Дӯстӣ ва душманӣ
“Бояд, ки дӯстӣ дар ҳаққи касе ба ифрот набошад ва душманӣ ба ифрот набошад… миёна бояд. Ин дӯстӣ, ки ба ифрот намебояд, дар ҳаққи ғайри Ҳақ мегӯям, аммо дар ҳаққи Борӣ Таъоло ҳеч ифрот мусаввар нагардад, муҳаббат ҳар чӣ бештар беҳтар.
Зеро ки муҳаббати ғайри Ҳақ чун муфрит бошад ва халқ мусаххари чарху фалаканд ва чарху фалак доир аст ва аҳволи халқ доир, пас чун дӯстӣ ба ифрот бошад дар ҳаққи касе, доиман суъуд (саодат ва) бузургии ӯ хоҳад, ва ин мутаъаззир (душвор) аст, пас хотир мушавваш гардад.
Ва душманӣ чун муфрит бошад, пайваста нуҳусат ва никбати ӯ хоҳад, ва чарху фалак доир аст ва аҳволи ӯ доир, вақте масъуд, вақте манҳус, ин низ, ки ҳамеша манҳус бошад, муяссар нагардад, пас хотир мушавваш гардад…”
(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: