Иддаои панҷ кишвари аврупоӣ дар бораи марги Алексей Навалний
Ахбори байналмилал
Панҷ кишвари аврупоӣ бо нашри як баёния иддао карданд, ки Алексей Навалний, чеҳраи мухолифи давлати Русия, бо истифода аз заҳри як навъи қурбоққаи заҳрогини амрикоӣ ба ҳалокат расидааст.
Дар ин баёния омадааст, бар асоси баррасиҳо ва маълумоти бадаст омада, навъи заҳре, ки гӯё дар марги Навалний истифода шудааст, ба гурӯҳи заҳрҳои нодир ва бисёр хатарнок тааллуқ дорад. Имзокунандагони баёния таъкид намудаанд, ки ин қазия бояд дар сатҳи байналмилалӣ ба таври мустақил ва шаффоф таҳқиқ шавад.
Ҳамзамон, мақомоти Русия пештар иддаоҳои марбут ба қатли ҳадафмандонаи Навалнийро рад карда, марги ӯро натиҷаи омилҳои табиӣ эълом дошта буданд.
Ин иддаоҳои нав дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки марги Алексей Навалний вокунишҳои густарда ва баҳсҳои ҷиддии сиёсиро дар миёни кишварҳои ғарбӣ ва Русия ба бор оварда, ба танишҳои мавҷуд миёни ҷонибҳо доман задааст.
Қаламонлайн













