Интиқоди тунди Аврупо аз рафтори таҳқиромези Исроил бо ҳомиёни Фаластин
Ахбори байналмилал
Аврупо аз рафтори таҳқиромези Исроил бо ҳомиёни Фаластин интиқод кард
Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо рафтори Исроил бо фаъолони ҳомии Фаластин дар новгони ҷаҳонии “Ас-Сумуд”-ро ғайри қобили қабул хонд ва хостори ҳифзи каромати онҳо шуд.
Анвар ал-Ануни, сухангӯи Комиссияи Аврупо, дар шабакаи “X” навишт, ки бархӯрди мақомоти исроилӣ бо фаъолон дар наворе, ки аз ҷониби Итамар Бен-Гвир нашр шудааст, комилан ғайриқобили қабул мебошад.
Ӯ таъкид кард, ки бо боздоштшудагон бояд бо эҳтиром, ҳифзи амният ва тибқи қонунҳои байналмилалӣ муносибат шавад.
Ҳуҷа Лаҳбиб, комиссари баробарӣ ва мудирияти буҳрони Иттиҳоди Аврупо низ гуфт, ин афрод ҷинояткор нестанд, балки фаъолоне мебошанд, ки талош доштанд ба гуруснагон кумак расонанд. Ӯ афзуд, ки фаъолияти осоишта ва озодӣ аз ҳуқуқҳои асосии инсонист ва ҳеҷ кас набояд барои ҳимоят аз инсоният муҷозот шавад.
Новгони ҷаҳонии “Ас-Сумуд” рӯзи сешанбе эълон кард, ки Исроил ҳамаи 50 киштии ҳомили фаъолон ва кумакҳои башардӯстонаро мусодира кардааст.
Ин новгон аз 428 фаъол аз 44 кишвар ташкил шуда буд, ки аз шаҳри Мармариси Туркия ба роҳ афтода буданд. Пахши навори боздошти фаъолон аз ҷониби мақомоти исроилӣ бо вокуниш ва маҳкумияти густардаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд ва чанд кишвари ғарбӣ сафирони Исроилро эҳзор карданд.
Қаламонлайн













