Axios: Ҳамлаи расонаҳои исроилӣ ба Тромп ва тимаш ба далели тавофуқ бо Эрон

Axios: Ҳамлаи расонаҳои исроилӣ ба Тромп ва тимаш ба далели тавофуқ бо Эрон

Ахбори байналмилал

Ба гузориши Axios, расонаҳои вафодор ба Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил – ки аксари онҳо аз оғози давраи дуввуми раёсати ҷумҳурии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, аз ҳомиёни сарсахти ӯ будаанд – пас аз имзои ёддошти тафоҳум бо Эрон, ҳамалоти умумӣ алайҳи Тромп ва тимашро оғоз карданд.

Ин пойгоҳи хабарӣ хотирнишон кард, ки яке аз муҷриёни коноли 14, ки ба Натонёҳу наздик аст, Ҷ. Д. Вэнс, муовини раисиҷумҳури Омрикоро бо алфозе тавҳиномез хитоб кард ва ҳамчунин Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, фиристодагони Тромпро ба “яҳудситезӣ” муттаҳам кард ва муддаӣ шуд, ки онҳо “Исроилро барои манофеъи молии шахсӣ фурӯхтаанд”.

Дар муқобил, Тромп дар Иҷлоси Гурӯҳи 7, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд, таъйид кард, ки кишвараш аз равобити “олӣ” бо Исроил бархӯрдор аст. Ӯ дар ин Иҷлос аз Натонёҳу ба хотири ҳамкориаш дар тӯли ҷанг бо Эрон ташаккур кард, дар ҳоле ки ҳамзамон паёмҳои зимнӣ дар мавриди моҳияти ин робита ирсол мекард ва гуфт: “Биби марди хубест, ӯ гоҳе авқот каме аз кӯра дармеравад, аммо мо як ҳамкории олӣ дорем.”

Чанд рӯзи пеш аз он, Тромп ба Axios гуфта буд, ки Натонёҳу “аслан ақл надорад”, зеро ӯ дастури ҳамлае ба Бейрутро дода буд, ки тақрибан тавофуқро аз масири худ хориҷ кард.

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Моше Яалон: Бо идомаи ҷанг, Исроил боқӣ нахоҳад монд
Дастури Натонёҳу ва Катз барои таваққуфи амалиёт дар Лубнон

Матолиби пурбоздид