Амалиёти муқовамати Фаластин дар қалби Исроил

Амалиёти муқовамати Фаластин дар қалби Исроил

Се саҳюнист кушта шуданд

Ахбори байналмилал

Alalam

Расонаҳои исроилӣ имрӯз (ҷумъа, 16 феврал) аз кушта шудани 3 нафар ва маҷрӯҳ шудани 6 нафари дигар дар амалиёти тирандозӣ дар шаҳраки Кирёт-Малохӣ дар Исроил хабар доданд.

Ба гузориши Алъолам, бар асоси эъломи расонаҳои режими саҳюнистӣ, имрӯз (ҷумъа) дар ҷараёни як амалиёти тирандозӣ дар шаҳраки Кирёт-Малохӣ дар Исроил, 3 саҳюнист ба ҳалокат расиданд ва 6 саҳюнисти дигар захмӣ шуданд.

Бен-Гвир, вазири ба истилоҳ амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, дар маҳалли вуқӯъи тирандозӣ дар Кирёт-Малохӣ ҳузур ёфт.

Низомиёни саҳюнист дар маҳалли вуқӯъи амалиёт дар Кирёт-Малохӣ дар ҳоли омодабош ҳастанд ва пулиси режими Исроил аз сокинони шаҳракҳои наздик ба Кирёт-Малохӣ хост дар хонаҳояшон бимонанд.

Alalam

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мутолиа асоси муваффақият
Наҳҷулбалоға ва ибратҳои он

Матолиби пурбоздид