯро ба ком бикашанд, аз ӯ канор мераванд, умури пурмашаққат бар ӯ осон мегардад.
Дар ин ҷо низ суоле тарҳ мешавад, ки чӣ робитае миёни тақво, ки як хасисаи руҳӣ ва ахлоқӣ аст, бо пирӯзӣ бар мушкилот ва шадоид вуҷуд дорад?
Ду навъ мазиқа ва тангно
Дар ин ҷо муқаддима бояд арз кунам, ки мазиқаҳо ва тангноҳое, ки барои инсон пеш меояд ва сахтиҳое, ки инсон дар он сахтиҳо воқеъ мешавад, ду навъ аст:
Як навъ мазиқаҳое аст, ки ихтиёр ва иродаи инсон ҳеч гуна дахолате дар онҳо надорад, мисли ин ки савори ҳавопаймо мешавад ва ҳавопаймо хароб мегардад ва ё он ки савори киштӣ аст ва дарё тӯфонӣ мешавад, хатари ғарқ шудан вуҷуд дорад ва амсоли ин шиддатҳо ва гирифториҳое, ки барои ҳар касе мумкин аст пеш биёяд бидуни он ки қобили пешбинӣ бошад ва ирода ва ихтиёри инсон дар он дахолат дошта бошад.
Ва навъи дигар аз ибтилоҳо ва мазоиқ ва гирифториҳо онҳоест, ки ирода ва ихтиёри инсон дар ин ки вориди он гирифториҳо бишавад ва ё нашавад ва агар ворид шуд, чӣ гуна хориҷ шавад дахолат дорад ва ба таъбири дигар, гирифториҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ.
Пас дар ин ҷо ду масъала пеш меояд: яке, таъсири тақво дар наҷоти инсон аз гирифториҳои навъи аввал ва дигар, таъсири тақво дар наҷот аз гирифториҳои навъи дуввум.
Аммо дар қисмати аввал ман алъон наметавонам изҳори назар кунам, ки баёни Қуръон шомили наҷот аз ин навъ гирифториҳо ҳам ҳаст ё нест. Албатта ҳеч монеъе нест, ки як ҳамчу номусе дар ҷаҳон бошад ва як навъ замонати илоҳӣ буда бошад, назири истиҷобати дуо, вале ҷумлае ҳаст дар “Наҳҷул-балоға”, ки метавон онро ба манзилаи тафсири ин матлаб талаққӣ кард, ки манзур, наҷот аз гирифториҳои навъи дуввум аст. Дар хутбаи 181 мефармояд:
واعلموا أنه من یتق الله یجعل له مخرجا من الفتن، ونورا من الظلم
Бидонед, ки ҳар ки тақвои илоҳӣ дошта бошад, Худованд барои ӯ роҳи берун шудан аз фитнаҳо ва нуре ба ҷойи торикӣ қарор медиҳад.
Фитнаҳо ҳамон ибтилоъоти суъ ва гирифториҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ аст.
Гирифториҳои навъи аввал нодирулвуҷуд аст. Умдаи гирифториҳо ва шадоид ва музоиқе, ки барои инсон пеш меояд ва зиндагиро талх ва шақоватолуд мекунад ва ҳар гуна саодати дунявӣ ва ухравиро аз инсон салб мекунад, ҳамин фитнаҳо ва ибтилоъоти суъ ва гирифториҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки маншаъи бештари гирифториҳои ҳар касе худи ӯст ва ҳар касе худаш болотарин душманони худаш аст –
أعدی عدوّک نفسک التي بین جنبیک
— ҳар касе худаш сарнавишти худро таъйин мекунад, ғолиби рафторҳои ҳар касе бо худаш хасмона аст.
Душман ба душман он написандад, ки бехирад
Бо нафси худ кунад ба муроду ҳавои хеш.
(Саъдӣ)
Ағлаби гирифториҳое, ки барои мо пеш меояд, аз хориҷ наомада, худамон барои худамон дуруст кардаем. Ман дар зиндагии худам ва ҳамчунин дар зиндагии ашхосе, ки таҳти мутолеаи ман будаанд, таҷриба кардаам, дидаам ҳамин тавр аст. Бо таваҷҷӯҳ ба инҳо хуб возеҳ мешавад, ки силоҳи тақво чӣ андоза муассир аст дар ин ки инсонро аз фитнаҳо дур нигаҳ медорад, ба фарзи ин ки дар фитна воқеъ шуд, тақво ӯро наҷот медиҳад. Қуръони Карим дар сураи Аъроф ояти 201 мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ اتَّقَوْا إِذَا مَسَّهُمْ طَائِفٌ مِنَ الشَّيْطَانِ تَذَكَّرُوا فَإِذَا هُمْ مُبْصِرُونَ
Мардумони ботақво агар ҳам аҳёнан хаёле аз шайтон бар онҳо бигузарад ва ҷони онҳоро ламс кунад ва руҳи онҳоро торик намояд, тазаккур пайдо карда ва ба ёди Худо меафтанд ва басирати худро бозмеёбанд.
Ба ҳамин далел, ки тақво асари аввал яъне равшанбинӣ ва издиёди басиратро ба дунболи худ дорад, асари дуввум яъне наҷот аз маҳолик ва мазоиқро дорад. Гирифториҳо ва шадоид дар торикӣ пайдо мешавад, торикии ғубори гуноҳон ва ҳавоҳо ва ҳавасҳо. Вақте, ки нури тақво пайдо шуд, роҳ аз чоҳ тамйиз дода мешавад ва инсон камтар гирифтор мешавад ва агар гирифтор шуд, дар равшании тақво беҳтар равзанаи берун рафтанро пайдо мекунад.
Гузашта аз ҳама инҳо, тақво ва худнигаҳдорӣ сабаб мешавад, ки инсон нерӯҳои захираи вуҷуди худро дар роҳҳои лағву лаҳву ҳаром ҳадар надиҳад, ҳамеша нерӯи захира дошта бошад. Бадеҳӣ аст, ки одами нерӯманд ва боирода ва бошахсият беҳтар тасмим мегирад ва беҳтар метавонад худро наҷот бидиҳад. Ҳамон тавре, ки нур ва рӯшноӣ доштан, роҳе ва василае аст барои наҷот ва раҳоӣ, қувват ва нерӯ доштан низ ба навбаи худ роҳ ва василае аст, ки Худованди Мутаъол қарор додааст.
Дар охирҳои сураи муборакаи Юсуф ояте аст, ки ба манзилаи натиҷагирӣ аз он достони аҷиб ва пурҳаяҷон аст. Достони ҳазрати Юсуфро каму беш ҳама шунидаед. Он ҷо, ки достон наздик аст ба охир бирасад, яъне баъд аз он ки Юсуф, азизи Миср мегардад ва бародарони Юсуф дар асари қаҳтӣ барои таҳияи ғалла, аз Канъон ба Миср меоянд ва онҳо Юсуфро намешиносанд, вале Юсуф онҳоро мешиносад ва Юсуф ба баҳонае Бенёминро, ки аз тарафи модар ҳам бо Юсуф бародар буд пеши худ нигаҳ медорад, дар ин вақт барои бори дуввум бародарон меоянд ва бо гардани каҷ ва илтимос аз Юсуф гандум мехоҳанд ва ҳолати аҷзу илтимоси хоссе ба худ мегиранд ва чӣ қадр хуб Қуръони Карим манзараи тазаллул ва зорӣ ва кӯчакии онҳоро дар ин оят муҷассам кардааст! Гуфтанд:
قَالُوا يَا أَيُّهَا الْعَزِيزُ مَسَّنَا وَأَهْلَنَا الضُّرُّ وَجِئْنَا بِبِضَاعَةٍ مُزْجَاةٍ فَأَوْفِ لَنَا الْكَيْلَ وَتَصَدَّقْ عَلَيْنَا إِنَّ اللَّهَ يَجْزِي الْمُتَصَدِّقِينَ
Эй азиз ва эй меҳтар! Мо ва хонаводаамон бадбахт шудаем ва ваҷҳи ноқобиле барои хариди гандум бо худ овардаем. Кайли тамом ба мо бидеҳ ва бар мо мискинон тасаддуқ кун. Худованд ба тасаддуқкунандагон подош медиҳад.
Юсуф то ин вақт худашро муаррифӣ накарда буд. Дар ин вақт хост худашро ба онҳо бишносонад:
قَالَ هَلْ عَلِمْتُمْ مَا فَعَلْتُمْ بِيُوسُفَ وَأَخِيهِ إِذْ أَنْتُمْ جَاهِلُونَ
Гуфт: ёдатон ҳаст, ки аз рӯйи ҷаҳолат ва нодонӣ, бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед? Ҳамин ки ин ҷумларо гуфт, ки оё ёдатон ҳаст бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед, онҳо ҷо хӯрданд:
قَالُوا أَإِنَّكَ لَأَنْتَ يُوسُفُ
Гуфтанд: оё ту Юсуф ҳастӣ?
قَالَ أَنَا يُوسُفُ وَهَذَا أَخِي قَدْ مَنَّ اللَّهُ عَلَيْنَا
Гуфт: бале, ман Юсуфам ва ин ҳам бародари ман аст. Худованд иноят ва лутфи хосси худро шомили ҳоли мо гардонид.
إِنَّهُ مَنْ يَتَّقِ وَيَصْبِرْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ
(Сураи Юсуф, оёти 88 то 90) Ҳар кас ки тақво ва сабр дошта бошад, худнигаҳдорӣ ва муқовамат дошта бошад, Худованд подоши некӯкоронро зойеъ намекунад. Ин ки мебинед, натиҷаи тақво аст, натиҷаи покӣ ва худнигаҳдорӣ аст. Ғулом шудам ва зери дасти ину он афтодам, аммо тақворо ҳифз кардам, корам ба ҷойе расид, ки муташаххистарини занони Миср ва яке аз зеботарин занони Миср аз мани ҷавони бе исму расм тақозои ком гирифтан кард, вале ман худамро дар паноҳи тақво нигаҳ доштам ва гуфтам:
رَبِّ السِّجْنُ أَحَبُّ إِلَيَّ مِمَّا يَدْعُونَنِي إِلَيْهِ
(Сураи Юсуф, ояти 33) Ман зиндонро бар ин лаззатҳои мақрун ба олудагӣ тарҷеҳ медиҳам. Тақвои он рӯз, маро имрӯз азизи Миср кард.
Тақво ва сабр ва покӣ ва назоҳат дар ин ҷаҳон гум намешавад, одамиро аз ҳазизи зиллат ба авҷи иззат мерасонад.
إِنَّهُ مَنْ يَتَّقِ وَيَصْبِرْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ
Мисли ин аст, ки Қуръони Карим натиҷаи достони Юсуфро дар ин як ҷумла хулоса кардааст, ки оқибат аз они тақвост. Тақво одамиро аз маҳолик ва шадоиди бисёре наҷот медиҳад ва ба авҷи иззат мерасонад:
وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا
Барои мардумони муттақӣ, ки дар ҳама ҳол худро ҳифз мекунанд, бунбаст ва шикаст вуҷуд надорад.
Вақте, ки инсон калимот ва хитоботи Абӯабдуллоҳ (а) (Имом Ҳусайн)-ро ба хонадони мӯҳтарамаш мебинад, ки бо чӣ имон ва итминоне ба онҳо итминон медиҳад, ғарқ дар ҳайрат мешавад: ё Рабб! Ин чӣ руҳия ва чӣ имон ва чӣ итминон аст ва ин тазминро аз куҷо гирифта буд?! Дар китобҳо навиштаанд:
ثم ودع ثانیا أهل بیته
Барои бори дуввум бо аҳли байти худ видоъ кард, ба онҳо гуфт:
استعدّوا للبلاء واعلموا أن الله حافظکم وحامیکم
Муҳайё ва омодаи таҳаммули сахтиҳо бошед ва бидонед, Худованд шуморо ҳифз ва ҳимоят мекунад.
وسینجیکم من شر الأعداء ویجعل عاقبة أمرکم إلی خیر
Шуморо наҷот хоҳад дод ва саранҷоми кори шуморо нек хоҳад кард.
ویعذب أعادیکم بأنواع البلاء، ویعوضکم الله عن هذه البلیة بأنواع النعم والکرامة
Душманони шуморо ба ақсоми азобҳо гирифтор хоҳад кард ва ба шумо ба ивази ин шадоид ва балоё, анвоъе аз неъматҳо ва кароматҳо хоҳад дод.
فلا تشکوا ولا تقولوا بألسنتکم ما ینقص من قدرکم
(“Нафасул-маҳмум”, с.355 ва 445) Мабодо шикоят кунед ва мабодо ҷумлае бар забон биёваред, ки аз қадру қимати шумо бикоҳад.
Итминоне, ки Ҳусайн (а) ба пирӯзии ниҳоӣ дошт ва ба хонадонаш талқин мекард, аз ҳамон ояти Қуръон сарчашма мегирад, ки мефармояд:
وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا
Ин тазминро аз Қуръон гирифта буд. Аз навъи итминон ва имоне аст, ки Юсуфи Сиддиқ дошт, ки ҳангоме, ки ба натиҷаи тақвои худ расид, бо хушҳолӣ ва ризоят мегуфт:
إِنَّهُ مَنْ يَتَّقِ وَيَصْبِرْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ
Вале Имом Ҳусайн (а) қабл аз он ки достон ба охир бирасад ва ба натиҷа бирасад, натиҷаро медид.
Калимоти шумурдаи Ҳусайн мисли тир бар қалби хонадонаш нишаст. Сахтиҳо ва асоратҳоро таҳаммул карданд, вале дар паноҳи сабр ва тақво, оқибати корашон ҳамон тавр шуд, ки Ҳусайн (а) ба онҳо ваъда дода буд ва Худованд дар Қуръон тазмин карда буд. Баъд аз чанде мебинем, ки Зайнаб (Саломуллоҳи алайҳо!) ҳамон ҷумлаҳои Ҳусайнро ба алфози дигар бо як дунё итминон бозгӯ мекунад. Хитоб ба Язид ибни Муовия карда мегӯяд:
فکد کیدک، واسع سعیک، وناصب جهدک، فوالله لا تمحوا ذکرنا، ولا تمیت وحینا، ولا تدرک أمدنا، ولا ترحض عنک عارها
(“Нафасул-маҳмум”, с.355 ва 445) Ҳар ҳилае, ки мехоҳӣ ба кор бибар ва ҳар чи дилат мехоҳад кӯшиш кун, аммо ба Худо қасам, ки нахоҳӣ тавонист номи мо ва маҳбубият ва эҳтироми моро аз байн бибарӣ, наметавонӣ ваҳйи зиндаи Худоро, ки дар хонадони мо пайдо шуда бимиронӣ. Барои ту ҷуз ору нанг ва расвоӣ дар ин ҷаҳон чизе боқӣ намемонад.
Идома дорад…
Қаламонлайн