Инҳисори давлат тавассути Ашраф Ғанӣ – яке аз авомили суқути  Афғонистон

Таҳлили хабарӣ

Инҳисори давлат тавассути Ашраф Ғанӣ – яке аз авомили суқути  Афғонистон

Ахбори минтақа

Дар гузорише, ки аз тарафи Дафтари бозраси Амрико барои бозсозии Афғонистон мунташир шудааст, инҳисори давлат тавассути Ашраф Ғанӣ – раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, яке аз сабабҳои суқути давлати Афғонистон дониста шудааст.

Дар ин гузориш, набудани омодагӣ барои хуруҷи неруҳои амрикоӣ, тавофуқномаи Доҳа, исрори давлат бар идғоми Толибон, инҳисори қудрат аз сӯи Ғанӣ, худдории Толибон аз музокира ва фасод дар раҳбарии давлат, ба унвони  шаш омили умдаи суқути ҷумҳурият дар ин кишвар зикр шудааст.

Дафтари бозраси Амрико барои бозсозии Афғонистон – SIGAR, омили дигари суқути ҷумҳуриятро шеваи ҳукуматдории Ашраф Ғанӣ унвон кардааст. Ин гузориш таъкид мекунад, Ашраф Ғанӣ бо як доираи бисёр маҳдуд аз вафодорони худ ҳукумат мекард ва ин шева мудирияти давлатро дар як замони ҳассос бесубот кард. Фасоди густарда дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ, яке дигар аз авомили суқути ҷумҳурият шумурда шудааст. SIGAR мегӯяд тақаллуби давомдор дар интихобот ба далели рафтори ғоратгаронаи мақомот, давлати Афғонистонро тазъиф карда ва бо ташдиди мушкили машруият, нобудии ин давлатро сабаб гаштааст.

Бахши хабарии Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аз пандҳои Луқмони Ҳаким
Ансоруллоҳи Яман омодаи бастани Боб ал-Мандаб

Матолиби пурбоздид