Ибратҳое аз ҳамалоти яманиҳо ба киштиҳо дар баҳри Сурх

Таҳлили хабарӣ

Ибратҳое аз ҳамалоти яманиҳо ба киштиҳо дар баҳри Сурх

Таҳлил

Naval News

Таҳлиле дар пойгоҳи низомӣ-тахассусии Naval News

“Бештари ҳамалот дар баҳри Сурх, тавассути ҷунбиши Ҳусиҳо дар Яман будааст, аммо бархе аз онҳоро метавон мустақиман ба Эрон нисбат дод ва ҳеч шакке вуҷуд надорад, ки Эрон дастикам ба Ҳусиҳо кӯмак мекунад.

То кунун ҳеч киштӣ ғарқ нашудааст, агарчӣ чандин киштӣ мавриди исобат қарор гирифта ва таъсири он бар киштиронии ҷаҳонӣ қобили таваҷҷӯҳ будааст.

Ҳанӯз хеле зуд аст, ки дар бораи дарсҳои воқеаҳои ахир дар баҳри Сурх сухан бигӯем, чаро ки ин таниши дарёӣ ҳамчунон дар ҷараён аст, аммо то ин ҷойи кор, метавон ба 9 дарс ва нуктаи муҳим дар бораи ҳамалоти яманиҳо дар баҳри Сурх, ишора кард:

1) Мушакҳои болистики зидди киштии Modular:

Эрон, беш аз 10 сол пеш, нусхаи зидди киштии мушаки болистики “Фотеҳ-110”-и худро тавсиа дод. Ин тавсиа шомили насби як ҷустуҷӯгари электронӣ / модуни қирмиз (инфракрасный искатель) буд. Ин мушакҳо кучактар, кундтар ва дорои бурди кӯтоҳтар аз мушакҳои мушобеҳи чинии худ ҳастанд, аммо ҳамчунон қавӣ ҳастанд.

Дар 2 соли гузашта, шоҳиди анбӯҳе аз ин тарҳҳо будаем, ки ба назар мерасад, ҳама аз як ҷустуҷӯгар истифода мекунанд. Бузургтарин ва ба эҳтимоли зиёд печидатарин навъ аз ин мушакҳо, “Раъд-500” аст, ки Ҳусиҳо онро “Тонкил” меноманд.

Бурд ва кулоҳаки ин мушакҳо мутафовит аст, аммо ҳамагӣ як таҳдиди воқеӣ ҳастанд. Кучактарҳо эҳтимолан арзонтар ва роҳаттар пинҳон мешаванд, аммо ҳамчунон маҳдудаи муносибе аз даргириҳо дар баҳри Сурхро метавонанд пӯшиш диҳанд.

2) Мушакҳои круз (крылатые ракеты) содда шуда ва камҳазина:

Эрон тавонист мушаки крузи русӣ ба номи KH-55 (AS-15 KENT)-ро пешрафта кунад. Бинобар ин, ба дасти онҳо як нусхаи содда ва кучак сохта шуда, ки метавонад аз як мотори мушобеҳи мотори ҳавопаймоҳо истифода кунад.

Ин тарҳ дар ихтиёри яманиҳо қарор гирифт ва мумкин аст акнун дар анборҳои таслеҳотии Эрон низ бошад. Ин мушакҳо ба Ансоруллоҳ қобилияти ҳамлаи заминии дурбурди бисёр камҳазина, аммо бо кулоҳаки кучактар медиҳад ва ҳамон тавр, ки интизор меравад, дар зарродхонаи Ҳусиҳо, як нусхаи зидди киштӣ низ вуҷуд дорад.

Ин рӯйкард бо таҷрибаи кишварҳои ғарбӣ, ки тамоюл ба хариди мушакҳои крузи бисёр гаронқимат доранд, мутафовит аст.

3) Истифода аз паҳподҳо дар баробари киштиҳо:

Паҳподи интиҳории “Шоҳид” короии худро дар ҷанги Укройн нишон додааст. Сарнагун кардани онҳо ба таври инфиродӣ нисбатан осон аст, бо ин ҳол хатарноктар аз он ҳастанд, ки нодида гирифта шаванд.

Ба таври куллӣ, онҳо фақат дар баробари аҳдофи собит муфид ҳастанд. Аммо Эрон нишон додааст, ки метавонад киштиҳоро низ ҳатто дар бурдҳои боварнакарданӣ ҳадаф қарор диҳад. Ҳадди ақал 2 киштӣ мавриди исобат қарор гирифтаанд, яке дар бурди бисёр зиёд.

Судмандии онҳо дар баробари киштиҳои ҷангӣ ба эҳтимоли зиёд бисёр маҳдуд аст, аммо дар баробари киштиҳои тиҷории ғайри мусаллаҳ онҳо як нигаронии воқеӣ ҳастанд. Паҳподҳои мухталифи интиҳорӣ тавассути Ҳусиҳо алайҳи киштиҳо истифода мешавад. Хеле аз онҳо пеш аз исобат, сарнагун мешаванд ва теъдоде низ ба аҳдоф исобат мекунанд ва рӯз ба рӯз амалкарди онҳо беҳтар мешавад.

4) Ҳеч ҷойи баҳр амн нест ва ҳатто “киштиҳои торик” низ дида мешаванд:

Маконёбӣ ва шиносоии киштиҳое, ки макони худро дар AIS (системи шиносоии худкор) мухобара намекунанд, душвортар аст. Ин амр бавежа барои афроде, ки ба ҳуши манбаъи боз (OSINT) муттакӣ ҳастанд содиқ аст.

Аммо асарбахшии “торик шудан” дар баробари як душмани мусаммам, ки паҳнаи обиро бо диққат расад карда ва абзорҳои мухталиф ва печидае дорад, маҳдуд аст. Киштиҳо наметавонанд ба роҳатӣ ҳузури худро дар хутути киштиронии байналмилалӣ пинҳон кунанд.

5) Киштиҳои тиҷорӣ дар баробари ҳамалоти мушакӣ эминтар ҳастанд:

Киштиҳои тиҷории мудерн бо дар назар гирифтани қобилияти бақо сохта мешаванд. Шояд на дар баробари ин таҳдидҳо, аммо мутмаиннан ба гунае, ки ғарқ шудани онҳоро душвор мекунад. Дар сурати исобати мушак ба онҳо бо вуҷуде, ки хатари қобили таваҷҷӯҳе вуҷуд дорад, аммо дар амал теъдодм каме аз онҳо мумкин аст ғарқ шаванд.

Киштиҳои ҷангӣ кучактар ҳастанд ва бахшҳои муҳимтар ва ҳассостаре барои исобат доранд.

6) Аҳаммиятм падофанди ҳавоӣ барои шиноварҳои нерӯи дарёӣ:

Киштиҳои ҷангӣ бо ҳамалоти мудовим аз чанд ҷиҳат аз ҷумла бо паҳподҳои интиҳорӣ, мушакҳои дарёӣ ва мушакҳои ASBM (мушаки болистик зидди киштӣ) таҳдид мешаванд. Бисёре аз киштиҳои ҷангӣ – шояд аксари онҳо – барои дифоъ дар ин муҳити пуртаҳдид, абзорҳои кофӣ надоранд.

Ҳатто имрӯза теъдоди каме аз киштиҳои ҷангӣ, дифоъӣ дар баробари ASBM-ҳо доранд. Барои бисёре аз новгони нерӯи дарёӣ, касби ин қобилияти дифоъӣ, бисёр кундтар аз густариши доираи таҳдид пеш меравад.

Киштиҳои ҷангӣ ҳамчунин бояд мушакҳоеро, ки ба самти киштиҳои дигар ҳадаф мегиранд, раҳгирӣ кунанд. Ин амр боиси афзоиши сатҳи даргирии онҳо мешавад.

7) Боздорандагӣ дар баробари як нерӯе, ки чизе барои аз даст додан надорад, бисёр мушкил аст:

Замоне, ки ҳамалот оғоз шуд, дархостҳое аз кишварҳои ғарбӣ барои иқдоми низомӣ алайҳи Ҳусиҳо матраҳ шуд. Бисёре аз нозирон интизор доштанд аз ҳамон ибтидои ҳамалоти Ҳусиҳо ба киштиҳо, ҳамалоти мутақобил алайҳи Яман оғоз шавад. Аммо замоне, ки оғози ҳамлаи эътилофи дарёӣ моҳҳо тӯл кашид, ноумед шуданд. Аммо бисёре аз нозирон мутмаин набуданд, ки ҳамалоти мутақобил ба Яман тафовути зиёде эҷод кунад ва ҳамон тавр, ки дидем ҳақ бо онҳо буд ва ҳамалоти яманиҳо бо вуҷуди чанд давр ҳамалоти мутақобили Омрико ва Ангилис, ҳамчунон идома дорад.

Дар ин росто, ҳамалоте, ки мушакҳоро қабл аз партоб ҳадаф қарор медиҳанд, эҳтимолан муфидтар ҳастанд. Аммо наметавон аз онҳо интизор дошт, ки ҳар мушакеро қабл аз партоб дар мабдаъ мунҳадим кунанд; чун Ҳусиҳо метавонанд равишҳои худро барои коҳиши хатарот ислоҳ кунанд. Ба унвони мисол, партоби мушакҳои болистик аз умқи хоки Яман.

8) Фанноварии Эронро дастикам нагиред:

Эрон қодир ба навоварӣ ва тавсиаи таслеҳоти муассир ва ҳушманд бавежа дар арсаи номутақорин аст.

То кунун ҳеч киштие дар ҳамалоти яманиҳо ғарқ нашудааст; эҳтимолан ба ин далел аст, ки онҳо саъй мекунанд ин корро накунанд. Ҳадди ақал нишонаҳое аз силоҳҳо ва токтикҳои тарроҳишуда барои коҳиши хатари ғарқ шудани киштӣ дар рафтори омилони ҳамалот ба киштиҳо дида мешавад. Ин нишон медиҳад, ки аҳдофи онҳо сирфан бо ироаи як таҳдиди мӯътабар муҳаққақ мешавад.

Ба назар мерасад эҳтимол дорад, ки онҳо (дар сурати ташдиди таниш ва густурда шудани доираи ҷанг) саъй кунанд киштиҳои ҷангиро ғарқ кунанд ва фанноварии эронӣ усулан қодир ба анҷоми чунин коре аст.

9) Пешбинии оянда сахт аст:

Камтар касе тасаввур мекард, ки аввалин истифода аз ASBM тавассути ҷунбиши Ҳусиҳо дар баҳри Сурх бошад.

Ҳанӯз чандин қобилият вуҷуд дорад, ки гумон меравад Эрон дорад, аммо аз онҳо истифода нашудааст ва Эрон ва Ҳусиҳо агар аз ҳамалот дарс бигиранд, метавонанд муассиртар ҳам амал кунанд ва нишонаҳое вуҷуд дорад, ки онҳо ин корро хоҳанд кард.

Ба назар мерасад, ки ин даргирӣ ба поён нарасидааст ва ғофилгирии баъдӣ метавонад ба зудӣ ва дар ҳамин фардо бошад.”

Naval News

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи Яман ба киштии низомии амрикоӣ
Ба оташ кашида шудани як маркази низомии Исроил

Матолиби пурбоздид