Изҳороти Рубио дар бораи омодагии Тромп ба дидор бо раҳбари Эрон
Ахбори байналмилал
Вашингтон — Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, эълом кард, ки раиси ҷумҳури ин кишвар барои дидор бо раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад.
Ба гузориши Bloomberg, Рубио дар як гуфтугӯ таъкид намудааст, ки Доналд Тромп дар сурати мавҷуд будани тамоюл аз ҷониби Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, омода аст бо ӯ дидори мустақим анҷом диҳад.
Вазири умури хориҷаи Амрико бо ишора ба равиши Тромп дар сиёсати хориҷӣ афзуд, ки ӯ ҳамеша аз гуфтугӯи мустақим ҳамчун абзоре барои коҳиши танишҳо ва пешбурди манофеи миллӣ истиқбол мекунад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки равобити Теҳрон ва Вашингтон ҳамчунон бо танишҳои сиёсӣ ва дипломатӣ рӯ ба рӯ буда, ҳар гуна ишораи омодагӣ ба гуфтугӯи сатҳи боло таваҷҷуҳи густардаи расонаҳо ва коршиносони байналмилалиро ба худ ҷалб кардааст.
Қаламонлайн
qalamonline.net













