Партоби мушакҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ба як шаҳраки исроилӣ

Партоби мушакҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ба як шаҳраки исроилӣ

Партоби 14 мушаки Ҳизбуллоҳи Лубнон ба як шаҳраки исроилӣ

Ахбори байналмилал

Farsnews

Нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идомаи ҳимоят аз мардуми Ғазза, як шаҳрак исроилӣ ва чанд мақарри низомиёни саҳюнистро дар манотиқи марзи Фаластини ишғолӣ ва Лубнон ҳадаф қарор доданд. Телавив ҳам ҷануби Лубнонро ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаӣ ва мушакӣ қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, шабакаи 12 режими саҳюнистӣ хабар дод, ки ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, 14 мушак ба самти шаҳраки исроилии Алманора шиллик кардааст.

Шабакаи хабарии Алъарабӣ дар навбати худ хабар дод, ки тонкҳои режими саҳюнистӣ шаҳракҳои минтақаи шарқӣ воқеъ дар ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор доданд.

Дар канори ин ҳамалот, ҷангандаҳои исроилӣ манотиқи Кафаркило, Мис ал-Ҷабал ва Анноқураро бомбборон карданд. Ин манотиқ дар ҷануби Лубнон воқеъ шудааст.

Нерӯҳои Ҳизбуллоҳ имрӯз ҳам дар идома ҳимоят аз мардуми Ғазза, мавозеъи низомиёни саҳюнистро дар манотиқи марзии Фаластин ишғолӣ ва Лубнон ҳадаф қарор доданд. Ҳамлаи нахуст ба мақарри Бирка Ришо буд, ки бо мушак сурат гирифт.

Ҳамлаи дуввуми Ҳизбуллоҳ, ба маҳалли истиқрори низомиёни саҳюнист дар дохили мақарри Алмоликия аст. Нерӯҳои муқовамати Лубнон ҳамчунин як гурӯҳ аз низомиёни исроилиро дар атрофи иртифоъи Аттиҳот ҳадаф қарор доданд. Ин ҳамалот ба сурати мушакӣ ва тӯпхонаӣ буд.

Нерӯҳои Ҳизбуллоҳ ҳамчунин як гурӯҳ аз низомиёни исроилиро дар Аттиҳот бо мушакҳои ҳидоятшаванда ҳадаф қарор доданд. Ҳамлаи баъдии Ҳизбуллоҳ ҳам ба ҷануби мақарри Бронит буд, ки бо мушак анҷом шуд.

Farsnews

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нишонаҳо ҳокӣ аз шикасти Исроил аст
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Муқовамат аз тавонмандии худ рӯнамоӣ кард

Матолиби пурбоздид