Артиши Яман амалиёти муваффақ дар умқи Арабистон анҷом дод
Ахбори байналмилал
Артиши Яман: “6 амалиёти муваффақ дар умқи Арабистони Саудӣ анҷом додем”
Ба гузориши Алмасира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, ҷузъиёти чанд амалиёти муваффақ дар умқи хоки Арабистони Саудӣ алайҳи аҳдофи муҳимро эълом кард.
Вай гуфт: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман 6 амалиёти низомии муваффақ бо теъдоди зиёде мушаки болдор, болистик ва паҳпод анҷом доданд.”
Вай афзуд: “Дар аввалин амалиёт, таъсисоти ширкати Арамко дар минтақаи Янбуъи Арабистон тайи ду марҳила ҳадаф қарор гирифт, ки зарбаи воридшуда комилан дақиқ буд ва сабаби бурузи оташсӯзии густарда дар мавозеъе шуд, ки мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.
Дар амалиёти дуввум, майдони нафтии Ашшабиҳ ҳадаф қарор гирифт, ки исобат ба лутфи Худованд бо диққат сурат гирифт ва мунҷар ба бурузи оташсӯзӣ шуд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар севвумин амалиёти худ, фурудгоҳи Малик Холидро дар Риёз тайи се марҳила ҳадаф қарор доданд, ки исобатҳо ба лутфи Худованд дақиқ буд.
Дар чаҳорумин амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Яман, фурудгоҳи байналмилалии Абҳо ва родорҳои вобаста ба режими саудӣ дар кӯҳҳои Алҳисн ва Арраҳма ва пойгоҳи ҳавоии Хамис Машит ҳадаф қарор гирифт.
Амалиёти чаҳорум дар се марҳила сурат гирифт ва мунҷар ба таътилии парвозҳо дар фурудгоҳ шуд ва хасоратҳое ба пойгоҳҳои ҳавоӣ, ба лутфи Худованд ворид кард.
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар панҷумин амалиёти худ пойгоҳи қувваи Алвоҷиби нерӯи дарёии саудиро ҳадаф қарор доданд, ки ба ҳалокат ва захмӣ шудани шуморе аз низомиёни душман мунҷар шуд.
Дар шашумин амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Яман, родори саудӣ ба Биъри Аскар ҳадаф қарор гирифт ва ба лутфи Худованд мунҷар ба инҳидоми он шуд.
Ин амалиётҳо дар вокуниш ба таҷовузоти режими саудӣ ба кишвар ва мардуми мо сурат гирифт, ки тайи 48 соати гузашта, беш аз 200 ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакӣ анҷом дод.
Ҳамалоти душман манотиқи маскунии Санъо ва устонҳои озодшударо ҳадаф қарор дод, ки дар натиҷаи он, даҳҳо шаҳид ва захмӣ баҷо гузошт, ки бештари онҳо зану кӯдак ҳастанд.
Режими саудӣ аз замони оғози ташдиди таҷовузот ба кишварамон, беш аз 2700 ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакӣ анҷом дод.”













