Инфиҷори густарда дар ҷануби Бейрут

Инфиҷори густарда дар ҷануби Бейрут

Ҳак шудан (шикаста шудан)-и дастгоҳҳои радиоҳои бесим ва инфиҷори онҳо

 11 шаҳид ва 2750 захмӣ

 Ахбори байналмилал

Манобеи хабарӣ аз шунида шудани садои инфиҷор дар наздики Маркази ҳазрати Зайнаб (р) дар зоҳияи ҷанубии Бейрут хабар доданд.

Ба гузориши Алъолам ва бо такя бар манобеи лубнонӣ, василаҳои иртиботии нерӯҳои Ҳизбуллоҳ дар теъдоде аз манотиқи Лубнон мунфаҷир шуд.

Як манбаи амниятӣ ба Алҷазира гуфт, ки инфиҷори системаҳои иртиботӣ дар Лубнон бархоста аз ҳак шудан (шикаста шудан) будааст.

Вазири беҳдошти Лубнон аз шаҳодати 11 нафар ва захмӣ шудани ҳудуди 2750 нафар дар инфиҷори дастгоҳҳои пейджер дар ин кишвар хабар дод.

Ҳизбуллоҳи Лубнон баёнияро дар бораи моҳият ва шакли инфиҷорҳо дар Лубнон содир кард ва аз таҳқиқоти худ дар бораи далели ин инфиҷорҳои ҳамзамон хабар дод.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳ Лубнон омадааст:

Ҳудуди соати 15:30 баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе теъдоде аз дастгоҳҳои дарёфти паёми пейджер, ки тавассути теъдоде аз коргарони воҳидҳо ва муассисоти мухталифи Ҳизбуллоҳ мавриди истифода қарор гирифта буд, ба шакли мубҳаме мунфаҷир шуданд ва тайи он як духтарбачча ва 2 писарбачча кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шуданд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми вазири хориҷаи Эрон пас аз тамос бо ҳамтои лубнонии худ
Пизишкиён: “Ҳодисаи теруристии Лубнон мояи шармсории ғарбиҳо ва омрикоиҳост”

Матолиби пурбоздид