Вазири исроилӣ: СММ яҳудиситез аст

Вазири исроилӣ: СММ яҳудиситез аст

Исроил: “Созмони Милал ва дабири кулли он яҳудситез (антисемит) ҳастанд”

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Як вазири режими саҳюнистӣ бо баёни ин ки Бойден бо истифода накардан аз вето зидди қатъномаи оташбас дар навори Ғазза, мулоҳизоти сиёсиро бар пирӯзии Исроил бартарӣ дод, гуфт: “Созмони Милал ва Гутерриш яҳудситез (антисемит) ҳастанд.”

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Алҷазира, Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ гуфт: “Қатъномаи Шӯрои амният барои оташбас дар навори Ғазза собит кард, ки Созмони Милали Муттаҳид ва дабири кулли он яҳудситез ҳастанд ва ин қатънома Ҳамосро барои идомаи корҳои худ ташвиқ мекунад.”

Бен-Гвир дар идомаи вокуниши худ ба тасвиби қатъномаи оташбас дар навори Ғазза афзуд: “Истифода накардани Бойден аз ҳаққи вето зидди қатъномаи оташбас собит кард, ки пирӯзии Исроил бар мулоҳизоти сиёсии ӯ авлавият надорад.”

Вай муддаӣ шуд: “Мо бояд бо тамоми тавон ва ба ҳар қимате, ба мубориза барои шикасти Ҳамос пас аз қатъномаи Шӯрои амният идома диҳем.”

Исроил Катс, вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ низ дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи Шӯрои амният барои оташбас дар навори Ғазза гуфт: “Исроил ҷангро мутаваққиф нахоҳад кард. Мо Ҳамосро нобуд хоҳем кард ва то бозгашти охирин гаравгон мубориза хоҳем кард.”

Йоаф Галант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба қатъномаи Шӯрои амният, муддаӣ шуд: “Таваққуфи ҷанг дар Ғазза, мумкин аст эҳтимоли ҷангро ба ҷабҳаи шимолӣ тақвият кунад.”

Галант тасреҳ кард: “Ҳеч ҳаққи ахлоқӣ барои касе вуҷуд надорад, ки ҷангро бидуни озодии гаравгонҳо мутаваққиф кунад.”

Mehrnews

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чиро тоҷикон?
Истиқболи Ҳамос аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ барои оташбас

Матолиби пурбоздид