Дидори сафири Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ дар Кобул

Дидори сафири Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ дар Кобул

Ахбори минтақа

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон Амирхон Муттақӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Тибқи иттилои манбаъ) Deutsche Welle (Олмон)(, дар ин дидор масъалаҳои марбут ба равобити дуҷониба, ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин вазъи умумии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҷузъиёти бештар дар бораи натиҷаҳои гуфтугӯ то кунун расман ироа нашудааст.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки равобити расмии Душанбе ва Кобул пас аз таҳаввулоти сиёсии Афғонистон дар соли 2021 марҳилаи ҳассосро тай мекунад ва ҳар ду ҷониб талош доранд масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро аз роҳҳои дипломатӣ пайгирӣ намоянд.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Азоби виҷдон
Бархӯрди ду киштии ҷангии Амрико дар обҳои Короиб

Матолиби пурбоздид