Имтиҳони шогирд
Андешкадаи Қалам
Абулқосим Ҷунайд ибни Муҳаммад, мулаққаб ба Сайидуттоифа, аз бузургон ва машоҳири ирфон аст. Аслаш аз Наҳованди Эрон ва муқими Бағдод буд. Ва хоҳарзодаи Сиррии Сиқтӣ аст. 30 бор пиёда ба ҳаҷ рафт. Пояи тариқат ва шеваи ирфонии ӯ саҳв, яъне ҳушёрӣ ва бедорӣ аст, бар хилофи пайравони Боязиди Бастомӣ, ки сакр, яъне ноҳушёриро пояи тариқати худ қарор додаанд. Вай дар тариқати ирфонии худ сахт пойбанди шариат буд. Аксари силсилаҳои ирфонӣ худро ба ӯ мансуб мекунанд. Ҷунайд дар соли 297 ҳ.қ даргузашт.
Нақл аст, ки Ҷунайд муриде дошт, ки ӯро аз ҳама азизтар мешумурд ва гиромияш медошт. Дигаронро ҳасад омад. Шайх аз ҳасодати дигар муридон огоҳ шуд. Гуфт: Адаб ва фаҳми ӯ аз ҳама бештар аст. Моро назар дар он (адаб ва фаҳм) аст. Имтиҳон кунем, то шуморо маълум гардад.
Фармуд, то бист мурғ овараданд ва гуфт: Ҳар мурғро яке бардоред ва ҷое, ки касе шуморо набинад, бикушед ва биёваред. Ҳама бигрифтанд ва бикуштанд ва бозомаданд, илло он мурид, ки мурғро зинда бозовард.
Шайх пурсид, ки чаро накуштӣ? Гуфт: Шайх фармуда буд, ки ҷое бояд мурғро кушт, ки касе набинад ва ман ҳар ҷо ки мерафтам, Ҳақ Таоло медидам.
Шайх рӯ ба асҳоб кард ва гуфт: Дидед, ки фаҳми ӯ чӣ гуна аст ва фаҳми дигарон чун?
Ҳама истиғфор карданд ва мақоми он муридро бузург доштанд.
Манбаъ: Гузидаи “Тазкират-ул-авлиё”, с.298-299, бо андаке тағйир дар вожагон.
Қаламонлайн
qalamonline.net













