Достони Бӯалӣ ва Баҳманёр

Фарҳанг

Достони Бӯалӣ ва Баҳманёр

Достонҳои омӯзанда

Бӯалӣ Сино марди воқеан фавқулъода ва хориқулъодае аст, дар ҳамаи қувваҳо ва нерӯҳояш фавқулъода буд. Аслан мегӯянд, ҳавосаш ҳам ғайриоддӣ буда, яъне хеле қавӣ буда; чашмаш, гӯшаш, фикраш, ҳатто як одами зебое ҳам буда; зебоандом, хушандом, хушсурат, хушҳофизаи хориқулъода, як одами аҷибе будааст.

Шогирди маъруфе дорад, ки 25 сол назди ӯ дарс хондааст ба номи Баҳманёр, озарбойҷонӣ аст, аслан ҳам зардуштӣ буд, баъд мусалмон шуд. Мегӯянд, як вақт Баҳманёр ба ӯ гуфта буд, ки ту бо ин нубуғи хориқулъодаат чаро иддаои пайғамбарӣ намекунӣ? Агар ту иддаои пайғамбарӣ бикунӣ, мардум аз ту мепазиранд.

Бӯалӣ гуфт, ки ин тавр нест, иштибоҳ мекунӣ. Пайғамбарон ғайр аз мо ҳастанд.

Гуфт: На, ту агар иддаои пайғамбарӣ ҳам бикунӣ, мепазиранд.

Бӯалӣ гуфт, ҳоло як рӯзе ман ба ту собит мекунам.

Дар яке аз мусофиратҳо, ҳавои сарди зимистон, дар ҳоле, ки барф омада буд, як шаб бо ҳамдигар дар як утоқ хобида буданд. Муқорини тулӯи субҳ буд, якдафъа шогирдашро садо кард ва гуфт: Бархез.

Гуфт: Чӣ амре доред?

Гуфт: Хеле ташнаам, зуд об ба ман бирасон, мехоҳам об бихӯрам.

Ҳоло дар ҳавои ба ин сардӣ дар ҳоле, ки лиҳофро гарм карда, аз зери ин лиҳоф берун омадан кори осоне нест; одам биравад, боз то кай лиҳофашро гарм кунад.

Бӯалӣ худаш табиб буд ва Баҳманёр низ илми тибро  ҳам пеши ӯ хонда буд. (Мегӯянд, одами танбалро вақте дастур бидиҳӣ, насиҳатҳои падарона ба ту мекунад).

Баҳманёр шурӯъ кард ба фалсафачинӣ кардан, ки охир ин вақти шаб меъда илтиҳоб дорад; дар ҳоли илтиҳоби меъда, худатон беҳтар медонед, агар инсон бихоҳад об бихӯрад ва якдафъа оби сард бар меъдаи мултаҳиб биравад, меъдаро садама мезанад.

Гуфт: Ман ба ту мегӯям об биёвар; ту инҳоро аз худи ман ёд гирифтаӣ, ба ман мехоҳӣ таҳвил бидиҳӣ?! Боз шурӯъ кард аз ин ҳарфҳо гуфтан, ки ҳоло каме сабр кунед, ду се соати дигар.

Дар ҳамин вақт садои муаззин дар маъзана (манора) баланд шуд.

Бӯалӣ гуфт: Ман об намехостам, мехостам ба он ҳарфи ту ҷавоб бидиҳам. Ман набояд иддаои пайғамбарӣ бикунам. Ту шогирди бистсолаи ман ҳастӣ, ман мегӯям ташнаам, дорам аз ташнагӣ мемирам, ту дар муқобили ман фалсафачинӣ мекунӣ. Пайғамбар он касе аст, ки дар чаҳорсад сол пеш ҳарфашро омада зада, ҳоло он бобо аз рахти хоби гарми худаш баланд шуда рафта болои он маъзана мегӯяд:

أَشْهَدُ أَنْ لا إلهَ إِلاَّ اللهُ، أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّداً رَسولُ الله

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон)

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба Эрон
Чапиҳо ва ростиҳо

Матолиби пурбоздид