Довари Вақт додварз асту бас

Таҳлили хабарӣ
Довари Вақт ҳақшиносу додварзе асту бас!
Марямбонуи Фарғонӣ
Банда одами дур аз сиёсат ҳастам, вале то андозае аз замони Н. Хурушев ёдвораҳое дорам. Масалан, аз синни 4-5-солагиам ба ёд дорам, ба маҳалли зистамон, ки Осиёи Мунори Риштони вилояти Фарғона буд, ҳар рӯз як бор “хлебовоз” меомаду намедонам чандтоӣ бошад, ба ҳар хонадон нони булка мефурӯхт. Бурдаи нони буханкаи сип-сиёҳи туршмаззаро, мегӯйӣ дар об фалла карда бошанд, агар дар қабза мегирифтӣ, аз он бемуҳобо об мешорид. Ёдам ҳаст, ки он нон бе ягон нонтарӣ аз гулу намегузашт. Одатан ба табақчае шакар мерехтему бурдаи нони булкаро ба он зада баъд ба даҳон мебурдем.
Мо беш аз сӣ сотих замини кишт доштем, аммо ҳақ надоштем, ки ба он гандум бикорем. Модари меҳнатқаринам ба он ҷаварии ошӣ кишт мекард. “Ҷаварии ошӣ” навъе аз рустаниест аз оилаи донагиҳо, ки баргу пояаш мисли ҷуворимакка аст. (Ин рустанӣ ба мисли хӯшаи ангур дар нӯки танаш ҳосил мебандад. Пояаш чун найшакар ширину сероб аст. Ҳосили онро дар ҷувози дастӣ кӯфта, аз он оши ҷаварӣ ва ё оши кӯча мепазанд, ӯзбакон онро “гӯжаош” мегӯянд.)
Хуллас, мо танҳо пас аз марги Н.С. Хурушеви ҷуворидӯст рӯйи нони гандумиро басерӣ дидем.
Модарам мегуфт: “Барои марги кали Хурушев касе нагирист. Вақте Сталин мурда буд, муаллимаҳои мактаби мо либоси кабуду сиёҳ пӯшида, “Во, падар!”- гӯён рӯймолчабадаст гириста буданд. Агар Сталин намебуд, мо дар ҷанг ғалаба намекардем. Ҷанговарон “За Родину! За Сталину!!!”,- гуфта ба сафи пеши ҷабҳаи ҷанг мебаромаданд ва ба ҳуҷум мегузаштанд, лозим ояд, номи Сталин дар забон худро зери танкҳои душман метаркониданд.”
Дар рӯзи вафоти Брежнев низ митингҳои ғамшарикӣ барпо шуда буд. Ростӣ, мардуми оддии деҳот “подшоҳи пайвастаабрӯй”-ро дӯст медоштанд. “Чунин замони серию пурӣ дар даври ягон пошшо набуд”,- мегуфтанд солрафтагон Сӯх. Аз он пас зуд-зуд сарварони ИҶШС” нав мешуданду ба дараҷаи “доҳӣ”-гӣ нарасида мемурданд…
Оқибат, бо гуфте, Гарбачуф сари давлату ҳукуматро дар “шашяки ҷаҳон” хӯрд ва 14 ҷумҳурии “бародарӣ”-ро аз банди “иттифоқ”-и ихтиёрӣ-маҷбурии “бародари калонӣ” озодӣ “бахшид”. Кишварҳои навозод тарсидаву рамида пасу пеш ин “ҳурият”-и худододро қабул ва истиқлолияти хешро эълон карданд. Дар Ӯзбакистон доди ҳукмрониро навсоҳибқирон – “Дода” дод, сарҳадҳоро бо симхорҳо басту миннкорӣ кард. Бо гуфте, бародарро аз хоҳару падарро аз фарзандон ҷудо кард. Ҳамсоя душман эълон шуд. Бо вуҷуди ин рӯзи маргаш ҳатто тифлони мактабхон “Додамни топиб беринглар!” (Бобои маро ёфта диҳед!)- гӯён ашк марҷон карданд.
Ниҳоят мардуми Ӯзбакистон “фуқаро” ном гирифту аҳли Тоҷикистон “шаҳрванд”.
Дар Тоҷикистон Маҳкамову Набиев аз ӯҳдаи идораи давлат набаромаданд. Ҷанги бо ном “бародаркушӣ”-и таҳмилӣ қариб рагу пайванди аҳолиро хушк мекард…
Бале, табиати инсонҳост, ки сари мансаббудагонро ба дараҷаи “доҳии муаззам” парастиш мекунанд, баъд аз сарашон ба сари қабрашон сад ман хок мепартоянду бадгӯйӣ мекунанд. Вале вақт қозии додварз аст, бо гузашти асрҳо сараку пучакро аз ҳам ҷудо мекунад ва баҳои одилонаи худро медиҳад. Курушу Искандару Чингизу Султон Маҳмуду Темури Ланг барин шоҳонро Довари Вақт ба некӯ бад ҷудо кардааст.
Марямбонуи Фарғонӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳурмуз ва вазирони падар
Ҳизбуллоҳ: “Исроил ба суръат ба лаҳзаи поён ва завол наздик мешавад”

Матолиби пурбоздид