Инсон ва озодихоҳӣ – III

Инсон ва озодихоҳӣ

Бахши севвум

Назарияи Иммануил Кант

Назари Бертрон Рассел дар бораи ахлоқро ва ҳамчунин нақдеро, ки аз он мешавад, ба сурати мухтасар арз кардам. Агар гуфта шавад, магар баҳси мо дар бораи озодихоҳӣ нест ва назари Рассел дар бораи ахлоқ чӣ рабте ба озодихоҳӣ дорад, дар ҷавоб гӯем: ахлоқ (ахлоқи писандида) яъне як силсила “боядҳо”: бояд чунин буд, бояд чунон кард ва озодихоҳӣ аз ҷумлаи “боядҳо” аст, яъне бояд озодихоҳ буд. Ва бо таваҷҷӯҳ ба назари Рассел дар бораи ахлоқ, агар касе аз Рассел пурсад, ки чаро инсон бояд озодихоҳ бошад, лобуд мегӯяд: манфиати фардӣ ва шахсии ту дар ин аст, ки озодихоҳ бошӣ ва ба сухани дигар, инсони дармеёбад, ки манфиати ӯ дар ин аст, ки озодихоҳ бошад ва Рассел қабул надорад, ки ин хислат реша дар виҷдон ва даруни инсон ва ба истилоҳ, фитрати ӯ дорад, чунон ки Иммануил Кант ва ё ҳукамои исломӣ (бо андак тафовут бо назари Кант) қоиланд. Хуб, имрӯз, нигоҳе меандозем ба дидгоҳи Иммануил Кант роҷеъ ба ин масъала:

Назари Кант

Иммануил Кант (1724-1804), ки файласуфи олмонӣ аст, дар миёни фалосифаи Урупо ҳамон ҷойгоҳ ва мақомеро дорад, ки масалан Ибни Сино дар миёни фалосифаи худамон. Кант эътиқоди росихе ба виҷдони ахлоқӣ дорад, ҳатто мӯътақид аст Худоро аз роҳи бурҳони ақлӣ намешавад собит кард, вале аз роҳи виҷдони ахлоқӣ мешавад собит кард. Худи ӯ ба Худо аз роҳи виҷдони ахлоқӣ эътиқод дорад. Шояд ҳеч файласуфе дар дунё ёфт нашавад, ки ба андозаи Кант барои виҷдони инсонӣ ҷойгоҳ қоил бошад. Мегӯянд, рӯйи қабраш ҷумлаеро, ки аз худи ӯст навиштаанд ва он ҷумлаи маъруфаш ин аст:

“Ду чиз аст, ки шигифтии инсонро бармеангезад: яке, осмони пурситорае, ки дар болои сари мо қарор дорад ва дигар, виҷдон ва замире, ки дар даруни мо қарор гирифтааст.”

Аз миёни осори Иммануил Кант, ду асар хеле муҳим аст: яке, “Нақди ақли маҳз” ва дигар, “Нақди ақли амалӣ”. Китоби аввал бештар дар бораи ақли назарӣ аст ва дуввумӣ дар бораи ақли амалӣ яъне ҳамон “боядҳо” ва ба истилоҳ, ахлоқиёт.

Кант мегӯяд: инсон баъзе чизҳоро дар виҷдони худаш ба сурати як таклиф ва як амру наҳй эҳсос мекунад. Ин ки зулм накун, ин ки дурӯғ нагӯ ва рост бигӯ, ин ки нисбат ба дигарон муҳаббат биварз, ин ки хиёнат накун, ин ки озодихоҳ бош ва ғайра, инҳо як силсила дастурҳоест, ки фитратан дар виҷдони инсон қарор дода шуда. Виҷдони инсон худаш ба инсон амр мекунад, мегӯяд: ин тавр бикун, он тавр накун.

Кант мегӯяд: инҳоро инсон ба сирфи итоат аз виҷдон анҷом медиҳад ва бидуни шарт. Кант рӯйи “бидуни шарт” хеле таъкид дорад, яъне инсон фақат ба ин далел анҷом медиҳад, ки қалбаш ба ӯ дастур медиҳад, дилаш ба ӯ фармон медиҳад, виҷдонаш фармон медиҳад ва ҳеч ғаразу фоидае надорад. Мегӯяд, чунин коре ахлоқӣ аст. Баръакси назари Бертран Рассел, ки мегуфт, инсон месанҷад ва мебинад, ки агар кори ахлоқие кунад, анҷоми онро ба фоида ва суди худаш мебинад. Аммо Кант мегӯяд, инсон ҳеч ғаразе аз анҷоми ин корҳо надорад. Ӯ мегӯяд: он вақт як феъл, феъли ахлоқӣ аст, ки шакли итоати маҳз аз виҷдонро дошта бошад бидуни он ки ҳеч шарте ва ҳеч ғояте дар назар гирифта шуда бошад, ба тавре, ки агар аз шахс бипурсанд: чаро ин корро мекунӣ? Бигӯяд: чун виҷдонам мегӯяд. Агар бигӯӣ, ин корро ман барои фалон ҳадафи дигар анҷом медиҳам, Кант мегӯяд, дигар ин кор ахлоқӣ нест.

Баррасии ин дидгоҳ

Пас, Кант меъёри феъли ахлоқиро анҷоми таклифи фитрӣ ва виҷдонӣ медонад, ба шарти ин ки бидуни шарт сурат бигирад. Ӯ қоил ба виҷдон ва илҳоми фитрӣ аст. Албатта ҳарфаш то андозае ҳарфи дурусте аст. Мо дар Қуръони Карим мехонем:

وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا. فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا

“Савганд ба нафс ва он, ки ӯро мӯътадил сохт ва ба ӯ шарру хайрашро илҳом кард.” (Сураи Шамс, оятҳои7 ва 8 )

Дар Қуръон ояте ҳаст, ки мефармояд:

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ

“Дар некӯкорӣ ва тақво бо якдигар ҳамкорӣ кунед ва дар гуноҳу ситам ҳамкорӣ накунед.” (Сураи Моида, ояти 2)

Аҳмад дар Муснади худ ривоят мекунад, саҳобие ба номи Вобисаи Асадӣ боре ба қасди донистани ин ки “бирру исм” (некӯкорӣ ва гуноҳ) чист, хидмати Расули Худо (с) расид. Қабл аз он ки Вобиса суолашро тарҳ кунад, ҳазрати Паёмбар (с) фармуданд: Вобиса! Оё бигӯям чаро омадаӣ? Омадаӣ, то аз ман бипурсӣ, ки “бирр” (некӯкорӣ) ва “исм” (гуноҳ) чист? Гуфт: бале, эй Расули Худо, иттифоқан барои ҳамин омадаам.

Ҳазрати Паёмбар (с) ду ангушташонро ба синаи Вобиса заданд ва фармуданд:

يَا وَابِصَةُ اسْتَفْتِ قَلْبَكَ، وَاسْتَفْتِ نَفْسَكَ… الْبِرُّ مَا اطْمَأَنَّتْ إِلَيْهِ النَّفْسُ، وَالْإِثْمُ مَا حَاكَ فِي النَّفْسِ وَتَرَدَّدَ فِي الصَّدْرِ، وَإِنْ أَفْتَاكَ النَّاسُ وَأَفْتَوْكَ

“Эй Вобиса! Инро аз қалбат истифто кун, яъне инро аз қалбат, аз виҷдонат бипурс…” Яъне Худованд ташхиси некӯкорӣ ва тақворо ва дар нуқтаи муқобил ташхиси гуноҳро дар фитрати инсон қарор дода ва масоили фитриро дигар лозим нест инсон биравад аз дигарӣ бипурсад, балки бояд аз қалб ва виҷдони худаш бипурсад. Ҷавобро аз ҳамин ҷо мегирад. Баъд фармуданд: “Бирр (некӯкорӣ) он чизе аст, ки дили одамӣ ва виҷдони одамӣ ба он ором бигирад ва итминон ёбад ва исм (гуноҳ) он чизе аст, ки дар ҷони одамӣ ором нагирад ва дар сина бетобӣ кунад, ҳарчанд мардум (ҷавози онро) ба ту ҳукм кунанд.” (Муснади Аҳмад, 29/533, Ашшомила)

Албатта, як эроди бисёр ҷузъӣ ба назари Иммануил Кант ворид аст, ки баъдан вақте дидгоҳи ҳукамои исломиро арз мекунам, ба он ишора хоҳам кард.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Qalamonline

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсондӯстӣ
Чаро барои Русия ва Амрико Тоҷикистон муҳим аст? – III

Матолиби пурбоздид