Диндории ҷоҳилона
Ба муносибати солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб
Бахши аввал
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Дар Рамазони соли 40 ҳиҷрӣ (мутобиқ бо 661 мелодӣ), Алӣ ибни Абӯтолиб ҳангоме, ки машғули хондани намози субҳ дар масҷиди Куфа буд, ба дасти марде мусалмон ба номи Абдурраҳмон ибни Мулҷам, бо як шамшери масмум, аз ноҳияи сар зарбат хӯрд ва ду рӯз баъд, дар 19 ё 21 Рамазони ҳамон сол ба шаҳодат расид.
Ба ҳамин муносибат, шоиста дидам дар яке ду қисмат, роҷеъ ба ин рухдод ва ин ки чӣ чизе сабаб шуд, як мусалмон Алиро бикушад, бо шумо сӯҳбат кунам.
Абдурраҳмон ибни Мулҷам Алиро мешинохт, на ин ки бо ӯ бегона бошад; медонист Алӣ кист ва аз чӣ ҷойгоҳе дар ислом ва дар назди ҳазрати Паёмбар (с) бархӯрдор аст; ӯ инро медонист, вале бо ин ҳама, “эҳсоси масъулияташ дар баробари дини Худо” ва “дар роҳи Худо” – ҳамон тавре ки худаш мегӯяд – ва “барои ризоят ва хушнудии Худо” ва “дар гиромитарин рӯз дар назди Худо”, Алиро кушт, то – ба қавли худаш – ба баландтарин аҷру подоши илоҳӣ ноил ва муваффақ ба лиқои ҳурулайн дар биҳишти барин шавад.
Таърихнигорон аз ҷумла Ибни Касир дар “Ал-бидоя ван-ниҳоя” менависад:
ولما ضربه ابن ملجم قال: لا حكم إلا لله ليس لك يا علي ولا لأصحابك، وجعل يتلو قوله تعالى: وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَشْرِي نَفْسَهُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاةِ اللَّهِ وَاللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ
“Ибни Мулҷам вақте Алиро зад, гуфт: ло ҳукма илло лиллоҳ, яъне ҳукм ва ҳукумат, фақат махсуси Худост, на аз барои ту эй Алӣ ва на аз барои ёронат ва ӯ (Ибни Мулҷам) ин оятро тиловат мекард: “Баъзе аз мардум ҷони худро ба хотири ризояти Худо мефурӯшанд ва Худованд нисбат ба бандагон меҳрубон аст.” (Ал-бидоя ван-ниҳоя, ҷузъи 7)
Шояд бипурсед: магар имкон дорад инсон мусалмон бошад ва тоза, то ба ин ҳадд мухлис ҳам бошад, вале бо ин ҳама, даст ба ин ҷиноят бизанад?
Ҷавоб ин аст, ки бале! Ҷаҳолат ва нодонӣ ва хушкмағзӣ вақте гиребонгири инсон бишавад, инсонро ба мавҷуде табдил хоҳад сохт бисёр аҳмақ, аблаҳ ва кавдан, ки ба ҳар кор ҳозир аст, чӣ диндор бошад вай ва чӣ бедин; ва агар диндор аст, чӣ мусалмон бошад ва чӣ масеҳӣ ва чӣ яҳудӣ ва чӣ мушрик; ва агар мусалмон аст, чӣ шиъа аст ва чӣ суннӣ; ва агар суннӣ аст, чӣ ҳанафӣ бошад, чӣ салафӣ ва чӣ сӯфӣ… Хулоса, ҷаҳолат ва нодонӣ мазҳабу маслак надорад.
Ба ҳамин хотир аст, ки дар ислом ба он андоза, ки ба дониш ва огоҳӣ ва хирдаварзӣ таъкид шуда, ба ҳеч чизи дигаре нашуда:
قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ ۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ
“Бигӯ (эй Муҳаммад!): оё онон, ки аҳли илму донишанд, бо мардуми ҷоҳили нодон яксонанд? Фақат хирадмандон мутазаккири ин матлабанд.” (Зумар/9)
قُلْ هَٰذِهِ سَبِيلِي أَدْعُو إِلَى اللَّهِ ۚ عَلَىٰ بَصِيرَةٍ أَنَا وَمَنِ اتَّبَعَنِي ۖ
“Бигӯ (эй Муҳаммад!): тариқаи ман ва пайравонам ҳамин аст, ки халқро ба сӯйи Худо бо биноӣ ва басират даъват кунем…” (Юсуф/108)
Ҳазрати Паёмбар (с) дар ҳадисе саҳеҳ фармоянд:
من سلك طريقًا يطلبُ فيه علمًا، سلك اللهُ به طريقًا من طرقِ الجنةِ، وإنَّ الملائكةَ لتضعُ أجنحتَها رضًا لطالبِ العِلمِ، وإنَّ العالِمَ ليستغفرُ له من في السماواتِ ومن في الأرضِ، والحيتانُ في جوفِ الماءِ، وإنَّ فضلَ العالمِ على العابدِ كفضلِ القمرِ ليلةَ البدرِ على سائرِ الكواكبِ، وإنَّ العلماءَ ورثةُ الأنبياءِ، وإنَّ الأنبياءَ لم يُورِّثُوا دينارًا ولا درهمًا، ورَّثُوا العِلمَ فمن أخذَه أخذ بحظٍّ وافرٍ
“Ҳар кас роҳеро барои талаби илм бипаймояд, Худованд роҳе барои ӯ ба сӯйи биҳишт ҳамвор месозад. Ва малоика болҳояшонро барои толиби илм мегустаронанд, зеро корашро – ки талаби илм аст – меписанданд. Ва ҳамаи касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, ҳатто моҳиён дар об, барои олим дархости омурзиш мекунанд. Ва бартарии олим бар обид монанди бартарии моҳ бар соири ситорагон аст ва уламо ворисони паёмбарон ҳастанд. Паёмбарон дирҳаму диноре ба мерос нагузоштаанд, балки танҳо илмро ба мерос гузоштаанд ва ҳар кас илм касб кунад, баҳраи фаровоне ба даст овардааст.” (Сунани Абӯдовуд)
Дар қисмати баъдӣ, роҷеъ ба қотили ҳазрати Алӣ ва чароӣ ва далели иқдоми ӯ ба ин ҷиноят бештар сӯҳбат хоҳам кард.
Идома дорад…
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: