Дониш кадом аст?

Таърих

 

Дониш кадом аст?

Муҳаммад Ғаззолии Тӯсӣ донишманди бузурги аҳди Низомулмулк чун таҳсилоти мадрасагии худро дар ғурбат ба поён расонд, озими диёри хеш – Тӯс гардид. Хабари корвонеро ёфт, ки ба зудӣ ба мақсади Тӯс ҳаракат мекунад. Ҳар чи дар тӯли солиён аз маҳзари устодон омӯхта буд, навишта дар коғазҳои дарозе монанди тӯмор лӯлапеч карда бо худ дошт. Ин навиштаҳоро дар тубрае бо худ гирифта буд ва асоси бисоташ аз ҳамин иборат буд. Бо корвон пайваст ва қазоро наздики субҳ вақти осоиши корвон дуздон ба сарвақти он расиданду даст ба қатлу куштори аҳли корвон ва ба ғорат бурдани колои он заданд.

Вақте ғоратгарон дар биёбон аз маҳалли ҳодиса дуртар рафта буданд, диданд, ки касе сарупобараҳна ва бо мӯйи парешон аз пайи онҳо медаваду фарёд мезанад. Сардори дуздон хитоб кард, ки бубинед, ин маҷнуни азҷонгузашта кист ва мақсудаш чист? Пеши мо биёредаш. Онгоҳ гуфтугӯе кӯтоҳе миёни Ғаззолӣ ва сардори он раҳзанон сурат гирифт, ки мазмунаш ҳикмате шуд сари забонҳо гардон:

– Ту кистӣ ва чӣ мехоҳӣ?

– Ман як талабаам, ки солҳо дониш омӯхтаам ва ҳама маҳсули ин солҳои умрам, ҳама дониши андӯхтаам дар тубраест, ки дар шумори колои рабудаи шумо ҳоло дар дасти шумост. Он ба ҳеч кори шумо намеояд, аммо ҳама сармояи зиндагии ман аст. Онро ба ман бозгардонед.

Сардори раҳзанон ишорат кард ва тубраро пайдо карданду оварданд. Сардори раҳзанон онро боз карда ва ба он коғазҳои дастхурдаву зардчатоб ба хорӣ нигоҳе афканду пас онро пеши Ғаззолӣ андохт:

– Ин чи донише тавонад буд ва ба чи дарде хоҳад хурд, агар танҳо дар батни коғазу даруни тубра аст ва онро ҳар касе битавонад аз ту бирабояд ва ҳар ҳодисае битавонад барбод диҳад.

Ғаззолӣ мегӯяд, ин хитоб дар зеҳни ман таконе ҳосил кард ва аз хоб бедорам намуд. Чун ба зодгоҳи худ расидам, хилват кардам ва то он ҳама набиштаҳоро дар лавҳи ёду хотири худ нақш (ҳазм) накардам, он хилватро нашикастам. Ҳеч устоде то кунун чунин дарсе азим ба ман надода буд.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Рустами Ваҳҳоб

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даҳ гуфтор – IX
Баргае аз таърихи начандон дури Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид