Додгоҳи Лоҳа Исроилро муртакиби наслкушӣ дар Ғазза донист

Додгоҳи Лоҳа Исроилро муртакиби наслкушӣ дар Ғазза донист

Додгоҳи Лоҳа (Гаага): Исроил муртакиби наслкушӣ дар Ғазза шудааст

Mehrnews

Ахбори байналмилал

Қозии Додгоҳи Лоҳа дар ҷаласаи судури ҳукм дар бораи шикояти Офриқои Ҷанубӣ аз режими саҳюнистӣ дар бораи наслкушӣ дар Ғазза, гуфт: “Мо имкони вуқӯи наслкушӣ дар навори Ғаззаро рад намекунем.”

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Алҷазира, Ҷоан Доноҳю, қозии Додгоҳи Лоҳа, дар ҷаласаи судури ҳукм дар бораи шикояти Офриқои Ҷанубӣ аз режими саҳюнистӣ дар бораи вуқӯъи наслкушӣ дар Ғазза, таъкид кард: “Мо ба шиддат дар бораи идомаи кушта шудани ғайринизомиён дар навори Ғазза нигарон ҳастем.”

Вай афзуд: “Додгоҳ наметавонад дархости Исроил дар заминаи адами баррасии шикояти матраҳшуда аз сӯйи Офриқои ҷанубиро қабул кунад.”

Вай таъкид кард: “Додгоҳ ихтиёроти лозим барои судури ҳукм дар бораи мавзӯъи иртикоби наслкушӣ аз сӯйи Исроилро дорад.”

Ҷоан Доноҳю афзуд: “Мо мавзӯъи наслкушии матраҳшуда алайҳи Исроилро рад намекунем. Гузоришҳои байналмилалӣ таъкид дорад, ки Ғазза ба маконе барои марг ва ноумедӣ табдил шудааст.”

Вай таъкид кард: “Додгоҳ дар бораи вуқӯъи наслкушӣ ва ё адами он (аз сӯйи Исроил), дар шароити кунунӣ тасмиме нагирифтааст, аммо дар бораи имкони вуқӯъи наслкушӣ тасмимгирӣ хоҳад кард.”

Вай афзуд: “Мо ҳаққи фаластиниён дар Ғазза барои масун мондан аз иқдомоти наслкуширо мавриди таъйид қарор медиҳем.”

Қозии Додгоҳи Лоҳа афзуд: “Исроил бояд тадобире дар заминаи адами вуқӯъи ҷинояти куштор алайҳи як гурӯҳи инсонӣ ва ё осеб расондани шадид ба онҳоро иҷроӣ кунад.”

Вай афзуд: “Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки осебе, ки ба ғайри низомиён дар навори Ғазза ворид шуда, дар сатҳи ҷинояти ҷангӣ аст.”

Ҷоан Доноҳю таъкид кард: “Бар асоси ҳукми Додгоҳи Лоҳа, Исроил бояд тадобири қонунии байналмилалиро ба иҷро гузошта ва фавран аз адами иртикоби мавориди нақзкунанда (-и ҳуқуқи башар) аз сӯйи артиши Исроил итминон ҳосил кунад.”

Вай афзуд: “Исроил бояд ҳамаи тадобири лозим барои манъи тарғиби мустақим ба наслкушӣ (дар Ғазза)-ро иҷроӣ кунад.”

Қозии Додгоҳи Лоҳа таъкид кард: “Исроил бояд ниёзҳои инсонии лозим барои навори Ғаззаро ба таври фаврӣ таъмин кунад.”

Вай дар поён хотирнишон кард: “Исроил бояд аз ҳар гуна иқдоме дар ростои куштор, таҷовуз ва вайронӣ алайҳи сокинони навори Ғазза иҷтиноб кунад.”

Ба гузориши хабарнигори Алҷазира, Додгоҳи Лоҳа тақрибан дар бораи ҳамаи мавориде, ки алайҳи режими саҳюнистӣ дар шикояти Офриқои Ҷанубӣ матраҳ шуда буд, ибрози назар кардааст ва танҳо ба мавзӯъи лузуми барқарории оташбаси фаврӣ дар навори Ғазза вуруд накардааст.

Як коршиноси ҳуқуқӣ низ дар гуфтугӯ бо Алҷазира, тасмимоти Додгоҳи Лоҳаро пирӯзии миллати Фаластин хитоб кард ва дар айни ҳол ба лузуми иҷрои тадобири боздорандаи бештар алайҳи режими саҳюнистӣ дар заминаи адами иртикоби ҷиноёти ҷангии бештар дар Ғазза таъкид кард.

Mehrnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раҳбари Ансоруллоҳ: “Мардуми Яман Ғаззаро танҳо раҳо нахоҳад кард”
Фили сиёҳ

Матолиби пурбоздид