Имом Муҳаммади Боқир
Таърихи Ислом
Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ, саҳобии маъруф, ба Имом Боқир — дар ҳоле, ки Имом аз назари синн кучак буд — арз дошт: расули Худо (с) ба ту салом расонд. Аз Ҷобир пурсиданд: чӣ гуна? Посух дод: рӯзе маҳзари расули Худо (с) нишаста будам – дар ҳоле, ки Имом Ҳусайн дар домони паёмбар буд ва расули Худо (с) бо эшон бозӣ мекард — ва ба ман фармуд: эй Ҷобир! Аз ӯ (Имом Ҳусайн) фарзанде зода мешавад, ки номаш Алӣ аст, ки рӯзи қиёмат мунодӣ садо мезанад: Зайнулобидин биистад! Ва ӯ меистад. Сипас фарзанде барои вай (Имом Зайнулобидин) зода мешавад, ки номаш Муҳаммад аст, агар ӯро дарк кардӣ, саломи маро ба ӯ бирасон!
Ба муносибати зодрӯзи Муҳаммад ибни Алӣ ал-Боқир
* * *
Имрӯз (1 раҷаб) зодрӯзи Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб машҳур ба Имом Муҳаммади Боқир (57 ҳ.қ-114 ҳ.қ), панҷумин имоми мусалмонони шиъа аст. Ба ҳамин муносибат, дидгоҳи уламои машҳури аҳли суннат дар бораи эшонро мурур мекунем.
1) Абдуллоҳ ибни Ато:
Абдуллоҳ ибни Ато, тобеъии маъруф ва аз муосирони Имом Боқир чунин мегӯяд:
ما رأيت العلماء عند أحد أصغر علما منهم عند أبي جعفر، لقد رأيت الحكم عنده كأنه متعلم
“Уламо ва донишмандонро пеши ҳеч касе кучактар аз он чи назди Абӯҷаъфар буданд, надидам. Дидам, ки Ҳакам (ибни Утайба) монанди як шогирд дар назди ӯ буд. (Ҳилятул-авлиё, Абӯнаъими Исфаҳонӣ, 3/186, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/10495/954
2) Ибни Халликон:
Ибни Халликон (мутаваффои 681 ҳ.қ) дар бораи Имом Боқир менависад:
أبو جعفر محمد بن زين العابدين علي بن الحسين بن علي بن أبي طالب رضي الله عنهم أجمعين، الملقب الباقر، أحد الأئمة الاثني عشر في اعتقاد الإمامية، وهو والد جعفر الصادق، كان الباقر عالما سيدا كبيرا، وإنما قيل له الباقر لأنه تبقر في العلم، أي توسع
“Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб (ризвони Худо бар онон!) мулаққаб ба Боқир, яке аз имомони дузодаҳгона дар эътиқоди шиъаи имомия, ӯ падари Ҷаъфари Содиқ аст, Имом Боқир фарде буд олим ва оқое бузург. Ва ба ӯ “Боқир” гуфта мешуд, чаро ки дар илм вусъате эҷод карда буд. (Вафаётул-аъён, 4/174, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/1000/1703#p1
3) Заҳабӣ:
Шамсиддини Заҳабӣ (мутаваффои 748 ҳ.қ) аз устувонаҳои илмии аҳли суннат низ Имом Боқирро чунин муаррифӣ мекунад:
هو السيد الإمام أبو جعفر محمد بن علي بن الحسين بن علي العلوي الفاطمي المدني ولد زين العابدين… وكان أحد من جمع بين العلم والعمل والسؤدد والشرف والثقة والرزانة وكان أهلاً للخلافة… وشهر أبو جعفر بالباقر من بقر العلم أي شقه فعرف أصله وخفيه ولقد كان أبو جعفر إماماً مجتهداً تالياً لكتاب الله كبير الشأن
“Ва ӯ Имом Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ, алавӣ ва фотимӣ ва аз аҳолии Мадина, фарзанди Зайнулобидин… Ӯ танҳо касе буд, ки байни илму амал ва сиёдату шарофат ва эътимоду виқорро ҷамъ карда ва сазовори хилофат буд… Абӯҷаъфар ба “Боқир” машҳур гардид, чаро ки дар илм вусъате эҷод карда буд ва ӯ асли илм ва улуми махфиро мешинохт ва Абӯҷаъфар имоме муҷтаҳид ва тиловаткунандаи китоби Худованд ва бузургвор буд…” (Сияру аъломин-нубало, 5/235-236, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/22669/2482#p1
4) Ибни Касир:
Ибни Касири Димишқӣ (мутаваффои 774 ҳ.қ) Имом Боқирро чунин меситояд:
وهو محمد بن عليِّ بن الحسين بن عليِّ بنِ أبي طالب القرشيُّ الهاشميُّ أبو جعفر البَاقِر. وأُمُّه أُمُّ عبدِ الله بنتُ الحُسين بن علي وهو تابعيٌّ جَلِيلُ القَدْر، كثيرُ العِلْم، أحَدُ أعلامِ هذه الأمّةِ عِلْمًا وعمَلًا وسيادةً وشرفًا
“Ӯ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиби аз банӣ Ҳошим, Абӯҷаъфари Боқир, модараш Умми Абдуллоҳ духтари Ҳусайни ибни Алӣ, ӯ (Имом Боқир) аз тобеъини бисёр ҷалилулқадр ва донишманд ва яке аз бузургони ин уммат аз ҳайси илму амал ва сиёдату шараф аст…” (Ал-бидоя ван-ниҳоя, 10/151-152, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/30097/4664#p1
5) Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ:
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (мутаваффои 852 ҳ.қ) низ Имом Боқирро фарде фозил ва мавриди эътимод медонад, менависад:
محمد ابن علي ابن الحسين ابن علي ابن أبي طالب (السجاد) أبو جعفر الباقر ثقة فاضل
“Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибн Абӯтолиб, Абӯҷаъфари Боқир, фарде мавриди эътимод ва соҳиби фазл аст…” (Тақрибут-таҳзиб/497, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/8609/423
6) Бадруддини Айнӣ:
Бадруддини Айнӣ (мутаваффои 855 ҳ.қ) низ Имом Боқирро чунин муаррифӣ мекунад:
فَهُوَ مُحَمَّد بن عَليّ بن الْحُسَيْن بن عَليّ بن أبي طَالب، رَضِي الله تَعَالَى عَنْهُم أَجْمَعِينَ، الْهَاشِمِي الْمدنِي، أَبُو جَعْفَر الْمَعْرُوف بالباقر، سمي بِهِ لِأَنَّهُ بقر الْعلم أَي شقَّه بِحَيْثُ عرف حقائقه، وَهُوَ أحد الْأَعْلَام التَّابِعين الأجلاء
“Ва ӯ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Абӯтолиб (ризвони Худо бар онон!), аз банӣ Ҳошим ва аз аҳолии Мадина, Абӯҷаъфар маъруф ба “Боқир” ва ба ин исм номида шуд чаро ки илмро шикофт зеро ҳақоиқи илмро мешинохт ва ӯ яке аз бузургони тобеъин аст…” (Умдатул-қорӣ дар шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ, 3/52, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/5756/678
7) Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ:
Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ (мутаваффои 973 ҳ.қ) дар бораи Имом Боқир чунин менависад:
أَبُو جَعْفَر مُحَمَّد الباقر سمي بذلك من بقر الأَرْض أَي شقها وأثار مخبئاتها ومكامنها فَكَذَلِك هُوَ أظهر من مخبئات كنوز المعارف وحقائق الْأَحْكَام وَالْحكم واللطائف مَا لَا يخفى إِلَّا على منطمس البصيرة أَو فَاسد الطوية السريرة وَمن ثمَّ قيل فِيهِ هُوَ باقر الْعلم وجامعه وشاهر علمه وعمرت أوقاته بِطَاعَة الله وَله من الرسوخ فِي مقامات العارفين مَا تكل عَنهُ أَلْسِنَة الواصفين وَله كَلِمَات كَثِيرَة فِي السلوك والمعارف لَا تحتملها هَذِه العجالة وَكَفاهُ شرفا أَن ابْن الْمَدِينِيّ روى عَن جَابر أَنه قَالَ لَهُ وَهُوَ صَغِير رَسُول الله صلى الله عَلَيْهِ وَسلم يسلم عَلَيْك فَقيل لَهُ وَكَيف ذَاك قَالَ كنت جَالِسا عِنْده وَالْحُسَيْن فِي حجره وَهُوَ يداعبه فَقَالَ يَا جَابر يُولد لَهُ مَوْلُود اسْمه عَليّ إِذا كَانَ يَوْم الْقِيَامَة نَادَى مُنَاد ليقمْ سيد العابدين فَيقوم وَلَده ثمَّ يُولد لَهُ ولد اسْمه مُحَمَّد فَإِن أَدْرَكته يَا جَابر فأقرئه مني السَّلَام
“Лақаби “Боқир” барои Абӯҷаъфар Муҳаммади Боқир баргирифта аз шикофтани замин ва берун овардани ганҷҳои пинҳони он аст, бад-ин ҷиҳат, ки ӯ аз ганҷҳои пинҳони маориф ва ҳақоиқи аҳком он қадр ошкор сохт, ки ҷуз бар афроди бебасират ва дилҳои нопок пӯшида нест. Ва аз ин ҷост, ки вайро шикофанда ва ҷомеъи дониш ва нашрдиҳанда ва барафрозандаи илм номидаанд. Ва барои ӯ аз устуворӣ ва сабот дар мароҳили сулуки ирфонӣ манзилате аст, ки васфкунандагон аз баёни он оҷизанд ва дар заминаи сулук ва маориф дорои калимоти фаровоне аст, ки фурсат маҷоли тарҳи онро намедиҳад.
Ва дар шарофати вай ҳамин бас, ки Ибни Мадинӣ аз Ҷобир (ибни Абдуллоҳи Ансорӣ, саҳобии маъруф) ривоят кардаст, ки Ҷобир ба Имом Боқир — дар ҳоле, ки Имом аз назари синн кучак буд — арз дошт: расули Худо (с) ба ту салом расонд. Аз Ҷобир пурсиданд: чӣ гуна? Посух дод: рӯзе маҳзари расули Худо (с) нишаста будам – дар ҳоле, ки Имом Ҳусайн дар домони паёмбар буд ва расули Хужо (с) бо эшон бозӣ мекард — ва ба ман фармуд: эй Ҷобир! Аз ӯ (Имом Ҳусайн) фарзанде зода мешавад, ки номаш Алӣ аст, ки рӯзи қиёмат мунодӣ садо мезанад: Зайнулобидин биистад! Ва ӯ меистад. Сипас фарзанде барои вай (Имом Зайнулобидин) зода мешавад, ки номаш Муҳаммад аст, агар ӯро дарк кардӣ, саломи маро ба ӯ бирасон!” (Ас-савоъиқул-муҳриқа, 2/585-586, Ашшомила)
(https://shamela.ws/book/6544/558#p1)
qalamonline.net
Қаламонлайн













