Қазоқистон – дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ

Қазоқистон – дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ

Ахбори минтақа

Қарор аст 20-ноябри соли 2022, дар Ҷумҳурии Қазоқистон, интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад.

Агарчӣ ба ин манзур, рақобатҳои номзадҳо ба тасаддии масъулияти раёсати ҷумҳурӣ оғоз шудааст, аммо аз назари коршиносон, раиси ҷумҳури кунунӣ – Тоқаев пирӯзи ниҳоии интихобот хоҳад буд.

Рақобатҳои интихоботии зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ду сол пеш аз замони муқаррар оғоз гардид, дар шароите дар ҳоли анҷом аст, ки рақибони Тоқаев ҳеҷ шонсе барои пирузӣ надоранд, зеро чеҳраҳои камтар шинохта шуда ҳастанд ва таҷрибаи чандоне дар майдони сиёсат надоранд.

Пас аз баёнияи Қосим Жормат Тоқаев мабнӣ бар баргузории интихоботи зудҳангом, ки дар аввали сентябр эълом шуд, дар маҷмуъ 15 нафар тамоюли худро барои номзадии раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон эълом карданд, ки номзадии нӯҳ нафари онҳо рад шуд ва дар ниҳоят, танҳо шаш нафар номнависии расмӣ карданд.

Чанд ҳизби сиёсии Қазоқистон, мисли ҳизби Амонат ҳукми, Ҳизби халқии Қазоқистон, Окжул ва чандин анҷумани мардумӣ аз номзадии Тоқаев ҳимояти худро эълом намудаанд.

Тарҳи пешазинтихоботии раиси давлати Қазоқистон мубтанӣ бар мафҳуми Қазоқистони ҷадид аст ва бар ҳамин асос, ислоҳоте, ки раиси ҷумҳур пас аз ҳодисаҳои январ оғоз кард, шомили таъкид бар саркуби инҳисорталабӣ, парҳез аз инҳисори иқтисодӣ, бетарафӣ дар сиёсати хориҷӣ ва масоили иҷтимоӣ дониста шудааст. Лозим ба ёдоварист, Қазоқистон дар моҳи январи имсол, шӯришҳои мардумии маргбореро пушти сар гузошт.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба шахсияти ҳазрати Исо(а) дар Қуръон ва Инҷил – II
Нигоҳе ба шахсияти ҳазрати Исо(а) дар Қуръон ва Инҷил – I

Матолиби пурбоздид