Донишҷӯёнии амрикоии тарафдори Фаластин хостаҳои худро барои поёни эътироз мунташир карданд

Омрико: Донишҷӯёни тарафдори Фаластин хостаҳои худро барои поёни эътироз мунташир карданд

Ахбори байналмилал

Shafaqna

Донишҷӯёни Донишгоҳи Колумбия, ки ба робитаи донишгоҳи худ бо режими саҳюнистӣ мӯътариз ҳастанд, хостаҳои худро дар қолиби як баёния мунташир карданд.

Ба гузориши Shafaqna ба нақл аз Алҷазира, донишҷӯёни Донишгоҳи Колумбия ҷузъи аввалин касоне буданд, ки дар фазои академики Омрико шурӯъ ба ҳимоят аз мардуми Ғазза дар баробари таҷовузоти режими саҳюнистӣ карда ва аз донишгоҳи худ хостанд, иртибот бо ҳомиёни молии Исроилро мутаваққиф кунад. Ба ҳамин хотир даст ба барпоии чодур ва таҳассун дар муҳавватаи донишгоҳ заданд. Ҳоло онҳо 4 хостаи худро барои итмоми ин таҳассун матраҳ кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, хостаҳои онҳо ба ин шарҳ аст:

– худдорӣ аз ҳамкорӣ бо тарафҳо ва ширкатҳое, ки ба давлати Исроил кӯмак мекунанд;

– қатъи иртибот бо донишгоҳҳои Исроил;

– поёни раванди таъқиби қазоӣ ва дарсии донишгоҳиён дар дохил ва хориҷ аз донишгоҳ;

– оташбаси фаврӣ ва доимӣ дар Ғазза бо судури баёнияе аз сӯйи донишгоҳ.

Shafaqna

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хезиши ҷаҳонии донишҷӯён алайҳи режими саҳюнистӣ
Омӯзаҳои ахлоқӣ дар Маснавии Маънавӣ-II

Матолиби пурбоздид