Истиқлоли таҷовузшуда

Таҳлили хабарӣ

Истиқлоли таҷовузшуда

Меҳмоншо Шарифзода

Истиқлоли таҷовузшуда: тоҷик, тарс & террор

Ин ҳодиса барои ки зурур буд, ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони он киҳо буданд? Чиро Тоҷик? Раванди ин ҳодисаро мардум бо забонҳои гуногун ба таври муфассал таҳлилу тафсир доранд ва ҳануз ҷавоби пурра нест баръакс пурсишҳо зиёдтар мешаванд. Дақиқан тарроҳон ва ташкилкунндагони ин ҳодиса дигаронанд ва бештари мардум бар инанд, ки иҷрокунандагони ин куштор ҳам дигаронанд на муҳоҷирони Тоҷик. Дақиқан, ҳолатест, ки дар Афғонистони замони Карзай ва Ашраф Ғанӣ, кӣ ба фасод ва шиорпароканӣ машғул буданд ва террор дар ҳама ҷо ҳукумрон…

Бешак низомҳои худкомаи Руссия ва Тоҷикистон ба марҳилаи охири будани худ дохил шудаанд, ки бе ташкили террор, фоҷеъа ва фитна коре кардан наметавонанд. Акнун исбот шуда, ки фасод бо террор дасти ба даст меравад ва даҳшат инаст, ки он аз тарафи давлат тарроҳи ва идора карда мешавад ва ба хусус Путин дар ин кор таҷруба дорад ва ҳодисаҳое, ки дар Бадахшони Тоҷикистон гузаштанд шоҳиди ин корҳоянд. Бубинед, фашистеро, ки гуши муҳоҷири Тоҷикро буридааст ба ҳарфи мардуме, ки уро шинохтааанд дар кушторҳои Рушон ҳам иштирок доштааст.

Ин худ натиҷаи “сиёсати хирадмандонаи” ҳамин ҳукумат аст, ки фасод, дуздӣ ва дуруғро ниҳодина кардааст. Мардуме, ки дар ватани худ аз ҳимояи қонун берунанд, дар мамлакати нимаваҳшие мисли Руссия чӣ гуна метавонад дар ҳимояи қонун будан. Ҳамин аст, ки ин террорҳо, амалиёти дуздии мардум ва фурухта шуданашон дар якҷоягӣ аз тарафи ниҳодҳои фасодзадаи ин низомҳои худкома ва фасодзада ташкил ва идора карда мешаванд…

Нуқтаи марказии ин фоҷеъа бераҳмона куштани мардум аст ва ин корро дар Рушон зархаридони рус иҷро карда буданд. Ин амалҳои ваҳшиёнаро, ки ин одамкушҳо дар Рушон карданд, мардум бо душманони худ намекунанд ва дар ҷаҳони ботамаддун бо асир чунин таҳқир ва азобро раво намебинанд ва ҳоло он ки ин мардум асир набуданд ва бо касе дар ҳоли ҷанг набуданд. Дақиқан ин бераҳмӣ, беимонӣ ва бетафовути нисбат ба дарду ҳиси як инсон, нисбат ба ҳаёти як инсон аз сифатҳои ин зархаридон аст.

Бештари коршиносоне, ки руйдоди Маскавро пайгирӣ мекунанд бар инанд, ки муҳоҷирони дастгиршуда наметавонанд чунин кореро анҷом додан. Зеро дар чунин амалиётҳи террористӣ касони озмуда, мағзшуйишуда, беҳис, бедард ва аз одамият дур, ки тавонанд мардуми мулкиро ба осонӣ, ваҳшиёна ва эҷодкорона қатл кардан, метавонанд иштирок кардан. Маълум аст, ки чунин таҷрибаҳо ва омузишгоҳҳоро давлатҳое мисли Руссия, Амрико, Руссия, Изроил ва дигарон доштанд ва доранд. Ба хусус Путин меросбари низоми истибдодии Шуравист, ки ҷавҳари воқеъии ин шакли ҳукумрониро террор ва таблиғот (пропоганда) ташкил медод….

Шояд ба ин пурсиш, ки ‘ин руйдод барои ДИИШ (давлати исломии ироқу шом) зарур буд ва ё Украина ва ё ягон ташкилоту давлати дигар’ ба ин наздикиҳо ҷавоби равшан пайдо нашавад….Инҷо пурсиши барои мо зарур ин аст, кӣ “чиро Тоҷиконро дар ингуна фоҷеъаҳои хунин пайдо мекунанд ва ҳамчун иҷрокунандагони ин корҳо ном мегиранд?” Умуман чиро Тоҷикон ба бозичаи дасти сиёсатмадорони гуногун табдил ёфтаанд? Чиро дигарон аз онҳо истифода мекунанд? Чиро Тоҷик то ба ин сатҳ расонида шуда бошад, ки барои пул аз куштани мардум, ба хусус занону кудакон даст кашидан натавониста бошад?

Бубинед, сари тоҷик зери пойи фашисти русист ва ҳар чӣ онҳо хостанд ӯ ҷавоб медиҳад. Бо барқ азобашон медиҳанд, бо задан чашмашро мекафонанд ва ё гуши Тоҷикро мебуранд ва дар даҳонаш меандозанд ва кордеро, ки гуши Тоҷикро буридаанд ба даҳ миллиони русӣ мефурушанд. Дар рафти ин тафсирҳо яке аз онҳо “сабзавот” (овощи), дигаре “баррачаҳои тарсону ҳайрон”, ва “тоҷикони нимҷон” ва ғайра ном мебаранд. Бале ин ҳолат, дар хунукии Руссия бе либос, зери мушту лагати фашист-сарбозони русӣ, ки бо иттиҳоми терроист будан дастгир шудаанд ва аз забони онҳо ҳарф намебарояд. Дар ин ҳолат онҳо танҳо сабзавотанд ва ҳатто мурғ, ки баъзе антропологҳо бо шухи “сабзавоти бо сару садояш” (noisy vegetable) меноманд, нестанд. Акнун ин мавҷудест, ки аз Равшану Ҷамшуд ҳам поинтар, кӣ аз худ ҳимоят кардан наметавонад ва орзуву умед ҳам дар вуҷуди ӯ кушта шудаанд.

Ин мавҷудест, ки дар адабиёти имрӯзаи ғарб бо номи “муселман” (Muselmann) ёд мешавад. Ин намуди мардумест, ки аслан ба Ислом ва мусалмон ягон рабте надорад ва ин мафҳум аз забони фашистоне гирифта шуда, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон мардуми яҳудии ҷисман ва руҳан хаста ва шикастаро меномиданд. Фашистон ҳама гуна хоҳиш ва орзуро дар вуҷуди ин маҳбусон мекуштанд. Ин маҳбусҳо дар лагерҳои фашистӣ дар ҳоле хомӯш ва беҳаракат меистоданд, ки чун як мусалмон, ки дар намоз ҳама чизро фаромӯш мекунад ва ба зикр машғул аст. Шояд афсарони фашист ба ин хотир ин номро ба маҳбусони яҳудӣ монда буданд. Нишони зиндагӣ дар ин маҳбусон набуд ва бо гуфти Примо Леви, нависандаи яҳудитабори итолиё, онҳо дар чунин ҳолати харобии ҷисмонӣ ва инкори вуҷудӣ буданд, ки “кас шарм мекард онҳоро зинда гуфтан: кас шарм мекард марги онҳоро марг гуфтан”.

Ин падидаро аввал Примо Леви, ки худ таҷрубаи будан дар логерҳои фошистиро дошт дар китоби худ “Агар ҳамин одам бошад” (If This Is a Man) тавсиф кардааст ва баъдан файласуфи итолиёӣ Агамбен пайдо шудани чунин намуди одамҳоро натиҷаи био-сиёсати қисмате аз давлатҳои дунё медонад…

Ҳоло инҷо баъди масъалаи куштори мардум масъалаи барои мо дарднок ин аст, ки чиро Тоҷик то ба ин сатҳ расонида шудааст, ки худро соҳиби кардан наметавонад. Кӣ фардияти Тоҷиконро шикаста, кӣ дигарон аз онҳо барои корҳои пасту торики худ истифода мекунанд? Чиро ин мардум дар дохил ва дар берун, руҳан ва ҷисман хаста ва шикастаанд ва мавҷуде ҳастанд, ки тавони муқовимат ва мубориза барои ҳақи худ, барои шарофати инсонии худро надоранд? Чиро наметавонанд барои худ ва фарзандони худ фазои солим ташкил кардан? Ин қавм аз кадом мактаб, аз кадом донишгоҳ, аз кадом муҳити фарҳангӣ, аз кадом ҷомеъа ва аз кадом сарзамин берун омадаанд? Ин сарзамин чӣ ном дорад? Кӣ сафи ҳаросафканон, бунёдагроҳо ва серпаратистҳоро аз ҳисоби Тоҷикон зиёд ва зиндонҳоро аз онҳо пур мекард ва мекунад….

Бале, ин мавҷудест, ки дар ҳамин солҳои “сиёсати хирадмандона” шакл гирифтааст ва ин натиҷаи ҳамин бо ном “инқилоби фарҳангӣ-маънавист”, ки Фаттоҳзода, Мирзоён ва дигар идеолог-пропогандистҳои ин ҳукумати фасодзада, дузд ва дуруғгӯ дар назар доштанд ва доранд. Дақиқан ҳарфҳои пропогандистҳои ин ҳукумат мисли Маҳмадов, Мирализода, Талбаков, Раҳнамо ва ғайра ҳамин аст, ки Тоҷикони дар ин террорҳои Шероз, Кирмон, Истамбул ва Маскав иштирок карда обруйи ‘давлату миллати’ Тоҷикстонро резонидаанд. Зимнан, имруз ҳама ниҳодҳои ‘илми-таҳқиқотӣ’, академияи илмҳо, донишгоҳо ва мактабҳо ба марказҳои таблиғотии ҳукумати шахсишуда ва фасодзада табдил ёфтаанд. Илм, дониш ва фикр ҳама ҷо дар сояи афсона (дуруғ) мондааст.

Масалан Мирализода мегуяд “Дар ин бозии хатарнок иммиҷӣ давлату миллат дар миён гузошта шудааст” ё Маҳмадов, ки баъди воқеъаҳои Кирмон, ки зиёда аз навад одам кушта шуданд, дар бораи “хавфи репутатсонӣ” навишт, ки гуё будани Тоҷикон дар ин ҳодисаҳо ба имиҷ ва обруйи Тоҷикистон таъсиргузоранд. Умуман ин мардум ҳеҷ аз ақл ва мантиқ кор намегиранд, ки дар ин сарзамин чӣ мегузарад. Имруз ин фоҷеаҳо, ки дар дохил ва беруни ин сарзамин такрор мешаванд реша дар воқеъияти Тоҷикистон доранд. Ин на танҳо воқеъият балки як ҳақиқатест, ки бо ягон баҳсу ҳарфи дигар чаканпуш кардан намешавад. Шумо барвақт имиҷи Тоҷикон ё ба истилоҳи шумо имиҷи ‘давлату миллат’- ро таҷовуз кардаед. Раванди миллатшавии ин мардумро шикастед ва роҳбарони шумо субъектҳои дигар давлатҳоянд ва мушкил аст дар бораи истиқлоли давлатӣ ва имиҷӣ шумо чизе боарзиш гуфтан…

Аслан пропогандистҳои ин низоми бефарҳанг мисли муллоҳои толибон ҳамеша воқеъиятро фаромуш мекунанд, ва ҳеҷ гоҳ аз воқеъият ҳарф намезананад, ва кушиши дигар кардани воқеъиятро надоранд. Аз сиёсат дур будан ва ба бозии сиёсат машғул будан яке аз умумияти асосии пропагандистҳои ҳукумати худкома ва ҳукумати Толибон аст.

Дар ин сарзамин бояд фазоӣ нави будан шакл мегирифт, ки ин колхозчиҳо аз уҳдааш набаромаданд ва зиндагии лучи мардумро бо ягон шакли солими ҳаёти пушонидан натавонистанд. Ба ҷои фазои ягонаи модди – иқтисодӣ, фазои ягонаи сиёси – иҷтимоӣ ва фазои ягонаи солими равонӣ (Лафевебре) имруз се фазои баръаксро дар Тоҷикистон шакл доданд-фазои душмансозӣ, фазои дуздиву дуруғ ва фазои номуаянӣ ва ноумедӣ.

Гузашта аз ин, чи гунае ки қайд кардем, ҳукумат ва давлатдориро шахсӣ ва соягӣ карданд. Табиист, ки дар чинин муҳит ҳатман ҳамин гуна субъектҳо шакл мегиранд. Дар муддати ин солҳо ин ҳукумати шахсишуда, аз як сӯ, сафи террористонро аз Тоҷикон пур мекард ва аз дигар сӯ, мухолифони сиёсии худро ҳамчун бунёдгаро, ҳаросафкан ва сепаратист гуфта зиндонӣ ва аз фазои сиёсӣ ва аз мамлакат берун кард…

Дар ин сарзамин дигар ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд надорад ва агар дорад сахт заиф ва парокандаву хомӯш аст. То куҷое, ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон вуҷуд дошт, ки ба таври ваҳшиёна саркӯб карда шуд ва дар ин раванд рузноманигорон, ҳуқуқшиносҳо ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандиро зиндонӣ ва террор карданд…

Гузашта аз ин, ин қарина (контекст) дар фазои бозиҳои бузург қарор дошт ва дорад ва имруз дар ин сарзамин, ки Хуросон ном дорад ба ҳарфи устод Шакурӣ ‘истиқлоли фарҳангии мо [Тоҷикон] заиф шуд’, акнун давлатҳои худкома, ҳаракатҳои ҳаросафкане мисли толибон, ДИИШ ва ғайра доранд амал мекунанд…

Дар ин қарина ду сад соли охир ‘Бозиҳои Бузург гузаштанд, ки дигарон барои ин мардуми марзҳо, ҳудудҳо арзишҳо ва ҳуввият муаян кардаанд ва ҳануз ҳам ин бозӣ давом дорад. Мутассифона, ба ин технологҳо ё архитекторҳои ‘ҷаҳони нав’ муяссар гардид бо ташкил ва истифодаи ҳаракатҳои бунёдгаро-террористӣ дар мамлакатҳои мусалмонӣ фазои ҷанг ва хушунатро ташкил кардан. Инчунин бо Бен Лодин ҳам дар ташкили шабакаҳои террористи ҳамкории густурда доштанд. Ва давлатҳои худкомае мисли Руссия, Тоҷикистон, Узбакистон ва ғайра, буданд, ки сафи ин ҳаракатҳоро аз ҷавонони раҳгумзада пур мекарданд.

Ба хусус ҳукумати соягии Тоҷикистон, ки роҳбаронаш субъекти Руссия ҳастанд, дар ин кор, яъне дар заъиф кардани истиқлоли фикрии Тоҷикон, истиқлоли Тоҷикон ва шикастани фардияти онҳо, саҳме калон доштанд ва доранд. Агар ин давлат воқеъан истиқлол медошт ва ба сохтани фазои сиёсии солим машғул мебуд, набояд аз мухолифони сиёсии худ, ки худро мусулмон медонистанд ифротгаро, бунёдгаро ва террорист метарошид.

Чиро дар ин қарина ин гуна ҳизби сиёсӣ, ки ба фарҳанги мардум такя мекунад вуҷуд надошта бошад? Вақте ин ҳизб ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад ва фазилатҳо ва ҳадафҳои ин ҳизб дар муқоиса бо ҳадафҳои бисёр ҳизбҳои дунявӣ ва динии ин мамлакат ва ҳатто ҷаҳон болотар ва олитаранд бояд вуҷуд дошта бошад.

Дигар ин ки худ мавҷудияти қишри зиёии бо дониш ва таҷрибаи динӣ дар ин қарина боиси суст шудани бунёдгароии исломӣ, екстремизм ва терроризм мегашт ва мегардад. Аслан ҳамин зиёиҳои фарҳангӣ, кӣ будан ва чӣ будани ҳаракатҳои бо ном ‘исломӣ’ ва ба ҷомеа зарарнокро фош намуданд. Ҳамин зиёиҳо буданд, ки забони ҷангро тавонистанд ба забони сулҳ табдил додан, ки ин аз ҳаракатҳои исломии идеологиязадашуда ва зери сояи сиёсатбозиҳои ғарбӣ мондаи дигар мамлакатҳо фарқ дошт ва барои дигарон дарси ибрат буд. …

Ин рўйдодҳо исботи соҳиби ҳуввият ва фарҳанги солими сиёсии Тоҷикон дар ин сарзамини бо ном Хуросон буданд, ки дар сохтмони ин фарҳанг арзишҳои динӣ дар якҷояги бо арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои миллӣ нақши ҳалкунанда мебозанд. Гузашта аз ин арзишҳои динӣ кайҳо ба арзишҳои миллӣ табдил ёфтаанд. Ин имкон медод, ки Тоҷикон соҳиби истиқлоли воқеъӣ дар ин сарзамин бошанд ва пеши роҳи худкомагӣ, истибдод, ҳаросафкану бунёдгароҳоро бигиранд…

Хулоса, дар ин қарина (контекст) истиқлол таҷовуз шуда, фазои сиёсӣ, фазои фарҳангӣ шикаста шуданд ва мантиқи ҳукумрон инҷо ‘фитна андохтан ва турктозӣ кардан’ аст ва акнун мардум дар як буҳрони вуҷудии амиқ қарор доранд.

Пеш аз ҳама дар ин муҳит таркибҳои ҷомеа харобанд ва пайвандҳову муносибатҳо шикаста шудаанд. Ҳар ҷо ки пайвандҳо ва муносибатҳои солим шикаста шуда бошанд имкони сарзадани фитна, хушунат ва куштор бештар мегардад.

Дигар ин ки дар ин муҳит имунитети худмуҳофизатии мардум, ки реша дар сохтмони субъектҳо (худӣ, шахсият), фарҳанг ва таркибҳои ҷомеа дорад шикаста ва заъиф гаштааст. Мо дар ин муҳит субъекти сиёсӣ надорем ва шиори “зиракии сиёсиро аз даст надиҳед” танҳо шиор аст. Зеро мардуме, ки ба шиорбардорӣ ва манипулятсия одат кардаанд ба осони зери таъсири ҳарфи дигарон ва шиорҳои дигарон хоҳанд рафт.

Сеюм, одамият заиф гашта ва фазои раҳмати иллоҳиро ҳам шикастаанд…Дигар имкони пинҳон шудан паси ҳарфҳо ва маъниҳое, ки фарсахҳо аз воқеъияти Тоҷикистон дуранд, намондааст.

Рӯйдодҳое, ки дар мо ҳастанд, ё Тоҷикон дар берун дар он ширкаиат мекунанд, бо он ки таъсири дигаронро наметвон инкор кард, аслан истеҳсоли Тоҷикистонанд ва дар ҳамин Шакли Ҳаёт, дар ҳамин қарина (контекст) реша доранд. Ин падидаҳо ва рӯйддодҳоро-фарҳанги паст, аз сиёсат дур будан, фаҳмишҳои маҳдуд, ҳудудҳои танги епистемологӣ, арзишҳои қабилави авлодӣ, фасод ва маризиҳои дигар шакл медиҳанд…

(Фейсбук, сафҳаи шахсии Меҳмоншо Шарифзода)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ 
Зиёни ҳамоқат

Матолиби пурбоздид