Русия НАТО-ро ба унвони як ниҳоди байналмилал намешиносад

Русия НАТО-ро ба унвони як ниҳоди байналмилал намешиносад

Ахбори байналмилал

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, як мақоми давлатии Русия эълом намудааст, ки Русия НАТО-ро ба унвони як ниҳоди байналмилал эътироф намекунад.

Ин мақоми русӣ, ки номаш ифшо нашудааст, гуфтааст, Русия ба таври куллӣ, бо ҳузури намояндагони НАТО ба унвони як созмон, дар ҷомеаи байналмилал мухолиф аст.

Инчунин муовини Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев низ бо ҳушдор ба кишварҳои узви НАТО таҳдид намудааст, ки кишварҳое, ки ба Украина таҷҳизоти ҷангӣ ирсол мекунанд, метавонанд ҳадафҳое барои ҳамалоти машруи Русия қарор бигиранд.

Русия аз охири соли 2021, борҳо рушди НАТО ба самти шарқро ба унвони таҳдиде зидди амнияти миллии худ унвон карда ва густариши ин паймони низомиро сабаби аслии танишҳо дар минтақа донистааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тирандозии навҷавонон ба ҳамдигар дар Амрико
Ҳикояте аз Анушервони Одил

Матолиби пурбоздид