Инфиҷор дар Илоти Исроил
Як паҳподи яманӣ дар Илоти “Исроил” мунфаҷир шуд
Ахбори байналмилал
The Yeshiva World (расонаи исроилӣ)
Артиши режими саҳюнистӣ пас аз шунида шудани садои чанд инфиҷор дар минтақаи Илот, гуфт, як паҳподи яманӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ раҳгирӣ шуд.
The Yeshiva World (расонаи исроилӣ), имрӯз (сешанбе, 31 октябр) дар 25-умин рӯзи набарди «Тӯфон ал-Ақсо», аз ба садо даромадани ожири ҳушдор дар Илот аз бими нуфузи як фарванд паҳпод ба ин минтақа хабар дод.
Ба гуфтаи расонаҳои исроилӣ, артиши режими саҳюнистӣ гуфт: «Дақоиқе пеш як паҳподи интиҳориро, ки аз Яман ирсол шуда, пеш аз расидан ба Илот, сарнагун кардем».
Расонаҳои саҳюнистӣ гуфтанд, ки ин паҳпод, ки аз ҷониби баҳри Сурх омада, дар Илот воқеъ дар ҷанубитарин минтақаи “Исроил” раҳгирӣ ва бар фарози баҳри Сурх ва дар хориҷ аз осмони Илот соқит шудааст.
Пештар, Маҳдӣ ал-Машшот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, шомгоҳи якшанбеи пеш (29 октябр) зимни эъломи ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин гуфта буд: «Амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” тамоми чизҳоеро аз байн хоҳад бурд, ки Исроил ва Омрико эҷод карда буд. Аз ин рӯ дигар дар ҷаҳони араб, чизе ба номи Исроил вуҷуд нахоҳад дошт. Утоқи амалиётҳои муштараке вуҷуд дорад, ки барои муқобала бо ҳар гуна ҳамоқати режими саҳюнистӣ дар хусуси юриши заминӣ ба Ғазза, фаъолият мекунад».
The Yeshiva World (расонаи исроилӣ)
Қаламонлайн