Дудастагӣ ва ихтилоф дар давлати Исроил

Дудастагӣ ва ихтилоф дар давлати Исроил

Раисони шимоли Исроил эълон карданд, ки аз Исроил ҷудо ва давлате мустақил ба номи “Давлати Ҷалил” ташкил хоҳанд кард

Ахбори байналмилал

Almayadeen

Дар сояи нокомии артиши Исроил дар таъмини амнияти минтақаи шимол воқеъ дар наздики марзи Лубнон дар баробари мушакҳо ва паҳподҳои Ҳизбуллоҳ, сарони шаҳракҳои исроилӣ дар ин минтақа, таҳдид ба эъломи “ҷудоӣ аз Исроил ва таъсиси давлати Ҷалил” карданд.

Ба гузориши Алмаёдин

Ба нақл аз пойгоҳи исроилии Walla, сарони шаҳракҳои шимоли Исроил бар ин боваранд, ки мақомоти Телавив ба муддати 7 моҳ аст, ки ин минтақаро нодида гирифтаанд, ба тавре, ки ҳудуди 80 ҳазор шаҳракнишинони исроилӣ ҳамчунон ба дур аз манозил ва манотиқи маскунии худ аз ибтидои ҷанг ҳастанд ва ҳеч чашмандози равшане барои бозгашти онҳо вуҷуд надорад ва давлат ба хостаҳои онҳо барои ҳамла ба Лубнон ва дур кардани Ҳизбуллоҳ аз марзҳо таваҷҷӯҳе намекунад.

Аз ин рӯ дар ҷаласаи ахири аъзои “Маҷмаи хатти муқаддам”, муқаррар шуд то чанд рӯзи дигар, ки ҳамзамон бо рӯзи некбат барои фаластиниён ва рӯзи “истиқлол” барои исроилиҳост, ташкили “Давлати Ҷалил” ва “ҷудоии якҷониба аз Исроил” эълом шавад.

Ҳамзамон иқдомоти дигаре дар ин марҳила анҷом хоҳад шуд, ки аъзои анҷуман онро барномарезӣ кардаанд, аммо амре, ки косаи сабри онҳоро лабрез кард, изҳороти Натонёҳу дар ҷаласаи ахири кобина дар хусуси таърихи бозгашти донишомӯзон дар манотиқи шимолӣ ба мадраса буд.

Дар 6-май, шабакаи 12 Исроил гузориш дод, Банӣ Гонтз, узви кобинаи ҷанг гуфтааст:

Оё сокинони шаҳракҳо барои оғози соли таҳсилӣ дар аввали сентябр ба хонаҳои худ бозхоҳанд гашт?

Натонёҳу дар посух ба вай гуфтааст: “Агар онҳо чандин моҳ пас аз 1-сентябр баргарданд чӣ иттифоқе меафтад?”

Гуфтанист, Ҳизбуллоҳи Лубнон пас аз ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, иқдом ба анҷоми ҳамалоти маҳдуд ба манотиқи шимоли Исроил кардааст, то ба унвони ҷабҳаи пуштибон, фишорҳо аз Ғаззаро коҳиш диҳад.

Almayadeen

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми ҷадиди Қассом хитоб ба исроилиҳо: “Ҳайсияти артиши шуморо бо хок яксон мекунем!”
Гуле аз гулҳои биҳишт

Матолиби пурбоздид