Ироқчӣ: Ба Амрико эътимод надорем, музокирот метавонад фиреб бошад

Ироқчӣ: Ба Амрико эътимод надорем, музокирот метавонад фиреб бошад

Ахбори байналмилал

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ бо ишора ба таҷрибаҳои гузашта таъкид кардааст, ки Теҳрон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътимод надорад ва эҳтимол дорад, ки музокирот аз ҷониби Вашингтон ба унвони василаи фиреб истифода шавад.

Ба гуфтаи Ироқчӣ, рафтор ва сиёсатҳои дугонаи Амрико дар солҳои ахир нишон додааст, ки ин кишвар ба тааҳҳудоти худ пойбанд нест ва борҳо тавофуқоти бадастомадаро нақз кардааст. Ӯ афзудааст, ки чунин таҷрибаҳо сабаб шудаанд, то Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эҳтиёт ва шубҳа ба ҳар гуна музокирот бо Амрико назар кунад.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин таъкид намудааст, ки ҳар гуна гуфтугӯ бояд бар асоси эҳтироми мутақобил, баробарӣ ва таъмини манофеи миллӣ сурат гирад. Ба гуфтаи ӯ, агар музокирот ба василаи фишор, таҳдид ё фиреб табдил ёбад, Эрон ҳеҷ гоҳ онро қобили қабул намедонад.

Ироқчӣ дар поён зикр кардааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша аз музокироти воқеӣ ва одилона истиқбол мекунад, аммо танҳо дар сурате, ки тарафи муқобил бо нияти нек ва амалкарди содиқона вориди гуфтугӯ шавад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба мазмуни ашъори Ҳофиз
Моҳвора ва ҳушвора

Матолиби пурбоздид